Arzon march 2024
Модари Сарвинози Юсуфӣ бемор аст (Видео)
06.06.2019
Р. Азимӣ
2597

 

Маъмулан, баъди рамазон тӯйҳо зиёд шуда, ба қавле корди ҳофизон болои равған мешавад, аммо аз пушти ҳунар нон хӯрдан ҳам чандон кори осон нест.

Аз як тараф моҷароҳои кӯчаке, ки дар тӯйҳо рӯй медиҳанд, аз ҷониби дигар ташвишҳои хонаводагӣ аҳли ҳунарро бисёр асабонӣ ва хаста месозанд, хоса, агар сароянда зан бошад.

Фасли тобистонро шумо дар куҷо ва чӣ гуна мегузаронед?-Бо ин савол мо ба яке аз сарояндагони машҳури кишварамон Сарвиноз Юсуфӣ муроҷиат намудем.

-Сарвинозбону фасли тобистон низ фаро расид. Касоне, ки фарзандашон хатмкунанда аст, акнун серташвиш мешаванд, чунки айёми супурдани имтиҳонҳо ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ оғоз меёбад...

-Хушбахтона, ман ҳанӯз аз ин ташвишҳо дурам.

-Магар ягон фарзандонатон ҳанӯз мактабро хатм накардааст?

-Духтари калониам Хумор як нозанини хушқаду қомат шуда бошад ҳам, нав дар синфи 8-уми Литсейи президентӣ мехонад. Барои фикри донишгоҳу донишкадаро кардан ҳанӯз хеле барвақт аст. Абубакрҷон, писарам хурд аст, ба боғча меравад.

-Шумо ҳам мисли Шабнами Сурайё духтаратонро дар оянда ба хориҷа хонданӣ мефиристед?

-Хумор ҳуқуқшинос шуданист. Саводаш хуб аст, вале дар Тоҷикистон таҳсил мекунед ё ба ягон давлати хориҷӣ меравад, инро вақт нишон медиҳад.

-Худатон нияти ба хориҷа дамгирӣ рафтан ё ягон клипи нав сабт карданро надоред?

-Модарам бемор аст, аз ҳамин сабаб имсол нияти ба хориҷи кишвар сафар карданро надорам. Падару модардорӣ ҳам ғамимат аст, мехоҳам бештари вақтамро ҳамроҳи модарҷонам гузаронам ва хизматашонро карда, дуои неки модарро бигирам.

-Мегӯянд, ки спонсори Сарвиноз Юсуфӣ шавҳараш аст...?

-Шавҳарам ҳамчун мард оиларо хеле хуб таъмин мекунад, ба худам ва фарзандонам чизе, ки лозим шавад, мехарад, аммо барои ҳунари ман ягон тин пул сарф намекунад. Вай то имрӯз барои ягон клипи ман ҳатто як рӯймолча нахаридааст....

-Магар ҳамсаратон зидди ҳунарнамоии шумо дар саҳна аст?

-Зид нест, аммо дастгирӣ ҳам намекунад, чунки аслан сарояндагӣ ба ӯ писанд нест. Танҳо ба хотири он ки ба ман сахт бовар дорад, иҷозат медиҳад, ки дар саҳна ҳунарнамоӣ кунам...

-Рӯзе шавҳаратон дар назди шумо шарт гузорад, ки аз ду якеро интихоб кун: ман ё саҳна, он гоҳ чӣ кор мекунед?

-Шавҳарам аллакай як шарт гузошт, умедворам, ки боз як шарти дигар намегузорад...

-Он чӣ шарт буд?

.....

Мехоҳед донед, ки шавҳараш дар назди Сарвиноз Юсуфӣ чӣ шарт гузоштааст? Пас мунтазир бошед! Рӯзҳои наздик Сарвиноз Юсуфӣ тамоми сирру асрори зиндагӣ ва эҷодашро дар барномаи “Чақ-Чақ” ба муштариёни сомонаи Оила мекушояд...

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД