Шаби 5 ба 6-уми июли соли равон дар ноҳияи Варзоб ҳодисаи даҳшатангезе ба вуқуъ пайваст, ки дар тасвириаш қалам оҷизӣ мекашад. Соҳибкори ҷавон Шӯҳрат Ғолибов ва ҷияни 14-солааш Исломиддин Шаҳидовро дар бӯстнсаройи “Милан” ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, табаркӯш намуданд ва ҷасадҳояшонро ба дарёи Варзоб партофтанд. Дар ин куштори ваҳшатангез як навраси 15-сола бо исми Алиҷон Ализода гумонбар дониста мешавад. Муддати шаш моҳ мешавад, ки ин бачаи ноболиғ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, вале натанҳо волидони Алиҷон, балки пайвандони кушташудагон ва адвокати эшон низ ба қотил будани ин кӯдак шубҳа доранд.
Рӯзи 16-уми декабр модари марҳум Шӯҳрат Ғолибов-Гулнисо Маҳмудова, модари Исломиддин- Моҳистон Нақибова, падару модари Алиҷон Ализода-Ботур Тағоев ва Шоҳбибӣ Мусофирова, ҳамчунин ҳимоятгари ҷабрдидагон Қимат Розиева ба идораи “Оила” ташриф оварданд. Инак, мо андешаҳои эшонро манзури шумо месозем. (Видео)