Formula september
ГУЛХУМОР РАҶАБОВА: УСТУХОНҲОИ ДУХТАРАМРО БАЪДИ 5 МОҲ ЁФТАНД! (видео)
41874
ГУЛХУМОР РАҶАБОВА: УСТУХОНҲОИ ДУХТАРАМРО БАЪДИ 5 МОҲ ЁФТАНД! (видео)

 Ин модари зор сокини деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб Гулхумор Раҷабова мебошад, ки дар марги духтари гуларӯсаш хун мегиряд. Меҳрафрӯзи 19- сола рӯзи 4-уми апрели соли равон ҳамроҳи дугонаҳояш ба тамошои Боғи Айнии пойтахт рафта бо ҳамин бе ному нишон гашт. Модари хунҷигар муддати панҷ моҳ сарашро ба сад кӯю дар зада, бо чашми гирён духтари моҳпайкарашро ҷустуҷӯ менамуд.

Сомонаи Оила ба хотири кӯмак ба ин зани фарзандгумкарда барномаеро дар ин мавзуъ таҳия намуд. Мо умед доштем, ки Меҳрафрӯзи нозанин ба мисли Юсуфи гумгашта рӯзе аз дар даромада, кулбаи эҳзони модарро гулистон мекунад, аммо...

Бо паҳн гаштани хабари ҷигарсӯзи ёфт шудани ҷисми бе ҷони Меҳрафрӯзи ормонӣ охирин шӯълаи умед хомӯш гашт.

-Ин духтараки бегуноҳ ба кӣ бадӣ карда буд, ки чунин ҷазои бераҳмонаро нисбаташ раво диданд?

-Ҷасади Меҳрафрӯзро кай ва аз куҷо пайдо карданд?

-Қотили ин душизаи гулбадани тоҷик кист?

Бо мақсади изҳори тасаллияту ҳамдарди ба модари фарзандгумкарда ва посух гирифтан ба ин саволҳои бе ҷавоб мо роҳи Харангонро пеш гирифтем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД