sebiston july new
Чаро баъди таваллудкунӣ зан мубоширатро намехоҳад?
17688


Чаро баъди таваллудкунӣ зан мубоширатро намехоҳад? Ин суол ҳам мард ва ҳам занро ташвиш медиҳад.

 

Ба таҳлука афтода, гумон накунед, ки рағбати зан батамом гум шудааст. Барои ором шудан бояд сабабҳои сардшавии рағбати занро муайян намуд.
Ҳангоми мубошират бо сабаби осеб ёфтани узвҳои ҷинсии занона зан азоб мекашад. Ин ҳолат бо мурури вақт мегузарад.
Таваллуди фарзанд ва нигоҳубини тифли навзод занро ҷисману рўҳан хаста месозад, аз ин лиҳоз дар ин бора фикр ҳам намекунад. Тавре модарони ҷавон мегўянд, рўзҳои аввал танҳо хоб рафтан мехоҳанд. Шавҳар бояд ҳолати занро фаҳмида як қисми кори хонаро бар дўши худ бигирад. Он гоҳ аз ҷиҳати равонӣ зан зудтар ба худ меояд.
Баъди ба худ омаданаш мушкили дигар пеш меояд-зан гумон мекунад, ки ҷисмаш ғаши мардро меорад, аз ин лиҳоз дастгирии шавҳар хеле зарур аст. Ҳамсаратонро бештар меҳрубонӣ намуда, ҳусну ҷамолашро васф намоед, то ки эътимдаш ба зебоии худ афзун гашта, зудтар ҷисман ва рӯҳан барқарор шавад.


Ту аз пайи корат рафтан гир, ман аз келини ҳамсоя хоҳиш мекунам, ки Ҷавлонро ба духтур барад.


Зан то замони ҳомиладорӣ бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда бошад, ҷисмаш ба зудӣ шакли пештараро мегирад, дар акси ҳол 3-4 моҳ барои мисли пештара дилкашу зебо шудан бояд талош варзад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД