Formula novemver 2024
Сари Мамта Калкарниро кал карданд?
6941

Ном: Мамта Калкарни
Соли таваллуд: 20-апрели соли 1972
Ҷои истиқомат: Вилояти Мумбай, шаҳри Махараштра.
Касб: актриса
Жанр: драмма, боевик, мелодрамма
Дарозии қад: 165см

 Нома ба сарвазир
Мамта Калкарни 20-апрели соли 1972 дар оилаи камбағал ба дунё омада аз овони кӯдакӣ орзуи машҳур шудан ва ба камбизоатон кӯмак расонданро дошт. Мамта бисёр духтари ҳушёру зирак ва боҷуръат буд. Ҳанӯз замони дар синфи панҷум хонданаш вай ба сарвазири Ҳиндустон Раҷив Ганди мактуб навишта, қайд карда буд, ки ӯро идеал мешуморад ва расмҳои зиёдашро ҷамъ кардаасту мехоҳад соядасташро дошта бошад. Мамта дар номааш навишта буд, ки чандин сол Ҳиндустон дар зери ҷабру ситами Англия қарор дошт, чаро сарвазир шуда истода тез-тез ба ин кишвари бадхоҳи ватанаш сафар мекунад? Аҳли оилаашон ба ҳоли Мамта хандида гуфтанд: «Сарварзир дигар кор надорад, ки ба ту соядаст мефиристонад ва сабаби сафарҳояшро шарҳ медиҳад. Вай ба мактуби пурсӯзу гудозат ҷавоб намегардонад!» Мамта аз ин суханон ранҷида бошад ҳам, умедашро наканда ҷавоби номаашро интизор шуд. Вақте ки хаткашон мактуби сарвазир Раҷив Гандиро ба хонаи падари Мамта овард, даҳони аҳли оила аз ҳайрат воз монд. Сарвазир сурат ва соядасти худро ба Мамта фиристода буд. Иқдоми Мамта ба зудӣ дар мактаб овоза шуда, роҳбари синф ва ҳамсинфонаш барои чунин ҷуръаташ ба ӯ таҳсину офарин хонданд.

Шуҳрат бӯйи хун дорад

Ҳамин ки дар майдончаи наворгирии Болливуд духтараки наве пайдо шуд, чашмони тамоми ҳунармандон мисли объективи камераҳо якбора равшан шуда, интизори баданашро нимурён намудани актрисаи ҷавон мешуданд, зеро хуб медонистанд, ки зебосанамҳо барои шуҳратманд шудан «сарват»-и худододашонро ба намоиш мегузоранд. Аввали солҳои 90-ум Мамта низ бо ҳамин роҳ мехост машҳур шавад. Симояш ба назар поку беолоиш тобад ҳам, расмҳои урёни ин ҳунарманди ҷавон қариб ҳар ҳафта дар маҷаллаҳои кишвар чоп мешуданд. Боре Мамта дар як мусоҳибааш ба таври худ шӯхӣ карда гуфт: «Дар бистар аз дасти мардони ҳунарманди мо ягон кор намеояд, ҳамаашон импотент барин сустанд». Ин ҳазли актриссаи ҷавон дар Болливуд тӯфон барангехт. Мардони ҳунарманд ӯро бад дида, кӯшиш мекарданд, ки пеши роҳашро банданд. Коргардонҳо ба Мамта нақш додан намехостанд, ҳамкасбонаш бошанд дар бораи ӯ ҳар хел овозаҳои гӯшхарош паҳн мекарданд. Мамта аз қадами нахустинаш дар синамо машҳур гашта, аз гонорари аввалинаш хона харида буд ва аз волидонаш ҷудо зиндагӣ мекард. Душманонаш дар хонаи алоҳида зистани актрисаи ҷавонро дастак карда, дар ҳаққаш туҳмату иғвои зиёде мебофтанд. Яке ӯро тардоман мегуфт, дигарӣ дар бероҳагардӣ маҳкум менамуд.

Тулӯи офтоби ҳақиқат

Мамта дар Болливуд на тағо дошт, на пуштибоне, ки даҳони бадхоҳонро бандад, вай танҳо ба худ ва ба ҳунари худ такя карда метавонисту халос. Дар ҷойи ӯ каси дигар мебуд, навмед шуда даст ба худкушӣ мезад ё сарашро гирифта аз Ҳиндустон баромада мерафт, вале Мамта иродаи устувору ҷасорати зотиашро такягоҳи худ интихоб намуда, билохира бегуноҳиашро исбот кард. Роҳи ягонаи аз ин гирдоби ифлосӣ баромаданро дар мусоҳиба бо хабарнигорон дида, актрисаи туҳматзада нишасти матбуотӣ ташкил кард ва сабаби ин ҳама шӯру ғавғои дар атрофи номаш сарзадаро шарҳ дода гуфт: «Коргардонҳо ва ҳамкасбонам барои мусоҳибаи қаблиам аз ман қасос гирифта, овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд. Дар кино ҳамчун актриса ман бештар образи занони сабукпоро меофарам, шояд аз хамин сабаб ва мардум гумон мекунанд, ки ман фоҳишаам. Дар асл чунон духтари ҷиддиам, ки на ҳар мард ҷуръат мекунад ба ман наздик шавад…»,- таъкид намуд Мамта Калкарни дар суҳбат.

Журналистон барои ҳақиқати суханони Мамтаро санҷидан аз пасаш чанд ва поида гаштанд. «Ман духтари бокира ҳастам ва номусамро ба тамоми сарвати дунё иваз намекунам»,- мегуфт Мамта ва ошиқони хираашро мисли магас аз худ дур мекард.

Пас аз он ки журналистон ин ҳақиқатро рӯи об бароварданд, покдомонии Мамта исбот шуд ва муносибати мардум бо ӯ тағйир ёфт. Акнун коргардонҳо маҷбур буданд, ки боз ба Мамта нақшҳои асосиро диҳанд. Акнун Мамта Калкарни бо ҳунармандони машҳури Болливуд Нана, Патика, Говинда, Митхун Чакраборти, Акшай Кумар, Салмон Хон, Сайф Алихон дар як радиф меистод ва гонорараш баробари гонорари ҳамин ситораҳои дурахшон буд.

Ҷанҷоли актриса ва коргардон

Мамта ҳеҷ осуда зиста наметавонист. Ҳанӯз оташи як моҷаро хомӯш нагашта дар атрофи номи ин зебосанам ҳангомаи нав пайдо мешуд. Яке аз чунин моҷароҳои пурҳангома ҷанҷоли актриса бо коргардони машҳур Раҷ Кумар Сантош буд. Мамта Сантошро ба он гунаҳкор намуд, ки бар ивази дар филмҳояш нақши асосиро офаридан аз ӯ ҳамхобаги талаб кардааст. Режиссёр ин даъвои актрисаро рад мекард. Баҳси онҳо расонаӣ гашта, ҳарду дар машҳуртарин рӯзномаву маҷаллаҳои Ҳиндустон ба сари ҳамдигар борони таҳқир мерехтанд. Кор ба ҷое расид, ки Мамта ва Сантош душман шуданд. Коргардони машҳур ба ҷойи Мамта актрисаи бемаҳорат Чина Гетиро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Дар натиҷа филми нави Раҷ Кумар Сантош муваффақ нашуд. Мамта аз ин хурсанд гашта ба ҳоли режиссёр механдид, вале…

Боз исён

Дар журнали Star-Dast расмҳои нимбараҳнаи Мамта пайдо шуда, оташи иғворо дубора фурӯзон намуд. Акнун натанҳо мардум, балки журналистон низ ӯро танқид карда, рафторашро маҳкум менамуданд, вале актриса даст афшонда мегуфт: «Ҳусни нотакрори ман ба мардум ҳаловат мебахшад, пас, чаро ин ганҷинаро пинҳон кунам. Бигзор ҳама бубинанд, ки Мамта дар ҳақиқат олиҳаи ҳусну ҷамол аст!»

Мамта гумон мекард, ки ин дафъа ҳам ғолиб мебарояд, вале хаёлаш хом баромад. Ин расмҳои тақдирсӯз обрӯяшро резонданд ва карерааш ҳамчун ҳунарманд шикаст. Мардум ӯро дар роҳравҳо дида бо ангушт ба ҳамдигар нишон медоданд. Занҳо бо нафрат ба Мамта лаънат мехонданд, мардҳои айшпараст бошанд, ошкоро мепурсиданд, ки барои як шаб чанд пул мегирад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, душманонаш дубора сар бардошта, овоза пахн карданд, ки Мамта маъшуқаи Раҷ Кумар, Аҷай Кумар, Боби Диол ва Амир -Хон аст. Мамта овозаҳоро рад мекард, вале мардум дигар ба ҳарфҳояш бовар накарда, баромадҳои актрисаро худсафедкунӣ меномиданд ва бо ғазаби даҳчанд ба муқобилаш бар мехостанд.

Ғазаби мусулмонон

Барои акси урёни чопшудааш дар рӯзномаи Star-Dast ва паст задани шаъну шарафи зани ҳинд суди Мумбай Мамтаро ба ҷавобгарӣ кашид. Актриса ба суд бо сатр омад. Ташкилотхои исломӣ бо дидани Мамтаи сатрпӯш ба ғазаб омада, таҳдид намуданд, ки актрисаро зинда ба зинда оташ мезананд. Судя Холам Патил аз ғазаби мусулмонон тарсида Мамтаро сари дуроҳа гузошт. Акриса бояд зиндонӣ мешуд ё 15 ҳазор рупӣ ба хазинаи давлат ҷарима месупурд. Мамта ҷаримаро интихоб кард, вале ҳангоми аз толори суд баромадан бо мусулмонҳо дучор гашт. Издиҳоми ба ғазаб омада акрисаро бераҳмона лату кӯб карда, сарашро кал карданд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

 Боли шикаста

Ин моҷаро боли парвози мурғи шуҳрати Мамта Калкарниро шикаст ва ин актрисаи номдорро аз саҳна дур кард. Нақш бозидан он тараф истад, зебосанам аз шарми сари калаш ва аз тарси мусулмонҳо дигар ҳатто ба кӯча баромада наметавонист. Албатта актриса метавонист аз рӯи он муштзӯрон ба додгоҳ арз намояд, вале «зиндагии заминии ҳамаи мо, инсонҳо як санҷиш аст, фардо дар он дунё ҳар кас барои тамоми аъмоли баду нек ва рафтору кирдораш ҷавоб медиҳад» гӯён, ҳаволаи бадро ба Худо супурда аз ватанаш рахти сафар барбаст.

Бахт дар ғарибӣ

Мамта Калкарни дар хориҷа ба шавҳар баромада ҳамроҳи ҳамсараш роҳи тиҷоратро пеш гирифт. Зебосанами пурмоҷаро соҳиби як духтарчаи нозанин гашта, тамоми талхиҳои ҳаёташро фаромӯш кард. Мамта дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуда бошад ҳам, дигар расмҳои урёнашро дар маҷаллаҳо чоп накард, зеро сарашро кал кардани мусулмонҳои ба ғазаб омада барояш дарси ибрат гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД