Тавре ки чанд лаҳза қабл шоҳидони ҳодиса аз шаҳри Норак ба хабарнигори сомонаи Оила тч хабар доданд, дирӯз тахминан соатҳои 3-4 дар деҳаи Сари гузари Норак, ронандаи автомашинаи тамғаи Оpel astra аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, ба мошини тамғаи Мercedes w210 бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронанда ва мусофирони Мercedes w210 ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта,айни замон дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд, ронанда ва се мусофирони Оpel бошанд, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдаанд.
Дар шумули қурбониёни ин садамаи хунин Гулрухсор ном духтараке низ будааст, ки шоми имрӯз бояд тӯйи арӯсиаш барпо мегашт.
Ин арӯсаки ноком ҳамроҳи модараш барои харидани ҷиҳози арӯсӣ ва фатта ба бозор рафта буд. Очаву духтар бо орзуву умедҳои зиёд тамоми лавозимоти тӯёнаро харида, таксӣ киро мекунанд, то ки зудтар ба манзили худ расида, қудоҳоро, ки мебоист бегоҳ домодро барои никоҳ кардан ба хонаи волидони арӯс меоварданд, пешвоз бигиранд.
Бадбахтона, ин сафар барои Гулрухсори арӯсак сафари охирин гашта, дар роҳ мошине, ки ӯ ва модараш дар он нишаста буданд, дучори садама гашт. Гулрухсори 21-сола дар хуни худ ғарқ гашта, дар ҷойи ҳодиса бо дили пурормон ҷони ширинашро ба ҷонофарин супурд, модараш бошад, бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон дар ҳолати кома қарор дорад.
Шоми имрӯз бояд маҳфили арӯсии Гулрухсор барпо мегашт, аммо тӯй ба мотаму ҷаноза табдил ёфт. Ҳамсояҳо, хешу табор ва ёру дӯстони хонавода ба ин арӯсаки номурод ба ҷойи пероҳани сафеди арӯсӣ кафан пӯшонда, тобути арӯси гулгункафанро бо нолаҳои ҷигарсӯз ба водии хомӯшон гусел намуданд.
Ҷасади ин арӯсаки ноком имрӯз, соати 10.00 дар рӯзи тӯяш, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
Дуо мекунем,ки Худованд ҷойи ин арӯси аз бахт бенасибро дар биҳишти ҷовидон муқаррар намуда, ба дигар зарардидагони ин садама шифои комил ато намояд.