Arzon march 2024
Нархи мурдашӯй 100 доллар?!
8832

 

Ҳар он чи Худованд дар рӯи олам офаридааст, мурандааст. Одам ҳам, ки яке аз махлуқони худованд мебошад, чун паймонаи умраш пуру рӯзиаш канда шуд, аз олам чашм мепӯшад.

Аз чашм пӯшидан то ба манзили охирин-қабр марҳилаест, ки барои маит чандин чораҳо дида мешавад. Ба монанди давра гирифтан, тақсими молу мерос, ба об гирифтан, кафандӯзию кафанпӯшонӣ, ҷаноза ва қабрканию ба қабр мондан маит. Дар ҳамаи ин корҳо маблағ сарф мешавад. Ин маблағ чӣ қадар асту ба киҳо дода мешавад?

Сӯҳбати мо бо домулло Саидмухтор сари ҳамин мавзӯҳоят.

-Ҳамаи он маросимҳо ва хизматҳое, ки аз дами марг то ба хок рафтан ба майит карда мешавад, хизматона дорад. Ин хизматҳо меъёри муайян доранд? Агар дошта бошанд, аз майит чанд асту аз майита чанд?

-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим! Ба ҳама маълум аст, ки инсон мирандааст. Худованд хабар додааст, ки «Ман ҳаёту зиндагиро халқ кардаам ва шарбати маргро, ки инсонро ба даргоҳи охират мебарад, офаридаам».

Паёмбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) тавсияҳо додаанд, ки инсон бояд ба чашидани шароби марг ҳамеша омода бошад, яъне, маргро доим ёд кунад. Ҳазрати Муҳаммад гуфтаанд, ки зану мард илмро биомӯзанд. Махсусан, илми фароизро.

-Илми фароизро шарҳ медодед?

-Илми фароиз дар бораи масъалаҳои пас аз марг маълумот медиҳад. Вақте инсоне аз олам гузашт, мардумони бохабар аз фароиз ҷамъ гашта пеш аз ҳама аз такфину таҷҳизи майит маросими баъдимаргиро оғоз мекунанд. Масъалаи аввале, ки онҳо мебинанд, ин тайёр кардани кафан барои майит ё майита аст. Кафанвориро барои мард алоҳида мегиранду барои зан алоҳида. Барои мард се чодар фармудаанд, яъне дуто чодару якто курта, ки он беистин аст. Ду чодари дигарро дар курта печонида ба ҷаноза тайёр мекунанд. Барои одамоне, ки бо салла мегарданд, дар даруни кафан сони зиёдатӣ мемонанд.

-Ҳамчун рамзи салла?

-Бале.

-Барои занҳо чигуна кафанворӣ мегиранд?

-Чуноне гуфтем, кафани зан аз мардҳо фарқ мекунад. Барои зан 5 либос кафан мегиранд: 2 чодар, як курта, як чодар барои синабанд ва як рӯймол. Барои мард дар зарурат 2 чодар ҳам кифоя аст. Ҳамаи ин маросими кафангирӣ, ки ба охир расид, майитро мешӯянд.


Ситораи машҳури Амрикои Лотинӣ дар Рублёвка-минтақае, ки танҳо сарватмандон ва ситораҳои бурурги шоу-бизнеси Россия зиндагӣ мекунанд, бо нархи дандоншикан хона-қаср харидааст. Овозаҳои вирди номи ин ситораи синамо пайдошуда то куҷо ҳақиқат доранд?

 


-Шӯстани ҷасади марду зан аз ҳам фарқ мекунад ё не?

-Не фарқ надорад, ҳардуро як хел мешӯянд.

-Мурдаро бояд киҳо бишӯянд?

-Маитро пеш аз ҳама хешони наздик бояд бишӯянд. Падарро бояд писар шӯяду занро духтаронаш. Албатта, инсон беайб, бе камбудӣ намешавад. Бо мурда ҳар ҳолат рӯй доданаш мумкин. Аз ин рӯ ҳар айбе, ки дар бадани мурда пайдо мешавад, дар миёни худашон мемонад. Агар дар байни шӯяндаҳо ягон бегона бошад, баъдтар дар сари қаҳру ғазабу ҷангу ҷанҷол таъна заданашон мумкин, ки падарат ин хел нуқсон дошт, модарат он хел гуноҳ дошт ва ғайра.

-Агар наздикони майит чунин ҳунар надошта бошанд ё тарсанд?

-Дар чунин ҳолат дар назди масҷидҳо махсус одамон мурдашӯй ҳастанд, ҳам барои мардҳо ва ҳам барои занҳо. Онҳо айби майитро овоза намекунанд.

-Албатта, адои ин вазифа музде дорад?

-Дорад. Барои ризо шудани мурдашӯй ҳатман ҳаққи ӯро диҳанд.

-Хешу табор ҳам бошанд?

-Фарқ надорад. Ҳаққи мурдашӯй бояд ҳатман пардохт карда шавад, ғайр аз ин ба касоне, ки маитро мешӯяд, аз сарулибоси майит чизе дода мешавад.

-Мегӯянд, ки ҳаққи хизмати мурдашӯйҳо низ боло рафтааст ва ҳоло барои як маит ё маитаро шустан то 100 доллар талаб мекунанд..?

-Набояд чунин бошад. Аслан музди мурдашӯй андозаи муайян надорад. Дар ҳар маҳал онро ҳар хел адо мекунанд. Ин вобаста аст ба бою камбизоат будани аҳли оилаи майит.

-Акнун оиди кандани манзил каме маълумот диҳед?

-Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамчун гӯр чуқурие кофта болои онро бо чӯб маҳкам мекунанд. Боз ҷойҳое ҳаст, ки дар дохили чуқурӣ лаҳад мекобанд.

-Қабркобӣ чӣ таърихе дорад?

-Дар замонҳои ҳазрати Расулаллоҳ ду нафар қабркан буданд. Яке чуқурӣ, ки онро дар баъзе ҷойҳо долон мегӯянд, меканду дигаре лаҳадро. Аз Расулаллоҳ (с) пурсиданд, ки кадоме аз онҳо чуқуриро меканад? Расул (с) ҷавоб доданд, ки кадоме пештар ояд. Дар кандани гӯри ҳазрати Муҳаммад (с) аввал лаҳадкан меояд ва ӯ мувофиқи гуфтаи ҳазрат чуқурӣ меканад.

-Қабрро бояд кӣ канад: фарзандҳо ё шахсони махсус?

-Дар ҷойҳое, ки фақат чуқурӣ мекананд, қабркани махсус нест. Вақте дар маҳалла мурда шуд, мӯйсафедҳо, калонҳои деҳа ҷавононеро интихоб мекунанд, ки рафта чуқуриро кананд. Ягон нафар мӯйсафед ба онҳо роҳбарӣ мекунад. Онҳо музд талаб намекунанд. Аммо дар ҷойҳое, ки лаҳад кофта мешавад, махсус қарбканҳо ҳастанд, ки аз рӯи талаботи муайян қабр мекананд.

-Ҳар шахс лаҳад кофта наметавонад?

-Албатта наметавонад. Лаҳадкобӣ ҳам санъати махсус дорад. Лаҳадро ба қади мурда ва васеъ мекобанд.

-Қабрканҳо музди муайян доштагистанд?

-Бале, музди муайян доранд, ҳам нақдӣ ва ҳам молӣ.

-Барои кандани як қабр бояд чанд кас сафарбар шаванд?

-Дар ҳар ҷой ҳар хел аст. Ҷое ҳаст, ки хок мулоим асту ду нафар басанда аст. Аммо ҷоест, ки хоки сахт дорад. Дар ин хел ҷойҳо то 4 нафар ба қабрканӣ сафарбар мешаванду музди ҷудошуда ба он 4 нафар баробар тақсим карда мешавад.

-Чаро дар хонае, ки мурдаро мешӯянд, то 40 рӯз чароғ ё шамъ мегиронанд ва дар ин муддат дар он ҷо зиндагӣ намекунанд?

-Ин як одати хурофотии мардум аст. Ин талаботи шариат нест. Одам, ки аз дунё гузашт, се рӯз азо гирифта мешавад. Дар давоми се рӯз дар хонаи мурдашуда хӯрок намепазанд. Дар ин муддат ҳамсояҳо хӯрок пухта ба хонаи мотамдор меоранд. -Агар занро шавҳараш мурад, то 4 моҳу 10 рӯз он зан бояд худро зебу зиннат надиҳад. Ин мӯҳлат ба идда дохил мешавад. Вақте ин мӯҳлат гузашт, зан озод мешавад. Вай метавонад, ки худро оро дода, агар дилаш шавҳар хоҳад, шавҳар кунад. Баъзе одамон то чанд вақт либосҳои кабуд пӯшида мегарданд. Ин дуруст нест. Агар фарзанд, бародар, падару модар мурад, зан то 10 рӯз тарки зинат мекунаду тамом.

-Дар баъзе маҳалҳо то сол баромадан ҷомаи сиёҳ пӯшида мегарданд?

-Ин корашон дуруст нест. Мотам фақат се рӯз аст. Дар рӯзи сеюм як ҳалилов карда бо азо хайрбод мегӯянд. Либоси сиёҳ пӯшида як сол мотам гирифтан талаботи шариат нест.

-Сартахтаро ҳарчанд манъ карда бошанд ҳам, ин анъана ҳанӯз давом дорад?

-Сартахта нодуруст аст. Бигзор меҳмонҳоро ҳамсояҳо хӯрок диҳанд. Он ҳам фақат як рӯз.

-Аҳмад ном ҳамсояе доштем. Вай дар зинда буданаш чилу солу дигар маъракаҳояшро худаш дод. Магар ин дуруст аст?

-Ин кор шарт нест, аммо бо дасти худ хайр кардан хуб аст.

-Тарака кардан аз назари ислом чи гуна шарҳ дода шудааст?

-То моли майит тарака карда нашавад, аз он чизе сарф кардан раво нест. Аввал ҳамаи фарзандонро ҷамъ карда тарака мекунанду баъди он корҳои дигарро анҷом медиҳанд. Аммо дар мо бисёр вақт тарака карда намешавад ва як фарзанд ҳаққи ҳамаи фарзандони дигарро мехӯрад. Ин нодуруст аст.

-Агар фарзандони дигар ҳаққи худро ба фарзанде, ки падар ё модарро нигоҳбонӣ кардааст бахшанд-чӣ?

-Дар ин ҳолат тарака шарт нест.

-Се субҳи барвақт ба сари гӯри майит рафтан шарт аст? 

-Ин зарур аст. Пеш аз ҳама ба он хотир аст, ки ягон ҳайвон қабрро наканад.

-Дар баъзе маҳалҳо то се субҳ, дар баъзе ҷойҳо якчанд субҳи барвақт мардҳо сари хок рафта ба хона баргаштан баробар ба тамоми овоз дод зада ончунон гиря мекунанд, ки дар рӯзи марг чунин гиря накардаанд? 

-Расулаллоҳ (с) зиёрат кардани қабрҳоро тавсия додаанд, аммо дар сари хок ва ё дар хона нола кардан дуруст нест. Пайғамбар лаънат кардаанд онҳоеро, ки нола мекунанд. Ашк рехтан мумкин, аммо нола кардан манъ аст.

-Ташаккур барои сӯҳбати муфид!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД