Arzon march 2024
Паридани чашм чӣ хосият дорад?
24588


Даст, гӯш, бинӣ ё чашми инсон баъзан бе ягон сабаб мепарад, мехорад ё сурх мешавад.

Гузаштагонамон ҳар кадом ин нишонаҳоро фоли бад ё баръакс нек медонистанд. Бобою бибиҳои мову шумо чунин ақида доштанд, ки паридани чашму хоридани даст беҳуда нест ва аз рух додани ин ё он ҳодиса дар ҳаёти инсон дарак медиҳад. Имрӯз илму техника пеш рафта, дунё дигаргун гаштааст, вале то кунун ҳастанд одамоне, ки ё аз хоридани кафи дасташон хурсанд мешаванд ва паридани чашмашон онҳоро ба ташвиш меорад.

Ба хурофот дода нашавед, вале…
Бисёриҳо паридани чашмро фоли бад дониста, чунин ақида доранд, ки он аз фалокату бадбахтӣ дарак медиҳад. Қабл аз он ки ба фолу хурофот бовар кунед, сабабҳои ҷисмониву муқаррариро ҷӯё шавед, то ба саломатиятон зарар нарасад. Чашм узви нозук ва ҳассос буда, паридану хориши он аз аллергия аст. Косметикаи бесифат низ метавонад боиси обрав гаштан, сухр шудан ва паридани чашм гардад. Агар шумо аз чизе аллергия надошта бошед ва косметикаи босифатро истифода баред, пас, паридани чашматон аз беморӣ нест.

Чашми чап хорад, гиря мекунӣ

Рафту чашми чапатон бе ягон беморӣ мутассил мехорида бошад, ашку андуҳ меорад. Руҳафтода нашавед, ашк рехтан ҷиҳати хуб низ дорад ва фишори руҳиро рафъ месозад. Ақидаи дигаре низ ҳаст, ки хоридани чашми чап нишонаи ба даст овардани даромади пулӣ ё хабарҳои хуш оиди беҳтар гаштани вазъи молиявӣ аст.

Чашми рост хорад, хурсанд мешавӣ
Рафту чашми рост ба хориш дарояд, ин нишонаи хуб аст. Шуморо хурсандие дар пеш аст. Эҳтимол шуморо мулоқоти ошиқона ё дигар ҳодисаи пурнишот интизор бошад. Барои он ки ҳатман чунин шавад, дари дилатонро ба рӯйи шодиҳо боз намоед.

Чашмҳоятон сӯзанд, шуморо меранҷонанд
Хориши ҳарду чашм низ нишонаи ашку андуҳ аст. Рафту ҳам чашми рост ва ҳам чап ба сӯзиш дароянд, нафаре шуморо меранҷонад ё хабаре ба гӯшатон мерасад, ки боиси ташвиш ва нооромӣ мегардад.
Барои он ки аз нохушиҳо раҳоӣ ёбед, бо дасти рост чашми рост ва бо дасти чап чашми чапатонро хоред.

Абрӯ хорад, ошиқ мешавӣ
Шумо ҷавон ва ҳанӯз муҷаррад бошеду абрӯятон хорад, донед, ки ба наздикӣ ошиқ хоҳед шуд. Ба мулоқот бо шоҳзодаи орзуҳоятон тайёр шуда, дари дилатонро ба рӯйи эҳсосоти наҷибтарини инсонӣ боз намоед.

Асабоният ё фоли нек?
Агар чашматон мепарида бошад, ин нишонаи асабоният ва хастагии равонӣ аст. Барои рафъи ин ҳолат бояд хуб истироҳат карда, фишори руҳиро рафъ намоед ва ором шавед, вале…

Чашми рост парад, хабари хуш мешунавӣ
Дар байни мардум паридани чашмро чунин шарҳ медиҳанд:
Паридани чашми рост хосияти хуб дошта, нишонаи он аст, ки кас хабари хуш мешунавад ё даромади пулӣ ба даст меорад. Шахсе, ки ошиқ аст, агар чашми росташ парад, бо дӯстдоштааш вомехӯрад.

Чашми чап парад, ба сарат бадбахтӣ меояд?
Паридани чашми чапро гузаштагонамон фоли бад медонистанд. Мегӯянд, ки паридани чашми чап аз нохушӣ дарак медиҳад. Барои эмин мондан аз фалокат мавзеи паридани чашмро бо даст хоридан лозим аст.

Миҷгон резад, орзуят амалӣ мешавад?
Аксарият рехтани миҷгонро фоли нек мешуморанд. Рехтани миҷгон нишонаи хушбахтиву хурсандӣ аст. Миҷгони рехтаро ба ангушт ба даст гирифта, орзуи худро аз дил гузаронед, ба муродатон мерасед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД