СОМОН ШЕРАЛӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Сомон Шералӣ, писари хурдии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ, 23 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Тибқи маълумоти наздикони марҳум, ӯ се рӯз пеш аз даргузашташ сактаи мағзӣ гирифта буд.
Сомон Шералӣ дар Институти таърих фаъолият мекард. Ӯ ба омӯзиши таърих ва бостоншиносӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамкоронаш ӯро ҳамчун шахсе ёд мекунанд, ки ба осори таърихӣ ва омӯзиши гузаштаи миллат таваҷҷуҳи хосса дошт.
Даргузашти ӯ талафоти гарон барои пайвандон, наздикон ва ҳамкоронаш мебошад.
Маросими хайрбод бо марҳум 24-уми ноябр, то нисфирӯзӣ, дар назди манзили истиқоматии ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Намози ҷаноза дар масҷиди марказии ба номи Имом Абӯҳанифа баргузор гардида, пайкари ӯ дар оромгоҳи «Навобод» ба хок супурда мешавад.
Ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барои ӯ раҳмату мағфират ва барои наздиконаш сабри ҷамил хоҳонем.