Азбаски захмҳои Шараф сабук буданд, ӯро ҷавоб доданд, аммо ӯ ҳар рӯз ба хабаргирии ман меомад. Пас аз як моҳ маро аз беморхона ҷавоб доданд, бо чигас роҳ мерафтам, аз Шараф хоҳиш кардам, ки бароям чипта харида, маро ба Тоҷикистон равон кунад.
Шараф хоҳиши маро ношунида гирифта, маро ба бӯстонсарояш, ки берун аз шаҳри Маскав воқеъ буд, бурд. Чанд рӯз он ҷо мондам, ҳавои тоза, зиндагии серу пур ба ман таъсир карду каме ба худ омадам.
Як бегоҳ Шараф наздам омада, гуфт:
- Салоҳат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорони ба ман ҳуҷумкардаро ёфтанд, онҳоро ҳамсарам фармуда будааст. Наташа русдухтар асту дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтааст, ман дӯст дошта ҳамроҳаш хонадор шудам, барои ӯ шуда хоҳиши волидонамро дар замин гузошта, зани тоҷик нагирифтам. Аммо ӯ ҳамеша рашк мекард, агар каме дер оям, ягон тоҷики ифлосатро ёфтӣ гӯён, моҷаро мебардошт, бар замми ҳамаи ин фарзанддор нашудем. Акнун кор то ҷое расида, ки ӯ барои куштани ман қотил фармоиш додааст. Вале ман аризаамро гирифтаму боз пул дода, ӯро аз ҷавобгарӣ халос кардам, акнун аз вай ҷудо мешавам, агар пеши Худо аз ҳама корҳоят тавба кунӣ, ман туро ба занӣ мегирам.
Ман намедонистам чӣ гӯям, зеро ҳеҷ гумон надоштам, ки ин гуна марди чор кас медидагӣ мани фоҳишаи беобрӯро харидор шавад. Шояд Худо бори дигар ба ман шонс дод?
Пас аз чор моҳи интизориҳо, Шараф аз Наташа ҷудо шуду хонаеро, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, ба занаш дод. Ба дасти ман ду ҳазор доллар (он вақт ба ду ҳазор доллар хонаи дуҳуҷрагӣ мехаридӣ) дода, ба ватан гуселам кард ва гуфт, ки пас аз як моҳ ба хостгорӣ меояду маро бо расму русуми миллӣ тӯй карда мегирад. Ман аз фурудгоҳ рост ба хонаам омадам, ки дар он додари донишҷӯям зиндагӣ мекард. Дарро ба рӯям модарам кушод, ки дар ин ду соли бехабарии ман хеле пир шуда буд. Бечора очаҷонам маро дидан замон ҳушаш рафт. Бо як азобе ӯро ба худ овардаму дукаса зор-зор гиристем, гап зада - гап зада бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмидем. Додарам низ омаду мо аҳли оила сарҷамъ хӯроки шом хӯрдем. Бовар намекунед, ки наскпиёбаи пухтаи модарам, ки ғайри пиёзу наск ва каме равған чизе надошт, бароям лаззате дошт ногуфтанӣ. Додарам бо ман бедимоғ буд, вале модарам ӯро хонаи дигар дароварда, ҷанг карду чеҳрааш каме кушода шуд.
Модарам нақл кард, ки барои бор омадаасту фардо ба деҳа бармегардад. Ман низ ҳамроҳаш ба деҳа рафтам. Аз хона берун намебаромадам, модарам ба кор мерафтанду ман ба корҳои хона машғул мешудам. Каме аз маблағи овардаам сарф карда, хонаю дарро ҳамроҳи додарам ба тартиб овардаму аз додарам хоҳиш кардам, ки чор гӯсфанд харида биёрад.
Тамоман зани хонагӣ шуда, ба парвариши чорво машғул шудам. Ҳаққу ҳамсоя аввалҳо дар ҳаққи ман суханҳои ҳархела гӯянд ҳам, баъдҳо гуноҳҳоямро фаромӯш карданду дасти ту сабук гӯён, наздам барои сӯзандору гузаронидан меомаданд.
Зиндагӣ дар маҷрои худаш равона буд, панҷ вақт намозамро мехондам, агар ҳамсояҳо маҷбур созанд, ба ягон маърака мерафтам, дигар мурғи побанди қафас будам.
Баъзан рӯи ҷойнамоз аз Худованд хоҳиш мекардам, ки дар сари Шараф ёди маро андозад, то суроғам биёяд, вале медонистам ин орзуи муҳол ва дастнорас аст…
(Давом дорад)
САЛОҲАТ
Таснифи Рухсора Саид