arzon replenishment
Ранги чашм хислати мардро фош месозад
3933

 

Дар дунё кори аз ҳама мушкил ин одамшиносӣ аст. Марде, ки пештар ҳотамона бароят туҳфаҳои қиматбаҳо мехарид, баъди тӯй чунон хасис мешавад, ки пулашро тин ба тин ба ҳисоб мегирад, ошиқи шайдое, ки аз худ Маҷнун метарошид, аҳду паймони хешро фаромӯш карда, аз паси занону духтарони бегона давиданро сар мекунад ё муштзӯру дилозор мешавад...

Мегӯянд, ки барои чеҳраи аслии инсонро шинохтан ҳамроҳаш як пуд намак хӯрдан лозим аст, вале баъзе хислатҳои одамро аз чеҳрааш низ метавон ба осонӣ пай бурд, масалан, ранги чашми мард бисёр сирру асрори соҳибашро мекушояд.

Чашмони қаҳваранг

Мардҳое, ки чашмони қаҳваранги равшан доранд, бисёр шӯх ва табиатан ҷаззобу дилкаш ҳастанд. Эҳсосоти баланд дорад, зуд ошиқ мешавад, вале барои дупала гап дилаш аз зан мемонад. Худпараст аст, худашро дӯст медорад ва эрка мекунад. Ба чунин мард андак хушомад занед, волаву шайдоятон мегардад, лекин ишқаш дер давом намекунад.

Чашмони мешӣ

Мардњои чашмонашон мешӣ одатан баъди 35 солагӣ «мешукуфанд». Онњо то ин синну сол дар ҷустуҷӯи бахти худ сарсону саргардон шуда, бонувони зиёдеро меозмоянд. Зоҳиран чунин менамояд, ки тӯй наздик аст, вале мард боз дудила шуда, ба ҷустуҷӯи маликаи нави орзуҳои дилаш шуруъ мекунад. Ин тоифаи мардҳо танҳо баъди 35- солагӣ ба камол расида, ба муҳаббати асил қодир мегарданд.

Чашмони осмонї

Мардҳои ранги чашмашон осмонӣ баръакс то 40 солагӣ «мељўшанд»-у баъдан ошиқи телевизор ё ягон бозии дигар мешаванд. Дар давраи нашъунамои умрашон бо мардони чашмонашон обӣ бо эҳтиёт муносибат кардан лозим аст. Дили марди чашмони оби доштаро ба даст овардан хоҳед, ҳар қадаре, ки метавонед, ӯро таъриф кунед. Ҳамеша ақли расо, қаду қомати зебо ва либоспӯшии шоҳонаи ин мардро ситоиш намуда, шумо ба маликаи дили ӯ табдил меёбед.

Чашмони хокистарранг

Чашмони хокистарӣ моли мардони ҷасур, боҷуръат, ташаббускор ва пурзӯр аст. Ин мард то даме, ки барояш љолиб њастед, мисли кӯҳ дар паси шонаҳои бузургаш шуморо аз тамоми барфу боронҳои қисмат муҳофизат менамояд. Дар симои марди чашмонаш хокистарранг шумо пуштибони қавӣ ва такягоҳи боэътимод меёбед, ба шарте, ки калиди дилашро ба даст оварда тавонед. Дар акси ҳол, ӯ шуморо бераҳмона дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошта, роҳашро идома медињад. Одатан танҳо баъди 50- солагӣ ин тоифаи мардҳо ба қадри оила ва муҳаббати асил расида, зани вафодор, ҷиддӣ ва боэътимод меҷўянд.

Марди чашмкабуд

Мардони чашмкабуд амсоли регҳои пошхўранда хатарноканд. Зоҳиран ба назар орзупарвар, мењрубон ва дилсоф менамоянд, вале дар асл дурўяву фиребгаранд. Ин тоифаи мардҳо чизи барояшон писандро бо кадом роҳе, ки набошад, ба даст меоранд, вале чизеро, ки ба дилашон задааст, бе дудилагӣ мепартоянд. Аҷибаш он аст, ки бонувон барои ин амалашон аз мардҳои чашмкабуд намеранҷанд.

Асрори чашмони сабз

Мардони сабзчашм дар љавонї нињоят зебо ва дилкаш ҳастанд. Марди чашмони сабзи баҳорӣ дошта ситораи дурахшонеро мемонад, ки дар шаби ялдо нурпошӣ намуда, роҳи ҳазорон-ҳазор толибони нур, яъне хонумҳоро равшан мекунад. Духтарбоз аст, вале ба қадри муҳаббати асил мерасад. Марди чашмсабз, агар дар ҳақиқат ошиқ шавад, барои зани дӯстдоштааш ба ҳама гуна корнамоӣ қодир аст. Ин тоифаи мардҳо бо сабаби булҳавасиашон дар зиндагӣ бисёр пешпо мехӯранд. Дар синни баркамолї марди чашмсабз нисбатан ҷиддӣ ва мулоҳизакор шуда, зани бовафо ва ба пастию баландиҳои зиндагӣ тобовар меҷӯяд.

Рози чашмони сиёҳ

Чашмони сиёҳ аз майлу рағбати зиёди шаҳвонӣ ва эҳсоси бузурги чизпарастӣ доштани мард дарак медиҳанд. Мардони чашмонашон сип-сиёҳ худро дар зиндагӣ шоҳ тасаввур карда, кўшиши ҳамеша дар ҳама кор ғолиб омадан, ҷазо додан ва болои дигарон ҳукмронӣ карданро менамоянд. Бо марди чашмсиёҳ зери як бом зистану дар як болин сар мондан бисёр душвор аст, зеро шумо бояд тамоми нозу нузи ин мардро бардоред. Зани марди чашмсиёҳ шудан як бартарии калон низ дорад. Ин мард баъди ба мақсади худ расидан, ҳамчун молики асил моли шахсиаш, яъне занашро ҳамаҷониба муҳофизат мекунад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД