Як ҳамсинфам солҳои мактабхонӣ маро дӯст медошт. Пас аз як моҳи омадани ман занаш сари фарзанд рафту бо тифлаки ширхорааш ҳайрон монд. Модараш ба ӯ гуфтааст, ки агар хоҳӣ Салоҳатро бароят хостгорӣ мекунам, аммо вай маро ҳақорат додааст, ки вай бебало ин қадар хонагӣ нашудааст, шояд ягон беморӣ дорад.
Инро шунида чизе нагуфтам, вале пас аз чанд рӯз аз беморхона омада маро даъват карданд, ки рафта аз ташхис гузарам. Духтури шинос бо хиҷолат гуфт:
- Салоҳатҷон, ба Худо моро аз милиса маҷбур карданд. Кадоме овозаҳои безебро дар бораи ту паҳн кардааст.
Ман чизе нагуфта, рӯзи дигар рафта тамоми ташхисҳоро супоридам ва шукри Худо, ки сиҳату саломат баромадам, вале ҳолати рӯҳиям хеле бад шуд. Ба инсонҳо дигар боварӣ надоштам, вале Худованд меҳрубон аст…
Аз бозгашти ман ҳафт моҳ пур мешуд. Умедамро аз омадани Шараф батамом кандам, аммо як шоми баҳорӣ мошини хориҷии зебое пушти хонаамон қарор гирифту аз он ду зани миёнсоли деҳотӣ ва Шараф фаромада омаданд. Аз пушти мошин чанд дастархон фароварданд. Модарам ҳайратзада гоҳ ба меҳмонону гоҳ ба ман менигарист, зеро ман дар бораи Шараф ба вай чизе нагуфта будам. Сари дастархони пурнозу неъмат Шараф аз модарам дасти маро пурсид. Модари лолу ҳайронам гуфт:
- Бачам, ту як ҷавони зебои баобрӯ, духтари ман зани шавҳардидаи бадном, зеби ту надорад…
Шараф дастони модарамро бӯсида, гуфт:
- Холаҷон, ман Салоҳатро мешиносам ва дар борааш ҳама чизро медонам. Ман низ он қадар хушном нестам, падару модарам барои зани тоҷик нагирифтанам аз ман хафа дунёро падруд гуфтанд. Бародари ягонаам то ҳол ҳамроҳам гап намезанад.
Ба зани солортар ишора карда, гуфт:
- Ин кас янгаам, ба ҷойи модарам, инаш бошад, апаам. Илтимос, розӣ шавед.
Апаи Шараф низ ба модарам нигариста, гуфт:
- Апаҷон, мо низ мисли шумо деҳотӣ ҳастем, ба хотири канда нашудани пайванди ҳамин додараки ман аз ватан розӣ шавед.
Хулоса янгаю апаи Шараф модарамро розӣ карданду баъд аз як ҳафта бароям мисли духтарон сарупо оварда, маро арӯс карда ба ноҳияи дигар бурданд. Мо як сол дар деҳа будем. Шараф дар ин байн чанд бор Маскав рафта омаду баъд моро низ ҳамроҳаш ба Русия бурд.
Шавҳарам он қадар ба ман меҳрубон аст, ки баъзан худамро мепучидам, ки хобам ё бедор, наход ҳамаи ҳамин бахту тахт ба ман насиб карда бошад!?
Инак, бист сол боз ман бо шавҳарам зиндагии хушнудона дорем, гоҳ дар Маскав ҳастему гоҳ дар ватан. Ду писари нозанин дорем, калониро аллакай хонадор кардему дар симои келинам соҳиби духтар низ шудем. Тӯли ҳамин солҳо ягон бор шавҳарам гузаштаамро ба ман ёдовар нашудааст, вале рӯзи бистсолагии тӯямон зиёфат ороста, ҳама хешу таборонро ҷег задему баъди анҷоми зиёфат зану шавҳар дукаса то дер суҳбат карда нишастем.
Бори аввал баъд аз бист сол ба Шарафҷони азизам изҳори ташаккур кардам, барои бахти шикастаи маро бо ҳам диданаш. Ӯ маро ба оғӯш гирифта бӯсиду гуфт:
- Азизам, ту намедонӣ, ки одамон чӣ қадар бераҳманд, тӯли бист соли зиндагиям бо ту кадом ҳамдеҳаатро вохӯрда бошам, албатта як бор гузаштаи туро ба ёдам меовард, боз ҳамаи онҳо мардон буданд…
Аммо ту барои ман ягона, азиз, бонуи хонадон ва модари фарзандонам боқӣ хоҳӣ монд, дигар ягон бор дар хусуси гузашта сухан нагӯй!
САЛОҲАТ
Таснифи Рухсора САИД