Қиссаи ишқи падару модари Нозияи Кароматулло
126

Нозияи Кароматулло - сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик ва духтари ҳунарманди номвар Кароматуллоҳи Қурбон таърихи ошноӣ, оиладоршавии падару модарашро бори аввал ошкор кард.

Нозия дар барномаи “Парвоз” қиссаи ишқи падару модарашро чунин нақл кард: “Модарҷони ман аслан дар ҳамин Душанбе таваллуд шуда ба воя расидаанд. Падари ман дар Кӯлоб. Падарашон собиқ корманди милитсия буданд ҳар ҷо мекӯчониданд, аз ҷумла Кӯлоб, Данғара ва Душанбе. Модари ман дар факултаи шарқшиносӣ забони ҳиндӣ хондаанд. Вақте Падарҷонам сурудҳои ҳиндӣ мехонданд мераванд ба Донишгоҳи миллӣ барои кӯмак пурсидан аз ягон нафар донандаи забони ҳиндӣ Муаллим модарамро, ки донишҷӯ буданд, тавсия медиҳад ва мегӯяд, ки ин кас саводи баланд доранд, бо ин кас кор кунед. Ҳамин тавр онҳо ба ҳамдигар ошиқ шуда оиладор мешаванд” – мегӯяд Нозияи Кароматуллоҳ.

Ба гуфти Нозия падару модараш соли 1985 оиладор мешаванд ва соли 1986 Муҳаммадрафӣ таваллуд мешавад.

Нозияи мегӯяд, муҳити хонаводае, ки модараш ба воя расидааст, аҳли илм буданд, на ҳанарманд.

“Хонаи модарам ҳама олим буданд. Бобои ман, яъне падари модарам профессор буданд. Кабутов Мусофир Кабутович - олими маъруф буданд. Тағоҳорям ҳамин хел донишманд ҳастанд. 11 фарзанд буданд онҳо”.

Вале Нозия аз он ғамгин аст, ки ба ҷуз як хоҳари падараш дигар амакҳояш фавтидаанд.

“Маро эҳсоси ғамгинӣ фаро мегирад. Аз тарафи падарҷонам фақат як хоҳаракашон дар қайди ҳаёт ҳастанд. Онҳо 5 писар ва 2 нафар духтар буданд. Писарҳо ҳама рафтанд, як хоҳарашон ҳам. Фақат як хоҳарашон боқӣ монданд”,- гуфт Нозия.

Ёдовар мешавем, ки Нозияи Кароматулло яке аз маъруфтарин сарояндагони эстрадаи тоҷик мебошад. Ӯ соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм карда, баъдан дар Консерваторияи милии Тоҷикистон ва дар Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи вокал таҳсил кардааст. Нозия соли 2014 издивоҷ кард ва як духтар дорад.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД