Arzon march 2024
12-духтари пахтачин дар садама ҷон бохтанд
02.02.2020
Р. Азимӣ
3357

 

Фоҷиае, ки 6-уми декабри соли 1960 дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор ба амал омада буд, тамоми сокинони ин шаҳрро ба риқат овард ва он рӯзи хунинро дар ноҳия рӯзи мотам барои мардуми меҳнаткашӣ Ҳисор эълон намуданд.

Рӯзи сар задани садама калонсолони деҳаи мазкур ин фоҷиаро бо номи "Қаҳрамонии дувоздаҳ духтари пахтачин" эълон намуданд. Аз ин ҳодиса 60- сол пур шуда бошад ҳам вале то кунун ин саннаро саннаи ёдбуди духтарони ғурамарг ҷашн мегиранд ва дар мактабу дабистонҳои шаҳр васфи марҳумаҳои аз сад гулашон ҳанӯз як гулдашон ношукуфта шеъру ғазалсароӣ намуда, сари марқадашон гулу гулдаста мебаранд.

Дар ин рузи гушношунид духтарони орзухайёл бо сад умеду орзу ба мошини боркашонии тамғаи Газ-53 нишаста ба саҳро барои чиддани пахта баромаданд , аммо дар роҳи Турсунзода Ҳисор мошини онҳо ба садама дучор шуда, боиси марги 9 духтарак гардид. Ҷасадҳои дар хоку хун олудаи духтарони ҷавонмаргшударо дар мазори деҳаи Тӯда паҳлӯи ҳам ба хок супурданд. Маҳз ба ин фоҷиа шоири забардаст
КЕНҶА КУКУЛИ ҲИСОРӢ хамчун марсия шеъре навишт, ки то ҳол хурду калони деҳа дар сари қабри марҳумаҳо онро мехонанду ба руҳи беобазгашти эшон даст ба дуо мебардоранд.

"Гуш кунед ёрон ҳикоят мекунам ман инчунин,
Ғарки хун дар роҳи мошин духтарони пахтачин.
Он дувоздаҳ тӯдачӣ гулдухтарони нозанин,
Гашта дар чанги аҷал мурғи ҷигарпора барин.
Пахтаҳо дар халтаву дар зери сар андар замин!
Карда парвоз он замон омад сайёди аҷал,
Он дувоздаҳ нозанин сарҳо бирафтанд дар бағал.
Ҳеч илоче ёфт нашуд дар қисмати рӯзи азал,
Дар миёни дустонаш буд Абубакр камбағал.

Духтари хушрую зебо дошт Ӯ Бурӣ Сафо,
Гашт дар чанги аҷал дар роҳи мошин мубтало.
Аз барои духтари худ Бурӣ мекард нолаҳо,
Мисли мурғи субҳхез фарёд мекард ҳар пагоҳ.

Духтари хушрую чаққон хоҳари Баҳром буд,
Дар миёни пахтачинон ҳамчу як меҳмон буд.
Аз барои кори колхоз доим дар майдон буд,
Вой дарего аз ҳахон ӯ ҳасрату ормон буд.

Аз барои духтараш туй сар бикард Сайидмурод,
Маслихатҳоро ҳама бар дӯстонаш гуфта дод.
Ошу нони туйро тайёр кард ӯ шод-шод,
Мурдаи фарзанди худро дида гашт ӯ номурод.

Духтари хуншори худро ёфт усто Тоҷиддин,
Бор карда духтарашро бурд ба духтур инчунин.
Ҳар замон бо нола мегуфт "Вой арӯси нозанин!",
Субҳдам овард арӯсашро супорид бар замин.

Духтари зебо Уғулой буд андар он замон,
Мушкмӯйю гармру монанди хуршеди ҷаҳон.
Қомати ҳамчун алиф боло чу сарви бӯстон,
Зор менолид ҳар дам Абдуллои паҳлавон.

Розия ҳамшира буд бар он Нуруллоҳи Сафо,
Дар базеби медурахшид чун ситора дар само.
Ҳар ду банди дасту гардан пур зи рангин муҳраҳо,
Инчунин ҳури биҳиштӣ рафт бар дори фано.

Дошт Аслони Нақим монанди гул як хоҳаре,
Буд бо шарму ҳаё ноёбу қиммат гавҳаре.
Аз барои ошиқаш буд беҳтарин як дилбаре,
Лек аз чанги аҷал гардид як мушти паре.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД