Сояи гуноҳ (ҚИСМИ 2)
42

Ман рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба осоишгоҳ рафтам ва дар он ҷо бо додари ҳамон марди бемор вохӯрдам. Ҳис кардам, ки ҳама меҳрубониҳои Эҳсон бесабаб набудааст...

Эҳсон ба ман изҳори ишқ карду мани ташнаи меҳрубонӣ хеле осон ба бистари вай даромадам. Ҳамин тавр бисту чор рӯз мо чун зану шавҳар дар осоишгоҳ давр рондем. Эҳсон ҷавонмарди болобаланди зебо, пулдор ва соҳибмансаб буд, ду зан доштааст, вале болои ҳамаи ин ба ман ошиқ шудааст, аммо...

Пас аз осоишгоҳ Эҳсон маро ба куллӣ фаромӯш кард, чанд бор ба суроғаш рафтам, аммо муҳофизони коргоҳаш маро ба ӯ наздик шудан намонданд. Боре сари қаҳру ғазаб бо марди дигар шинос шудам, ҳамин тавр барқасди Эҳсон бозичаи дасти мардони ҳавасбоз гаштаму ҳисоби ошиқонамро намеёфтам, яъне як марди ҳавасбоз аз мани беирода фоҳиша сохт.

Дигар муҳити ноҳия бароям тангӣ мекарду ба гиряҳои зор-зори модарам нигоҳ накарда, ба пойтахт омада, курси маҳсгариро ба итмом расонидаму дар клиникаи шахсие маҳсгар шудам. Мардонро чун дастпӯшак иваз мекардам, дар ду сол соҳиби хонаи шахсӣ, мошин гаштам, додарамро ба донишгоҳ дохил карда, тиҷорати модарамро ривоҷ додам, аммо ҳама медонистанд, ки ман фоҳишаам.

Ман ба қавле фоҳишаи «элитний» будам, танҳо бо мардони сарватманд хобу хез мекардам, вале бо як марди хориҷӣ шиносоӣ пайдо намуда, гирифтори бемории оташак (сифлис) шудам. Дар сару рӯям ҳар гуна захмҳо баромада, миҷгону абрӯ ва мӯйҳоям рехтанд. Ин аҳволро дида, маро аз кор ронданд. Дар бораи ошиқҳоям бошад, ҷойи гап нест, онҳо аз ман чун махав ҳазар мекарданд. Ин ҳолро дида тамоми ороишоти қиматбаҳо ва мошинамро фурӯхта ба Русия барои табобат рафтам. Баъди барқарор намудани саломатиям дар толори варзишие ба ҳайси маҳсгар ба кор даромадам, тарки одат амри маҳол гуфтагӣ барин, боз шиносҳои нав пайдо карда, фоҳишагиро сар кардам.

Ин даъфа Худованд маро сахттар ҳушдор дод, ҳамроҳи як мансабдори арманӣ ба хонаи ӯ мерафтам, ки ба садама дучор шудем. Ошиқам ҷо ба ҷо ҳалок шуду ман бошам, ба беморхона афтидам, мисли бесоҳибон дар гӯшае бо дасту пойи шикаста мехобидам.

Пас аз чанде кам-кам роҳ мегаштагӣ шудам ва аз забони духтурҳо шунидам, ки дар палатаи дигар як марди тоҷик мехобад. Ман ба назди ҳамшаҳриям даромада, хеле суҳбат кардам.

Ҷавонмард Шараф ном дошта, соҳибкор ва шаҳрванди Русия будаасту авбошон дар роҳрави хонааш ба вай ҳуҷум карда, бо корд захмияш намуда буданд. Ману ҳамшаҳриям унс гирифтем, маро касе хабаргирӣ намеомаду хабаргирони ӯ аз мӯйи сараш зиёд буданд.

Як бегоҳ дилам пур шуду тамоми саргузаштамро ба ҳамшаҳриям нақл кардам. Ӯ бо сари хам маро гӯш карда, чизе нагуфт.

(Давом дорад)

САЛОҲАТ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД