Arzon march 2024
7 одати бади зан, ки мардро мегурезонад
18116

Мардҳо дар интихоби зан ниҳоят табъи нозук доранд. Чизе, ки дар як зан ба марде писанд меояд, ба марди дигар номақбул буда метавонад, вале чанд камбудии занонае ҳаст, ки тамоми мардонро мегурезонад.

 Зани чалфас
Аслан ин тоифаи бонувон парвои афту андоми худро надоранд, на ба либоси танашон аҳамият медиҳанд ва на ба сару рӯяшон. Либосашон ҳамеша дарзмол нашуда ва бетартиб, мӯяшон ҳеҷ гоҳ шонаро намебинад ва аз баданашон бӯйи дилбеҳузуркунанда меояд. Бо дидани чунин зан мард ба сӯяш ҳатто нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки зан фурсати худро ба тартиб овардан намеёбад, аммо мардҳо ин чизро намефаҳманд.

 “Ман безебам”

Аксаран фарбеҳӣ, нобоварӣ ба худ ва заифии руҳӣ боиси он мегардад, ки зан худро аз дигар бонувон кам эҳсос намояд. Барои аксарияти мардҳо хеле муҳим аст, ки зан ба зебоии худ бовар дошта бошад. Вақте зан ба худ боварӣ надорад ва пайваста “ман безебам” гуфта, бечоранолӣ мекунад, ба зудӣ ба дили мард мезанад.

 Мардсурат

Мард ҳеҷ гоҳ зани аз ҳад зиёд бадҷаҳлро дӯст нахоҳад дошт. Зан дар бистар ба сари мард хӯҷаинӣ кунад, мард худро бачаи бетаҷриба эҳсос мекунад. Аз ҳамин сабаб занҳои аз ҳад зиёд пурҳарорат ва мардсурат ба мардҳо писанд намеоянд.

 Бефаросат

Занҳое, ки сигор мекашанду машрубот менӯшанд ва одатҳои бад (масалан, нохунхоӣ, пайваста сақич хоидан ва ғайра) доранд, ҳеҷ гоҳ дили мардеро ба шӯр оварда наметавонанд. Замони мо тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамояд ва занҳои сигоркашро аксарияти мардҳо нафратовар мешуморанд. Оиди бонуи майзада бошад, ҳоҷати гап ҳам нест.

 Лӯхтаки зинда

Баъзан бо мақсади дилрабо намудан занҳо дар интихоби либосу ороишот ва пардози рӯй ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Мардҳо дар ҳама кор нигоҳ доштани андозаро дӯст медоранд ва бо дидани зани аз ҳад зиёд пардоз намудаю либоси ялаққосӣ ба бар карда ба даҳшат меафтанд. Аксари мардҳо одатҳои бад, садои баланд, рафтори дағал, додзанӣ ва афту андоми ба фоҳиша монандро нишонаи дуруштии зан мешуморанд. Дандони носолимро низ мард дуруштӣ ҳисоб мекунад, ҳол он ки ин камбудиро бо кӯмаки дандонпизишки ботаҷриба ислоҳ кардан мумкин аст.

 Дурӯғгӯй ва бадрашк

Сифатҳои шахсии зан амсоли боақлӣ, шӯхтабъӣ, инсони хуб буданаш ҳамеша мардро ҷалб месозанд. Камбудиҳои зан бошанд, мардҳоро мегурезонанд. Аз ҷумла, худпарастӣ, дурӯғгӯӣ, бадрашкӣ, ғазабнокӣ, тундзабонӣ, хасисӣ, беақлӣ ва шӯхтабиат набудани зан ғаши мардро меорад.
Как-научиться-прощать-и-отпускать-обиды

 Ошиқи кор ва хоб

Ин камбудӣ хоси занҳои шавҳардор аст. Зан аз кор ба хона хаставу шалпар омада, ҳарчӣ зудтар хоб рафтан мехоҳад. Шавҳар барои чунин зан давоми кор аст, аз ҳамин сабаб муносибати маҳрамона бо ин тоифаи бонувон бе ягон эҳсоси қаноатмандӣ мегузарад. Зани хаста танҳо ба он хотир мубошират мекунад, ки ҷонашро аз шавҳар халос карда, ҳарчи зудтар аз хоб сер шавад. Табиист, ки чунин меҳрварзӣ ба мард хуш намеояд. Бештар аз ҳамин тоифа бонувон мардҳо ба оғӯши маъшуқаҳои меҳрубон мегурезанд. Мо ба чунин занҳо танҳо як маслиҳат медиҳем: Мубоширатро ба вазифаи худ табдил надиҳед. Муҳаббат шодифизо ва роҳатбахш набошад, ба ҷойи дилҳоро наздик кардан марду занро баръакс аз ҳамдигар дилсард месозад.

 56522_0 (1)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бонуҷон 2023-06-30, 19:36
Салом ман 4шуд зиндаги мекунам мехоҳам фаҳмам ки шавҳарам нисбат ба ман Бедил аст маро дуст медорад ёне мо якто фарзанд дорем аз натиҷаи фаҳмиши шумо мехоҳам нишонаи бедилиашро бифаҳмам нишонаҳояш кадомаст вақте фарзанд надоштам хай мешавадробитаамон созбуд ҳоло баъди фарзандориямон писарам рафтори бераҳмона рашк намекунад духтур гӯям намебарад либос надорам надорам намехаранд кор мекунад худашро мекунад моро ману писарамро намекунад мегӯям дустмедоред мепурсам ҳо мегӯяд некии маназариман монанд нест рости падару модараш бисёр ҳавоте мекунанд нисбати ман бераҳмона дуруғ ҳамин қадар мефаҳмонам бовар намекунад 2сол мешавад дар муҳоҷири меҳнади Россия кормекунад мегӯям биёяд падару модараш намемонанд чикоркунам биёяд илтимос посухашро медодед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД