Толеъномаи 10 ноябри соли 2026
Ҳамал
Имрӯз таваҷҷуҳи атрофиён ба шумо зиёд мешавад. Дар масъалаҳои оилавӣ эҳтимол баҳсҳои ночиз, бахусус дар мавриди хароҷоти пул ва тарбияи фарзандон, сар зананд. Дар кор бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мешавед, аммо бо муоширати дуруст метавонед ихтилофҳоро бартараф кунед. Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ ба ободонии хона диққат диҳед. Аз хӯрокҳои вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.
Савр
Эҳтимол шахсе бо таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд шуморо нороҳат созад. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳтиёткор бошед, ҳатто ишқбозии ночиз метавонад боиси ранҷиши ҳамсаратон гардад. Имрӯз барои мулоқот бо дӯстон ва пешбурди корҳои тиҷоратӣ рӯзи мусоид аст. Корҳои нотамомро ба анҷом расонед ва аз машғул шудан ба корҳое, ки хуб намедонед, худдорӣ кунед. Ба саломатӣ, бахусус пешгирии бемориҳои роҳи нафас, аҳамият диҳед.
Ҷавзо
Имрӯз бо шахси дӯстдоштаатон баҳсу мунозира накунед, ҳатто як нофаҳмии хурд метавонад муносибататонро сард созад. Эҳтимол корҳои рӯзгор ба фаъолияти касбиатон халал расонанд. Кӯшиш кунед, ки ин ду масъаларо аз ҳам ҷудо нигоҳ доред. Бо ҳамкорон муносибати хуб барқарор кунед ва ба ҳар кадом муносибати мувофиқ нишон диҳед. Имрӯз барои харидани туҳфа, техникаи маишӣ ва компютер вақти муносиб аст. Ба ғизои истеъмолкардаатон диққат диҳед.
Саратон
Имрӯз ба шахси наздикатон фаҳмондани хоҳишу ниятҳои худ каме душвор мешавад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки фикратонро ошкоро ва муфассал баён намоед. Эҳтимол барои ҳалли мушкили каси дигар саъй кунед. Аз кумаки атрофиён низ даст накашед. Роҳбарият метавонад заҳмати шуморо қадр карда, вазифаи баландтар пешниҳод намояд. Пешниҳодро танҳо дар сурати омодагӣ ба масъулияти бештар қабул кунед. Аз сармоягузорӣ худдорӣ намуда, барои оромии асаб аз сигор ва нӯшокиҳои кофеиндор камтар истифода баред.
Асад
Имрӯз бо шахси дӯстдоштаатон беҳтараш ошкоро суҳбат кунед. Вақти он расидааст, ки аз якрангии зиндагӣ берун омада, муҳити атрофро тағйир диҳед. Фурсати муносибро аз даст надиҳед, зеро метавонед ба мақсадҳои худ бирасед. Эҳтимол аз амалӣ нашудани баъзе интизориҳо рӯҳафтода шавед, аммо худро беҳуда азоб надиҳед. Бештар об нӯшед ва аз шириниҳо худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли пайдо шудани аллергия вуҷуд дорад.
Сунбула
Агар муносибататон бо шахси дӯстдошта каме сард шуда бошад, ин маънои онро надорад, ки ҳама чиз ба охир расидааст. Баъзан каме фосила гирифтан ба беҳтар шудани муносибат мусоидат мекунад. Барои ҷуфтҳои оиладор фурсати хубе фаро мерасад, ки метавонанд мисли рӯзҳои аввали зиндагии муштарак аз муҳаббат баҳра баранд. Аз одамони хушомадгӯ эҳтиёт шавед, шояд аз меҳрубонии шумо ба манфиати худ истифода баранд. Дар масъалаҳои молиявӣ ба таҷрибаи худ такя кунед. Ба ғизои солим рӯ оварда, аз машрубот худдорӣ намоед.
Мизон
Имрӯз шояд дар муносибатҳои ошиқонаатон дудилаву нобовар шавед. Беасос гумонбар шудан ба шахси дӯстдошта метавонад оромии шуморо халалдор созад. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосоти худ дода нашавед. Дар корҳои касбӣ бошад, мушкилоти пешомадаро бомуваффақият ҳал карда, ба пешрафт ноил мешавед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед ва ҳангоми харид маблағи пешбиникардаатонро ба назар гиред. Имрӯз барои бахшидани хафагиҳо ва аз нав оғоз кардани корҳо рӯзи хуб аст.
Ақраб
Имрӯз барои худшиносӣ ва рафъи дудилагӣ рӯзи мусоид аст. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳсосоти худро пинҳон накунед, бепарвоӣ метавонад байни шумо ва ҳамсаратон сардӣ ба вуҷуд орад. Ба суханони шахси дӯстдоштаатон бодиққат гӯш диҳед ва бо хирад рафтор кунед. Рӯз барои омӯзиш ва аз худ кардани донишҳои нав мувофиқ аст. Эҳтимол баъзе нақшаҳои кориатон бо сабабҳои ба шумо вобастанабуда амалӣ нашаванд. Нагузоред, ки ташвишҳои рӯзмарра хоби шуморо халалдор созанд.
Қавс
Имрӯз метавонед таваҷҷуҳи шахсеро ба худ ҷалб намоед. Агар муҷаррад бошед, эҳтимол шиносоии наве пайдо кунед, ки метавонад ба муносибати кӯтоҳмуддат табдил ёбад. Дар назди одамони ношинос дар бораи ҳаёти шахсии худ зиёд ҳарф назанед, то мавриди ғайбат қарор нагиред. Дар ҷои кор аз якравӣ худдорӣ кунед, зеро ин метавонад боиси баҳс бо ҳамкорон ё роҳбарият гардад. Имрӯз барои анҷом додани корҳои нотамом ва беҳтар кардани вазъи молиявӣ мусоид аст. Чашмонатонро аз хастагӣ эҳтиёт кунед.
Ҷаддӣ
Муҳаббататон метавонад ҳама мушкилиҳоро паси сар кунад, аммо рашк эҳтимол садди роҳи муносибататон гардад. Агар оиладор бошед, барои истироҳати муштарак нақша кашед, зеро ин ба гарм шудани муносибатҳо мусоидат мекунад. Дар кор аз усулҳои нав ва технологияҳои муосир истифода баред. Эҳтимол баъзе намояндагони ин мучал ногаҳон маблағи иловагӣ ё туҳфаи арзишманд ба даст оранд. Вазъи саломатӣ хуб аст, аммо эҳтиёткориро фаромӯш накунед.
Далв
Агар аз муносибат бо шахси наздикатон норозӣ бошед, мушкилотро бо ӯ оромона муҳокима кунед ва нагузоред, ки суҳбат ба ҷанҷол табдил ёбад. Омадани дӯстон ё гирифтани туҳфа аз шахси бароятон азиз метавонад табъатонро болида созад. Дар кор эҳтиёткор бошед, махсусан агар касбатон хатарнок бошад, зеро эҳтимоли осеб дидан вуҷуд дорад. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад, вале хароҷот низ меафзояд. Барои истироҳат вақт ҷудо кунед ва неруи худро барқарор намоед.
Ҳут (Моҳӣ)
Имрӯз хоҳиши фароғат ва вақтхушӣ дар байни атрофиён зиёд мешавад. Дар ҳаёти шахсии шумо низ эҳтимол ҳодисаи ғайричашмдошти хуше рух диҳад. Барои суҳбат бо наздикон вақт хоҳед ёфт, аммо шояд бештар мехоҳед бо фикру андешаҳои худ танҳо бошед. Бо ҳамкорон баҳсу мунозира накунед, то муносибатҳоро вайрон насозед. Ба ҷойи ин, ба иҷрои вазифаҳои худ машғул шавед. Эҳтимол аз ҳисоби кори иловагӣ манбаи нави даромад пайдо кунед. Шомро бо наздикон гузаронед ва ба саломатии худ аҳамият диҳед.