Ҷйоти Амге аз Ҳиндустон, ки ҳамчун қадпасттарин зани ҷаҳон шинохта мешавад, 31-солагии худро бо дастоварди нав ҷашн гирифт. Ӯ ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун соҳиби хурдтарин кафи даст дар миёни занон ворид гардид.
Андозаи кафи дасти чапи Ҷйоти ҳамагӣ 7,1 сантиметр ва кафи дасти росташ 7,2 сантиметрро ташкил медиҳад. Намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес мегӯянд, дастҳои ӯ ҳатто аз баландии як банкаи одии Coca-Cola ё тӯби бейсбол хурдтаранд. Аз ҳамин сабаб, ашёи маъмулӣ дар кафи дастони ӯ хеле бузург менамоянд.
Ҷйоти бори аввал соли 2009 ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун қадпасттарин духтари наврас ворид шуда буд. Он вақт қадди ӯ ҳамагӣ 61,95 сантиметр буд. Ӯ ба бемории ирсии хондродистрофия гирифтор аст, ки рушди бофтаҳои тағоякро суст мекунад. Ба ҳамин хотир, аз айёми наврасӣ то имрӯз қадаш қариб тағйир наёфта, ҳоло 62,8 сантиметрро ташкил медиҳад.