... Дар фасли баҳор ба ҳар навъ аз меваҳои тару тоза мехӯрданд аммо дар зимистон азоби гуруснагӣ мекашиданд,- бо таассуф мегуфт Мавлудапошшо.
Ҳамин замон дугонаи Мавлудапошшо Хайринисо аз дар даромада омад. Имрӯз бо вуҷуди дар хонааш меҳмонони зиёд будан даъвати дугонааш Мавлудапошшоро пазируфт. Зеро дар замони вазниниҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз аз ҳамин дугонааш некиҳои зиёд дид.
- Э дугонаҷон, биё. Навакак туро ёд карда истода будем,- гуфт Мавлудапошшо бо хушнудӣ.
Хайринисо ҳам имрӯз мисли дугонааш либоси идона пӯшида буд. Пеши бари кастюмашро ордену медалҳои гуногун зеб медоданд. Шарақ-шарақи овози медалҳо диққати ҳамаро ҷалб мекард. Хайринисо табассум карда, гуфт:
- Э дугонаҷон, раҳмат, ки маро ёд мекунед. Хусусан дар чунин рӯзҳои ид ёд кардани ҳамдигар ҳам кори савоб. Мана бо вуҷуди дар хонаам меҳмонони зиёд будан даъвати шуморо пазируфта, "аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан гуфта" давида омадан гирифтам.
- Саломат бошед,- табассум кард Мавлудапошшо ва афзуд.- Ба набераҳоям солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватаниро нақл карда истодаам. Ҳамон рӯзҳои вазнинро, ки бо ҳам таҳаммул кардем. Чӣ рӯзҳои вазнинро пушти сар накардем-а?
- Ҳа, нагӯед дугонаҷон. Медонед, ман солҳои ҷангро, ки яккаписарам дар ҷанг буд, чӣ гуна паси сар кардаам?,- ба ҳозирин бо суол нигоҳ карду худ посух дод Хайринисо:
- Ҳар шаб бо се духтарам берун хоб мекардем. Онҳоро намегузоштам, ки дар хонаи гарм хоб кунанд. Писарам дар гармиву сардӣ автомат ба даст ба ҷанг рафтаасту мо инҷо дар хонаи гарм хоб кунем гуфта, дар берун хоб мекардем. Шароит вазнин буд, хӯрдании сиҳат надоштем. Мавлудапошшо ба ман як мурғу як хурӯс дода буданд, то ҳар рӯз тухмашро пухта ба фарзандонам диҳам. Боз, хато накунам, ба чор-панҷ зани деҳа ҳам мурғу хурӯс дода буданд. Он вақтҳо доштани як мурғ баробар ба доштани як гӯсола буд. Мавлудапошшо замони ҷанг ҳамдеҳагонро хеле дастгирӣ карданд. Қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд. Боз як қаҳрамонияшонро ба шумо мегӯям. Дар ақибгоҳ вақте кор мекардем, барои корамон ба мо маблағ неву хлеб медоданд. Агар бисёртар кор кунӣ, бисёртар хлеб медоданд. Мавлудапошшо бисёр кор мекарду бисёр хлеб мегирифт, аммо хлеби аз худаш зиёдатиро ба маъюбон медод.
Мавлудапошшо, ки ором табассум карда менишаст, якбора ба гап даромад:
- Аз як тараф гуруснагӣ, аз тарафи дигар фироқи ҷигарбандон мардумро азият медод. Бобои Санҷар як писарашро ба ҷанг фиристода буд. Охирҳои ҷанг аз ӯ на хат омаду на хабар. Баъди ба итмом расидани ҷанг ҳам хабареву асаре набуд. Аммо Бобои Санҷар то охири умр дар ҳуҷраи назди дарвозахона чашм ба роҳи фарзандаш буд. Ба маъракаҳо намерафт. «Мабодо агар писарам ояд, боз онҳо маро фаромӯш кардаанд нагӯяд» гуфта, аз хона намебаромад. Бо ҳамин дарду алам аз дунё гузашт. Аммо фарзандаш наомад.
Боз ба шумо қаҳрамонии як бонуро нақл мекунам. Як арӯсакро ҳоло аз тӯяш шаҳ моҳ гузашта буд. Шавҳарашро ба ҷанг бурданд. Ӯ қариб 60 сол роҳи шавҳарашро интизор шуд. Аммо шавҳараш наомад. Ӯ ҳам бо ҳамин дарду алам аз дунё гузашт. Э, ғайр аз оне, ки мардони мо дар майдони ҷанг қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд, занҳову пиронсолон ҳам дар ақибгоҳ корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.
Мавлудапошшо ҳанӯз суханашро ба итмом нарасонида буд, ки аз дар меҳмонҳои зиёд даромада омаданд. Хонандагони мактаб ва аз сохторҳои гуногун бо гулу гулдаста, туҳфаву дастовезҳои гуногун даромада омаданд. Ҳама баробар "бибиҷон, ба ҳамааш ба шумо сипос, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!" гуфта, қарсакзанон бибии пур аз ордену медалро ба оғӯш кашиданд.
Хайринисову Мавлудапошшо хурсанд буданд. Хурсанд аз он буданд, ки ба чунин рӯзи босаодат расидаанд. Хайринисо баъди гирифтани якчанд аксҳои хотиравӣ ва гулу туҳфаҳои зиёд ба хонааш рафт. Хонаи Хайринисо ҳам пур аз меҳмон буд. Ӯро аз даромадгоҳи хона то саҳни ҳавлӣ бо суруду табрикот пешвоз гирифтанд. Ҳамсояҳо, набераҳо ва дӯстони деринааш гирди дастархони пурнозу неъмат ҷамъ омада буданд. Дар рӯйи дастархон нони гарм, меваҳои тару тоза ва шириниҳо гузошта шуда, фазои хона пур аз меҳру муҳаббат буд.
Хайринисо ба чеҳраҳои шоду хандон нигариста, лаҳзае хомӯш монд. Ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зад. Ӯ оҳиста гуфт:
- Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки меҳнати як умри ман чунин қадр мешавад. Аз ҳамаатон сипосгузорам. Агар инсон ба Ватан, ба мардум ва ба фарзандон бо дилу нияти пок хизмат кунад, меҳраш ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Ҳама бо кафкӯбӣ суханони ӯро истиқбол гирифтанд. Набераи хурдиаш гулдастаеро ба дасташ дода, гуфт:
- Бибиҷон, мо бо шумо фахр мекунем!
Ин суханҳо ба қалби Хайринисо гармии дигар бахшид. Ӯ набераашро ба оғӯш гирифта, пешониашро бӯсид. Дар он рӯз хонаи Хайринисо ҳам пур аз меҳмон шуда буд.
Мавлудапошшову Хайринисо аз чунин қадрдониҳо хушҳол буданд ва дар ҳаққи чунин давлати ободу озод ва мардуми бофарҳангу тамаддун дуои нек мекарданд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ