ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
568

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Пеш аз он ки ба шахси дӯстдоштаатон ваъда медиҳед, ки муносибатро тағйир медиҳед, хуб андеша кунед. Имрӯз беҳтараш ором бошед ва эҳсосотро зери назорат гиред. Агар асабонӣ шавед, тозакунии хона ё оғӯши шахси дӯстдошта ба шумо оромӣ мебахшад. Дар корҳо ва тиҷорат муваффақ мешавед, агар бо одамон бофаҳмона муомила кунед. Рӯз барои оғози корҳои нав хуб аст. Шом нерӯи шумо зиёд мешавад.

Савр (20 апрел-20 май)

Агар худро табиӣ нишон диҳед, имкон дорад бо шахси хуб шинос шавед. Баъзеҳо бояд ҳақ будани худро исбот кунанд. Корҳои худро ба дӯши дигарон наандозед, вагарна обрӯи худро мерезонед. Агар дар хӯрдани ғизо маҳдудият ҷорӣ накунед, меъдаатон метавонад бемор шавад. Кӯшиш кунед, сари вақт хӯрок хӯред ва аз истеъмоли фастфуд худдорӣ намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз эҳтимол нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад. Рӯз пур аз идея ва рӯҳбаландист. Агар кӯмаки наздикон лозим шавад, онҳо дастгирӣ мекунанд. То ҳадди имкон худро ором нигоҳ доред, то ҷанҷол сар назанад. Масъалаҳои молиявӣ метавонанд каме душвор шаванд, вале муваққатиянд. Вақти хубест барои истироҳат ё сафар.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар танҳо бошед, имрӯз шанси хуби шиносоӣ доред. Хиҷолат накашед, шояд ин шиносоӣ ба муҳаббати ҷиддӣ мубаддал гардад. Калонсолон мехоҳанд ба корҳои шахсии шумо дахолат кунанд, беҳтараш бо оромӣ суҳбатро ба дигар мавзуъ гузаронед. Имрӯз ҳама корҳоятон барор мегиранд, агар вақтро беҳуда нагузаронед. Аз бозӣ бо пул ё шартгузорӣ худдорӣ намоед. Ба ҳолатҳои хуши зиндагӣ диққат диҳед ва барои хурсандии худ вақт ҷудо кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз муваффақият бо заҳмат ба даст меояд, на бо осонӣ. Барои ҳар натиҷа кӯшиш лозим аст. Хешовандонро ба хона даъват кунед ё якҷоя саёҳат кунед, ин рӯҳатонро болида месозад. Рӯз фаъол ва эҷодкорона мегузарад, шумо метавонед истеъдодҳои худро нишон диҳед. Метавонед хариди калон ё хурд анҷом диҳед. Агар парҳези солим оғоз кунед, натиҷаашро зуд мебинед. Ба фарзандон ва дӯстон таваҷҷуҳ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ҷустуҷӯи муҳаббат дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия дода намешавад, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Нимаи дуюми рӯзро ба худ бахшед: сайр кунед ё ба кошонаи ҳусн равед. Имрӯз бахт бо шумост, эҳтимол пешниҳоди хуби корӣ ё даромади пулӣ гиред. Об зиёдтар бинӯшед, то саломатӣ хуб монад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат бахт бо шумост, шояд муносибати нав оғоз шавад. Шояд бо ҳамсояҳо ё шиносон кори муштарак пайдо кунед. Эҳтимол дорад, ки ногаҳон корҳои изофӣ анҷом диҳед. Агар лозим шавад, аз хешу дӯстон кумак пурсед, вале аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Барои оромии рӯҳ бештар ба ҳавои тоза бароед ва сайр кунед, ин ба саломатӣ ва эҳсосотатон фоида меорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз бо ҳамсояҳо ва фарзандон бо сабру тамкин муносибат кунед. Дар кор эҳтимоли ҳасад ё нофаҳмӣ аз ҷониби ҳамкорон вуҷуд дорад, аммо ором бошед, ин зуд мегузарад. Аз ҷароҳатҳои майда эҳтиёт шавед. Ба саломатии гурда диққати бештар зоҳзир намоед. Хусусан агар гурдаатон санг дошта бошад, аз пайи табобат шавед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Гузаштаро фаромӯш кунед ва хатоҳои кӯҳнаро ба хотир наоред. Бо шахси дӯстдошта оромона муносибат кунед, то сулҳу муҳаббат дар хонаатон пойдор монад. Дар ҷои кор вазъ беҳтар мешавад, аммо эҳтимоли камбудии пул вуҷуд дорад, аз ин рӯ хароҷоти зиёд накунед. Барои барқарор кардани нерӯ ба кори дӯстдошта машғул шавед ё каме истироҳат кунед. Хоби рӯзона ба шумо фоида мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар муҳаббататон беҷавоб монад, гиря гоҳе ба инсон сабукӣ мебахшад. Ба корҳои муҳим ташаббус нишон диҳед. Агар оиладор бошед, ба наздикон диққат диҳед. Имрӯз метавонед мушкилоти кӯҳнаро ҳал кунед. Мумкин аст қарз ё пуле ба дасти шумо расад, вале онро зуд сарф накунед. Аз нишастҳои тӯлонӣ ва стресс эҳтиёт шавед, то саломатӣ зарар набинад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз вақти хубест барои изҳори муҳаббат, бе таъхир ва бе тарс ба дӯстдоштаатон аз эҳсосоти худ бигӯед. Дар оила оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Дар кор агар истеъдодатонро нишон диҳед, натиҷа хуб мешавад. Шояд ёрии моддӣ гиред ё орзуи кӯҳна амалӣ гардад. Барои пешгирии андӯҳ, бештар бо одамон суҳбат кунед ё худро ба кор машғул доред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар баҳогузории вазъият эҳсосотатон зиёд аст, бинобар ин қарорҳои муҳимро ба таъхир андозед. Ба худ вақт диҳед. Сабру меҳнататон натиҷа меорад. Нимаи дуюми рӯз барои шумо пурбаракат хоҳад буд. Барои қувват гирифтани ҷисм ба варзиш машғул шавед, ҳатто машқи кӯтоҳ рӯҳатонро баланд мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД