Sebiston new 2024 october
Зани мӯйдароз беҳтар ё гусӯбурида?
12644


Завқи мардон гуногун аст, яке мехоҳад зане бигирад, ки мӯйи сараш то пошнааш мерасида бошад, дигарӣ баръкс духтарҳои гесӯбуридаро дӯст медорад. Оё дар асл мӯйи зан дар ҳаёт ягон нақшро мебозад?

Қиёфашиносон бар он назаранд, ки зимни интихоби арӯс ҷавонмард бояд ҳатман дар баробари хислат ва ранги пӯсту чашму абрӯ ба мӯйи зан низ аҳамият диҳад. Аз тарзи ороиши мӯяш дар бораи хислату хӯйи зан бисёр чизҳоро фаҳмидан мумкин аст.

Зани кокулдароз
Занҳои кокулдароз бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатман ба мақсади дар назди худ гузоштаашон мерасанд. Бонувони кокулдарозе, ки мӯйи сарашонро сахт мебофанд, дамдузд мешаванд. Кокулони бофтаи зан сусту ороёфта бошанд, аз одамдӯстиву зиндадилияш дарак медиҳанд.

Мӯйи кӯтоҳ
Мӯйи кӯтоҳро бонувоне интихоб менамоянд, ки бо қонуну қоидаҳои худ зиста, андешаи атрофиёнро ба эътибор намегиранд. Шӯхтабъ буда, тафаккури баланд доранд. Ин тоифаи хонумҳо ба орову торо додани худ диққати зиёд дода, ҳамеша дилкашу дилрабо ҳастанд.


Духтурҳо мегӯянд, ки бояд рафта дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ кунӣ, вале ман ин қадар пули калонро аз куҷо меёбам?!


Мӯйи баста
Бонувоне, ки мӯяшонро бо мӯйбандак дар пушти сар мебанданд, поквиҷдону якрӯянд. Барои расидан ба мақсад ҳеҷ гоҳ рӯбоҳӣ намекунанд. Онҳо дар ҳама ҳолат рӯйрост амал карданро одат кардаанд. Бо атрофиён муносибати хуб доранд. Аксаран кадбонуи моҳир мешаванд, зеро оила барояшон даргоҳи муқаддас аст. Ба наздиконашон ҳамеша муҳаббату меҳрубонӣ ато менамоянд. Кӯдаконро бениҳоят дӯст медоранд. Модарони оқила, сабур ва заҳматкашанд.

Мӯйи парешон
Бонувоне мӯяшонро сар медиҳанд, ки бениҳоят ҳассосанд. Рӯяшонро бо мӯй пӯшида бо ин амалашон ин тоифаи занҳо худро аз атрофиён ҳифз менамоянд. Аксари чунин хонумҳо худашон дар оилаҳои сахтгир ба воя расидаанд ва кӯшиш мекунанд, ки нисбати фарзандони худ низ тарбияи сахтро ба роҳ монанд. Ин тоифаи занҳо ба назар ором намояд ҳам, дар дилашон шӯру валвала ниҳон аст.

Мӯйи қабзашуда
Бонувоне, ки мӯяшонро дар болои сар тоб медиҳанд, боғайрат, хушчақчақ ва серҷоғ мешаванд. Дугонаҳои наздикашон ангуштшуморанд. Бо мақсади аз дигар ҳамҷинсонашон фарқ кардан дар либоспӯшиву рафтор фавқулода амал мекунанд. Бонувоне, ки мӯяшонро дар пушти гардан тоб медиҳанд, боистеъдоданд, вале бо сабаби шармгинӣ ё хоксорӣ ба мақоми баланд намерасанд. Аксари занҳое, ки мӯяшонро бо чунин тарз оро медиҳанд, асабхароб ва дорои комплексҳои зиёд ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД