arzon november
ХУШХАБАР: ТАБИБОНИ ЧИН ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРДАНД
45764

Табибони Чин доруи таъсиркунанда муқобили коронавирусро пайдо намуданд, - хабар медиҳад шабакаи телевизионии NHK.

Дар як озмоише, ки аз ҷониби Маркази миллии рушди биотехнология гузаронида шудааст, 320 нафар сироятшуда иштирок карданд. Баъди гузаштани чор рӯз натиҷаи ташхиси сироятшудагоне, ки ин доруро хӯрда буданд, мусбат баромад ва онҳо комилан сиҳат шуданд. Ба ин дору “Авиган” ном гузоштаанд.

Маркази миллии рушди биотехнологии Чин ин доруро барои табобати 320 нафари гирифтори коронавирус санҷиш намуданд ва натиҷа хурсандиовар баромад.

Ба гуфтаи табибони санҷишгар таби бемороне, ки “Авиган”-ро истеъмол намудаанд, давоми 2 - 2,5 рӯз мӯътадил шуданд. Инчунин, онҳо давоми 4 - 5 рӯз аз сулфа кардан низ халос шудаанд.

Тибқи омори охир то имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон беш аз 200 000 нафар гирифтори коронавирус мебошанд. Мутаассифона, зиёда аз 8 ҳазор нафар бар асари гирифторӣ ба он  вафот кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Баҳодур 2022-01-24, 10:37
Барои ман маъқул
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Баҳодур 2022-01-24, 10:37
Барои ман маъқул
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД