Дар ошӯбе, ки рӯзи 19-уми май дар зиндони шаҳри Ваҳдат сурат гирифт ва ташкилкунандагонаш ба иттилои мақомот Беҳрӯзи Гулмурод–писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло, Ҳасанов Рӯҳулло буданд, дар қатори дигар маҳбӯсон Сатторов Саидаҳмад маъруф бо лақаби “Шайх Темур” кушта шуд.
Аъзоёни гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ–майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовро бо корд ба қатл расонида, баъдан бо мақсади тарсондани маҳбӯсон 5 маҳбус, аз ҷумла Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидаҳмад (Шайх Темур)-ро дар пеши назари дигар маҳбӯсон ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Ёдрас мешавем, ки “Шайх Темур” худро пайғамбари охирзамон Имом Маҳдӣ мехонд ва ҳазорон-ҳазор одамон аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба зиёрату дастбӯсаш меомаданд. Шӯҳрати “шайх” дар байни мардум то ҳадде боло рафта буд, ки одамон дар наздаш ба зону зада таъзим мекарданд ва натанҳо даст, балки ҳатто чархҳои мошинашро мебӯсиданд.
Дар асл “Шайх Темур” кӣ буд: муллои мардумфиреб ё шайхи ҳақиқӣ?
Чаро одамон дастҳои ӯро мебӯсиданд?
Рост аст, ки баъзе падарон духтарҳои навраси худро ба “Шайх Темур” тӯҳфа мекарданд?
“Шайх” номи фарзандонашро намедонист?
Чаро “шайх” ба масҷид намерафт?
Инак, мо суҳбати Шайх Темурро манзури шумо мегардонем, ки ба ин саволҳо ҷавоб хоҳад гуфт. Ёдрас мешавем, ки ин охирин мусоҳибаи “Шайх Темур” бо журналистон буда, қабл аз ба ҳабс афтиданаш бо хабарнигори ҳафаномаи “Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Каромоти «Шайх Темур»
Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигорони “Тоҷикистон” бо Саид Маҳдӣ Сатторов баъд аз намоиши филми “Ривояти Шайх Темур”
-Шумо воқеан ҳам Шайх ҳастед?
-Не, ман шайх не, ман тоҷик ҳастам. Шайхҳо дар Арабистон мешаванд. Онҳо пулу моли зиёд доранд...Завод доранд, фабрика доранд...
-Аз они Шумо камтар аст?
-Бале...
Саволу ҷавоби мо бо Темур ё Саидмаҳдӣ Сатторов бо ҳамин суханон оғоз гардиданд. Пас аз намоиши филми “Ривояти Шайх Темур” аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хонандагони ҳафтанома занг зада, хоҳиш намуданд, ки дар бораи воқеияти “пайғамбарӣ” ва “Маҳдии охирзамон” будану “дуои мустаҷобшавандаи” ин шахс маълумот диҳем. Тавре мегӯянд, “сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” ва мо тасмим гирифтем, ки якҷо бо суратгири нашрия ба деҳаи Санги Мелаи ноҳияи Турсунзода, ба назди “шайх” равем...
Яке аз муридон ва ба гуфти худаш ҷияни “шайх Темур” -Эшони Фузайл моро ба ҳавлии ӯ роҳнамоӣ кард. Деҳае, ки ҳоло Темур (мувофиқи шиносномаи нав Саид Маҳдӣ) зиндагӣ дорад, дар баландие ҷойгир аст ва ба мо гуфтанд, ки макони аслии ӯ дар деҳаи хеле баландкӯҳи Пашми куҳна воқеъ аст ва он ҷое, ки мо рафта истодаем, макони зисти муваққаттии ӯст. Қаблан тариқи телефон ин мусоҳиба мувофиқа шуда буд ва “Шайх” моро дар рӯйи ҳавлии худ пешвоз гирифта, ба хонаи васее даъват намуд. Ҳарчанд хона сард буд, аммо дар бари эшон ҳамагӣ як ҷомаи тунук, ки (узр мехоҳам) ростӣ солҳо рӯйи собунро надидааст, ба назар мерасид, ки маро сахт ба ҳайрат гузошт. Ҳайрати ман пеш аз ҳама аз он, буд, ки наход як шахсе, ки имрӯз ҳамаи Тоҷикистон ӯро мешиносад ва қаблан ҳам чандин мухлису мурид дошту соҳиби мағоза ва заминҳои зиёд аст, бо чунин ҷомае, ки бо ду қуттӣ хокаи ҷомашӯӣ тоза намешавад, ба назди меҳмонон барояд? Баъд аз андаке андеша ба хулосае расидам, ки ӯ ё ба хотири он, ки “шайхи нодору камбағал будааст” гӯянд ва ё барои он ки дар ин ҷома нақши равғанолуди дастони муридонаш дар вақти доманбӯсӣ боқӣ мондаанд, ин корро мекунад. Вагарна, барои шахси намозхон қабл аз ҳама “ҷойи пок ва ҷомаи пок” фарз аст...
-Чӣ тавр шуд, ки Шумо, зодаи ноҳияи Ваҳдат ин минтақаро барои зист интихоб намудед? Ё моҷаро бо бародаратон ба ҳадде буд, ки шуморо маҷбур ба тарки зодгоҳ кард?
-Не, замоне падарам дар Пашми кӯҳна хонае доштаанд ва ман омада ин ҷоро обод кардаму зиндагиамро дар ҳамин ҷо идома додам. Ин соли 1989 буд. Аз занам (Худо раҳматаш кунад) хоҳиш кардам, ки ҳамроҳи ман ба ин ҷо биёяд, вале ӯ нахост ва фарзандонам ҳам аз оилаи аввалаам омадан нахостанд. Бо бародарам моҷаро ё ҷанҷоле накардаем. Баъд ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва ман ҳамин ҷо мондам. Худам хостам дар ин ҷо бошам...
-Пас, шояд баъд аз озодӣ маҳрум шудан “дилмонда” шуда ба ин ҷо омадед?
-Ин маҳрумшавии ман аз озодӣ дар асоси аризаи як занам буд, ки ду зан байни худ моҷаро карданд ва маро яке аз онҳо ба суд дод. Баъд аз ҳардуяшон ҳам ҷудо шудам.
-Чун сухан аз занҳои шумо рафт, бори аввал дар ин ҷо кай оиладор шудед?
-Вақте ки дар қишлоқи боло будем (Пашми куҳна дар назар аст) бо иҷозати оилаам боз ба як нафар хонадор шудем, ки аз вай панҷ фарзанд дорем.
-Баъд чӣ?
-Баъд боз бо иҷозати ин оилаам ба як духтаре хонадор шудам, ки касали руҳӣ доштааст. Хонаро гарм карда натавонист, наистод, аз вай ҷудо шудам
-Аз ин оилаи бемории руҳӣ доштаатон фарзанд доштед?
-Бале. Ду духтар доштем...
-Чӣ хел шуд, ки хоҳари ҳамон занатонро боз ба писаратон додед?
-Не, ман додагӣ нестам. Шунидам, ки он занро гирифтааст. Баъд ӯро даъват карда гуфтам, ки инро ба ту кӣ дод? Гуфт, ки падараш, тағояш ва дигар хешонаш додаанд. Аммо ин ҳам бемори руҳӣ будааст...
-Гуфтанд, ки миқдори умумии фарзандони шумо бист нафар будаанд. Оё ҳамаи онҳоро ном ба ном мешиносед?
-Бале, онҳо бист нафаранд. Аммо танҳо агар рӯ ба рӯ бинам, номҳояшон ба хотирам меояд...
-Акаи Саидмаҳдӣ, шумо ин номро танҳо баъд аз соли 2012 гирифтед, то ин замон номатон Темур будааст (ба аксҳо нигаред). Чаро якбора дар калонсолӣ, яъне баъд аз шастсолагӣ тарки Темур кардеду рӯ ба Маҳдӣ овардед? Ин ишора ба ҳамон Имом Маҳдист, ки бояд дар охири замон пайдо шавад?
(Тавре, ки Пайғамбар (с) гуфтаанд, Имом Маҳдӣ нафарест, ки қабл аз нузули Ҳазрати Исо –пайғамбари насрониён ба дунё меояд ва падару модари ӯ ҳамноми волидони Пайғамбаранду номи худаш ҳам Муҳаммад аст. Дар яке аз намозҳо дар Шом, ки ҳудуди имрӯзаи Сурияю Ироқ ва боз чанд кишвари арабиро дар бар мегирад, бо даъвати он кас имом мешавад. То ин замон танҳо дар худи Малайзия зиёда аз 30 нафар даъвои Маҳдӣ буданро кардаанд ва чунин даъвоҳо дар Эрон ва Арабистон ҳам арзи вуҷуд намуда буд. Шарҳи домулло Оятулло, ш. Душанбе)
-Не, ин тавр нест. Ҳанӯз дар бачагиам падарам ба ман ин номро гузошта будаанд. Аммо ин фаромӯш шуда буд. Баъдан ба ман барои номи Темур бисёриҳо интиқод карданд ва дар ҳар куҷо “Шайх Темур” мегуфтанд, ки ба худам ҳам маъқул набуд. Ман бо иваз кардани номам хостам, ки фарзандонам бо ҳамин ном насаби худро гиранд. Барои ҳамин ду сол пеш номамро дар шиноснома дигар кардам.
-Шояд, аммо чаро (наъузамбиллоҳ!) номи пайғамбари охирзамонро ба худ гирифтаед? Охир “ло набию баъди” мегӯянд ку...
-Кӣ гуфт? Инро дигарон гуфтаанд, на ман...Пайғамбар дар китфашон муҳри нубувват доранд, ки мисли тухми кабк аст. Одамоне, ки ин ҷо меоянд, ҳама бесаводанд, аробакашанд ва онҳо намефаҳманду ҳар гапро мегӯянд...
-Пас чаро мардуме, ки ба шумо эътиқод доранд бо як садоқат балони мошини Шуморо мебӯсанд, оби таҳорататонро менӯшанд, ба пеши поятон пояндози чандметра мепартоянд? Магар Шумо садди роҳи онҳо нашудед? Ё ин наворҳо сохта аст?
-Не, ин наворҳо сохта нест. Ҳарчанд ман манъ кардам, вале онҳо кори худро мекунанд. Дастбӯсӣ туҳмат нест. Ман ҳатто як нафарашро вақте ки хост дастамро бӯсад, тела дода дастамро пас кашидам. Аммо ӯ аз тарс ба рӯйи замин афтид. Худам тарсидам, ки боз ба вай ягон кору ҳоле нашавад...
-Шумо ба қавле, пири онҳо ҳастед ва хуб медонед, ки ягон инсон лоиқи парастиш нест ва ҳатто Пайғамбар (с) намегузоштанд, ки нисбати он кас чунин рафтор кунанд. Мегуфтанд, ки ман ҳам мисли шумо бандаи хокӣ ҳастам. Агар шумо ҳам манъ мекардед, шояд муридонатон ба гуфтаҳоятон итоат мекарданд?
-...?!
-Мардум пайравон ё муридони шуморо “саллакабудҳо”мегӯянд ва дар ин бора дар намоиши телевизионӣ ҳам сухан рафт. Ин рамзи чист? Чаро маҳз саллаи кабуд?
-Биёед гапи ҳақро гӯем. Салла ин суннати Пайғамбар (с) аст. Аммо ранги он ягон нақше надорад ва ман инро дар ягон китоб ҳам вонахӯрдаам. Қиблагоҳи мо ҳамин ранг салла дошт. Эшони Абдураҳмонҷон ва Домуллои Ҳисор ҳам ҳамин ранг салла доштанд...
- Аммо гап сари он ки ҳоло маҳз пайравони Шумо чунин ранг салла мебанданд...
-Маъқулашон шудааст. Ҳарчанд мегӯям, ки барои чӣ ин хел мекунед, набандед, боз мебанданд... Чӣ кор кунем?
-Аз рӯйи гуфтаҳо, шуморо шахсони баландпоя, яъне мансабдорони калон аз Душанбе, сармоядорону тоҷирони калон зиёрат карда, дуо мегирифтаанд?
-Бале, ба назди мо ҳар хел одамон зиёд меоянду ихлос карда, дуо мегиранд...
-Эшони Фузайл гуфтанд, ки Шумо корҳои зиёди савоб ҳам кардаед. Об гузарондаед, мактаб сохтаед... Агар дороӣ надошта бошед, даромаде надошта бошед, аз кадом ҳисоб ин корҳоро анҷом додед?
-Аз ҳисоби мардум. Онҳо маблағ медоданд, боз се говамро фурӯхтам, боғ дорам, мол дорам...
-Гуфтед, ки ҳавлие, ки мо ҳоло дар он ҷо бо Шумо суҳбат дорем, аз они худатон нест...
-Бале, инро як нафар, ки фарзанд надошт, ба мо туҳфа карду худаш вафот кард...
-Магар меросхӯр надошт?
-Дошт, ҷиянҳояш буданд. Аммо онҳо ҳам розӣ шуданд. Ман гоҳ-гоҳ ба инҷо меоям. Агар ягон ҷаноза ва ё ягон маъракае шавад, омада чанд рӯз ин ҷо меистам...
-Шумо медонед, ки савоби хондани намоз бо ҷамоат дар масҷид 27 маротиба аз танҳогузор болотар аст. Аммо мегӯянд, ки ба масҷид намеравед. Ин дуруст аст?
-Бале, ман ба масҷид намеравам...
-Ба намози ҷумъа ҳам?
-Не, шароит нест...Дар деҳаи боло як меҳмонхонача дорем, дар ҳамон ҷо мехонам...
-Худро аз пайравони равияи Нақшбандия меҳисобед?
-Бале, бобои эшонамон аз Бухоро, аз пайравони ин равия таълим гирифта будаанд.
-Чун ин равия чанд зина дорад ва зинаи охиринаш расидан ба Ҳақ аст, худро дар кадом дараҷаи он меҳисобед? Ба Ҳақ расидед?
- Не-е. Мо ҳанӯз дар дараҷаи аввалаш ҳастем ва ба онҳое, ки ба наздамон меоянд, вазифа медиҳем...
(Асосгузори Тариқати Нақшбандия Баҳовуддини Нақшбанд буда, пайравони он ба зуҳд ва зикри доимии Оллоҳ машғул мебошанд. Шарти асосии пайравӣ аз ин тариқат -ин доштани маълумоти комили (олии) динӣ аст. Дар ҳоле, ки шахс чунин маълумот надошта бошад, наметавонад худро пайрави ин тариқат эълон намояд ва ба дигарон вазифа ё супорише диҳад. Хавфи гумроҳ шудан мавҷуд аст. Танҳо баъд аз гирифтани маълумоти пурраи динӣ кас метавонад байъат кунад ва ба “пир” даст диҳад. Шарҳи домулло Оятулло)
-Дар навори телевизионие, ки дар боло ёдрас шудем, омадааст, ки мардум аз дуои Шумо тарсида, духтарашонро ба занӣ медодаанд. Ҳатто як муриди пирсолатон набераашро “тақдим” кардааст?
-Ин тақдир будааст. Онҳо худашон падару модар хешу табор доранд. Наход, ки ман ҳамин хел гуфта бошам? Ин кор бо ризоияти дутарафа мешавад...
-Шояд нагуфта бошед, аммо мардуми авом аз дуоятон тарсида, ин корро кардаанд.
-Не, ман дуо- пуо намекунам...
-Аксаран дар бораи чиллашинии Шумо мегӯянд ва боз мегӯянд, ки шумо байни худ ва нафаре, ки наздатон меояд, пардае кашида онро ҳамчун чиллашинӣ мегуфтаед. Магар шароити чиллашинӣ чунин аст?
-Не, дар мо шароити чиллашинӣ тавре, ки мефаҳманд, нест. Чилланишин бояд дар намози ҷамоат иштирок кунад, ба кӯча набарояд ва боз чанд шарти дигар. Мо чилла намешинем...
(Чилланишинӣ дар дини мо ҳаст. Аммо танҳо бо шарте, ки одамро аз намоз ва ҷамоат дур накунад ва он қоидаҳои махсуси худро дорад. Ин корро тавре бояд анҷом дод, ки инсони чилланишин аз дину имон дур нашавад. Таври маълум, кас, ки дар танҳоӣ менишинад, ба сараш андешаҳои ботили шайтонии зиёде меоянд ва хатари он аст, ки худро пайғамбару Имом Маҳдӣ эълон кунад. Дар ин бора дар китоби “Талбису -ул –иблис”, яъне “Илми шайтонӣ” гуфта шудааст. Шарҳи домулло Оятулло)
-Чун Шумо на дуо мехонед, на табобат мекунед ва на кори дигареро иҷро мекунед, чаро мардум ба назди Шумо бо дастовез меоянд? Мақсадашон чист?
-Бале, онҳо ба назди мо меоянд. Яке фарзандаш дардманд аст, дигаре худаш бемор аст ва боз ҳастанд онҳое, ки барои кушоиши корашон меоянд. Ҳар ки бо дарди худ...
-Пас, Шумо чӣ кор мекунед?
-Мо фақат дуо медиҳему маслиҳат. Ба яке мегӯем, ки рафта мазороти ватанашонро зиёрат карда табобат пурсанд, ба дигаре оби дам медиҳем ва ба сеюмӣ дуо...
-Ва онҳо мераванду шифо меёбанд?
-Намедонам...
“Шайх” Темур ҳар чӣ гуфт, мо онро бе ягон илова ба гуфтаҳои ӯ, аммо бо шарҳи дигарон рӯйи коғаз овардем...
( Амволи Шайх Темур дар минтақаҳои гуногуни водии Ҳисор:
Манзил бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода.
Манзили сеҳуҷрагӣ дар ш. Турсунзода
Магазин бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода
Манзили истиқоматӣ бо 10 сотих замин дар ҷ.д.Работи ш. Турсунзода
Манзили истиқоматӣ бо 12 сотих дар деҳаи Сангмелаи Муллои н. Шаҳринав.
Ҳафт гектар замин дар деҳаи Пашми куҳнаи н. Шаҳринав (иҷора)
Манзили истиқоматӣ бо 54 сотих замин дар н. Шаҳринав
Манзили истиқоматӣ дар н. Ҳисор
Манзили истиқоматӣ дар ш. Душанбе .Шарҳи мақомот)
Мусоҳиб: А. АҲМАДЗОДА
Аксбардор: Ш. САЪДУЛЛОЕВ
(Душанбе-Регар-Душанбе)
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон, соли 2015