Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ниятҳои чандинсола дубора ба хотир меоянд ва шумо метавонед барои иҷро карданашон як қадам наздик шавед. Дар касбу кор боэҳтиёт бошед, то иштибоҳ накунед. Бо наздикон муносибат беҳтар мешавад. Агар тақдир ба шумо имкони нави беҳтар сохтани зиндагиро пешниҳод кунад, онро аз даст надиҳед. Рӯзи орому бобарор дар пеш аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Рӯзи мувофиқ барои корҳои хона, ба тартиб овардан ва ба нақша гирифтани корҳои шахсӣ аст. Фикрҳои муфиде пайдо мешаванд, ки ба пешравиҳои нав мебаранд. Дар муносибатҳои дӯстона самимиятро бештар нишон диҳед. Маблағи ногаҳонӣ ё хабарҳои хушро интизор шавед. Ба саломатии худ диққат диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз метавонед бо одамони муҳим вохӯрӣ ё гуфтугӯи ҷолиб дошта бошед. Ҳарфи зиёд назада, бештар гӯш кунед, фоидааш зиёд мешавад. Дар коргоҳ имкони пешрафт пайдо мешавад. Дар оила оромӣ ҳукмрон аст. Шомгоҳ истироҳати сабук шуморо пур аз нерӯ мегардонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои корҳои банақшагирифта хеле хуб аст. Шумо эҳсос мекунед, ки қувваатон зиёд шудааст. Дар муҳити корӣ каме эҳтиёт кунед, баъзеҳо метавонанд рашк кунанд. Бо наздикон сӯҳбатҳои самимӣ маънои зиндагиро равшантар мекунанд. Хароҷоти зиёдатиро аз худ дур кунед. Вақти пулсарфкунӣ нест.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз қувваи ботинии шумо зиёд мешавад ва метавонед мушкилиҳоро осон ҳал кунед. Роҳбарият ё шахси муҳим метавонад ба шумо аҳамият диҳад. Дар муносибатҳои ошиқона каме мулоим бошед, то ҷудоиву баҳсҳо ба вуҷуд наоянд. Шомгоҳон барои хобу оромӣ хеле мувофиқ аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзест, ки аз шумо сабр талаб мекунад. Баъзе нақшаҳо суст пеш мераванд, вале ноумед нашавед - натиҷааш хуб мешавад. Бо ҳамкорон муносибатро ором нигоҳ доред. Дар масъалаҳои молиявӣ қарорҳои шитобкорона надиҳед. Шомгоҳ хабар ё паёми хуш қабул мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар худ қувваи тоза эҳсос мекунед. Барои корҳои эҷодӣ ва мулоқотҳои ошиқона хеле мувофиқ аст. Дар муҳаббат самимият ва ростқавл будан натиҷаи хуб медиҳад. Агар аз касе ранҷида бошед, беҳтараш оштӣ кунед. Шомгоҳ гуворо анҷом меёбад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи пурнерӯ дар пеш аст. Шумо метавонед масъалаи душвореро, ки дер боз шуморо нороҳат мекард, ниҳоят ҳал кунед. Дар масоили молиявӣ эҳтиёт кунед. Дар ҷодаи муҳаббат самимият ва эҳсосоти амиқ зоҳир мешавад. Барои беҳдошти саломатӣ аз пурхӯрӣ ва хастагии зиёд худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯҳбаланду табъатон болида мешавад ва метавонед нақшаҳои калон созед. Шиносоии муфид ё имкони ба кори нав шурӯъ кардан пайдо мешавад. Бо наздикон вақти бештар мегузаронед. Агар чизеро тағйир доданӣ бошед, имрӯз рӯзи хуб аст. Шомгоҳ худро хушҳол эҳсос мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед корҳои нотамомро ба охир расонед. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкил ҳал мешавад. Бо аҳли оила муносибат гарм ва нофаҳмиҳо рафъ мегарданд. Аз асабонияти зиёд худдорӣ кунед ва вақти хобро зиёдтар ҷудо намоед. Ба овозаву ғайбатҳо гӯш надиҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи серкорӣ аст. Идеяҳои нав ба саратон меоянд ва метавонед онҳоро амалӣ кунед. Бо ҳамкорон забон ёфтанатон осон мешавад. Дар ҷодаи муҳаббат як сухани гарм вазъиятро беҳтар мекунад. Ба саломатӣ, махсусан ба истироҳат, аҳамияти бештар диҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз беҳтарин кор - оромона амал кардан аст. Аз баҳсҳои нолозим канорагирӣ кунед. Хабарҳои хуб метавонад рӯзро рангоранг созад. Дар оила гармӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёд мешавад. Худро аз доираи нафароне, ки боиси асабоният ва нороҳатиятон мегарданд, дур кунед.