new banner new years
САВРИГУЛ ҚУРБОНОВА: ЯГОНА ОРЗУЯМ СОҲИБИ ХОНАИ ШАХСӢ ШУДАН АСТ
9068

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Қурбонова Савригул Қаландаровна.

Санаи таваллуд: 12-уми апрели соли 1960 (дар баъзе сарчашмаҳо соли 1961).
Ҷои таваллуд: шаҳри Норак, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Унвон: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990).
Касб: раққоса ва ҳунарпешаи синамо.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби ду писар.
Фаъолияти эҷодӣ: Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1988).
Солҳои 1978-1981 раққосаи ансамбли “Зебо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1981-1985 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев.
Солҳои 1985-2000 сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии “Лола”.
Солҳои 2000-2003 роҳбари бадеии ансамбли “Сомон”.

Қаҳрамони тахайюлӣ

Духтарони зиёд ҷамъ омада буданд, то дар кастинги филми “Муҷассамаи ишқ” иштирок намуда, нақши Санамро соҳиб шаванд. Аммо коргардони филм Умед Мирзоширинов дар тахайюли худ қаҳрамони асосиашро тамоман дигар тасаввур карда, дар ҷустуҷӯи ҳунарпешаи зебо, диққатҷалбкунанда ва дилгармкунандае буд. Коргардон овозае шунид, ки дар Театри давлатии академии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зебосанаме фаъолият мекунад. Ба театр омад ва нафареро дид, ки дар ҳақиқат зебо ва диққатҷалбкунанда буд. “Маҳз ҳамин зебосанам қаҳрамони филми ман буда метавонад”,-аз дил гузаронид, коргардон. Аммо мушкилии асосӣ гирифтани иҷозаи шавҳари ин зебосанам буд. Ниҳоят коргардон шавҳари қаҳрамони худро розӣ карда тавонист. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон филми “Муҷассамаи ишқ” рӯи кор омад.

Кулбаи танг ва дили бузург

Санам нақши асосиро чунон моҳирона бозида буд, ки то ҳол дилбохтагони синамои тоҷик ин филмро ҳамчун филми “Санам ва Бобои Ғаффор” ёд мекунанд. Худи Савригулро бошад, то кунун Санам ном мебаранд. Савригул Қурбонова ба ғайр аз филми “Муҷассамаи ишқ”, боз дар чандин филми дигар ҳам нақшофарӣ кардааст. Ӯ, ки дар филмҳо нақши занҳои сарватманду ҳавобаландро мебозад, қисми зиёди мардум фикр мекунанд, ки Савригул дар ҳаёт низ чунин аст. Аммо онҳо хато мекунанд. Шояд аз ӯ дида хоксортар ва ҳалиму меҳрубонтар касе набошад. Ӯ на дар қасри боҳашамат, балки дар бинои хобгоҳи Вазорати фарҳанг, дар як ҳуҷраи танг ҳамроҳи писару келин ва наберааш зиндагӣ мекунад. “Шояд манзили ман тангу назарногир бошад, вале нафарони дохили он дили бузург доранд”,-мегӯяд, ҳунарпеша.

Ҳисси танҳоӣ ва табассуми гумшуда

Савригул дар шаҳри Норак таваллуд шудаву даврони кӯдакиашро низ он ҷо сипарӣ кадааст. Ӯ хурдтарин ва дар баробари ин, шӯхтарин фарзанди оила буд. Имрӯз ҳунарпеша аз он рӯзҳои хубу бад ёдовар мешавад, ки чӣ гуна падараш вақте аз чорабиние ба хона бармегашт, ҳатман дуторро гирифта, мусиқии рӯҳнавозе менавохт ва Савригули кӯчакро ба рақс даъват мекард. Ҳаяҷонбахшу латиф мерақсид, хандону фаттон арғушт мерафт, сӯзону ларзон ба худ мепечиду меситезид. Ба мағз-мағзи мазмуни суруд ва маънии оҳанг мерасид ва ин ҳамаро пайкараш бо ҳаракати ҷаззоб хеле равшану возеҳ ифода мекард. Дар рақсҳояш навои рӯҳбахши ҳаёт эҳсос мегардид. Муҳаббат ба санъати рақс аз ҳамон вақт дар қалби ӯ пайдо шуда буд. Аммо ӯ намедонист, ки ин арғуштравиҳо ва хандаҳои бебокаш дер давом намекунанд. Дар синни 5-солагӣ падар ва дар 6-солагӣ модарашро аз даст дод. Дар тарбияи апааш, ки ба ҳайси коргардони овоз дар Хонаи радио дар шаҳри Душанбе кор мекард, бузург шуд. Ҳисси танҳоӣ Савригулро ба худ фурӯ бурда буд ва ҳамзамон, табассум аз чеҳраи ӯ ғайб зада.

Роҳ ба сӯйи синамои ватанӣ...

Баъди ду соли хатми мактаби миёна, таҳсилро дар мактаби мусиқӣ идома дод. Баъдан бо хоҳиши апааш ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббӣ супорид, вале дар имтиҳонот иштирок накард. Апааш мехост, ки Савригул духтур шавад, вале худаш намехост. Ба апааш мактуб навишт, ки агар ба рақсидани ӯ иҷозат надиҳад, дигар ӯро зинда нахоҳад дид. Ҳамин тариқ, донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуд. Ғайр аз ин, фаъолияти худро дар ансамбли рақсии “Зебо” оғоз карда, дар чандин намоишномаҳои театрӣ ва телевизионӣ нақш офаридааст. Худованд ба Савригул зебоиро арзонӣ додааст. Ҳусну латофати ӯро дида, коргардонҳо пайваста ба филмҳо даъваташ мекарданд. Дар аввал розӣ набуд. Коргардонҳо исрору пофишорӣ мекарданд. Замоне ки 23-сола буд, бори аввал дар филми коргардон Абдураҳим Қуддусов “Агар дӯст медорӣ” нақши Зеборо бозид. Ин нақш роҳи ӯро ба сӯи синамо боз кард. Имрӯз ӯ дар филмҳои тоҷикие ба мисоли “Хоҷа Насриддин”, “Бигзор ин ҳама хоб бошад”, “Худкушӣ”, “Муҷассамаи ишқ” нақшҳои ҷаззобу фаромӯшношуданӣ офаридааст.

Ғайб задани марди хонадон

Савригул ба ҷавоне бо исми Зайниддин ба шавҳар баромад. Шавҳараш мураббии варзиш буд ва ҳамзамон, рӯйи чандин лоиҳаҳои тиҷоратӣ кор мекард. Марди кордон буд ва барои зиндагии шоиста тамоми шароитро муҳайё мекард. Савригул аз омад кардани бахташ хушҳол буд. Меболид, ки пас аз ин қадар ранҷу азоби кӯдакӣ ва аз даст додани падару модараш, бо нафаре хушбахт аст. Бинобар ин, чанд муддат тарки саҳна кард ва худро пурра ба оилааш бахшид. Фарзанди нахустинаш ба дунё омад. Оилаи ҷавон хурсанд буданд. Писари дувумашро низ ба дунё овард. Савригул худро мисли малика эҳсос мекард. Фарзандон дар шароити хуб тарбия меёфтанд ва аз чизе танқисӣ намекашиданд. Ҳодисае рух дод, ки зиндагии Савригул куллан тағйир ёфт. Шавҳари меҳрубонаш тиҷорати худро аз даст дод ва ногаҳон ғайб зад. Касе намедонист, ки ӯ ба куҷо рафтааст. “Чанд рӯз ба хона барнагашт. Ман фикр мекардам, ки бо ӯ чӣ ҳодиса рух дода метавонад. Агар ӯ ба ҷое мерафт, ҳатман бо ман маслиҳат мекард ва бегоҳ ба хона меомад. Ӯро меҷӯстам, аз ҳама хешу табор ва наздикон пурсидам, вале ҳамааш бефоида буд”,-бо дарди дил нақл мекунад, Савригул.

Чор соли интизорӣ

Давоми чор сол ҳунарпеша шавҳарашро кофтукоб кард. Ба натиҷае нарасид. Қарор дод, ки гузаштаро фаромӯш кунад ва аз пайи таъмини зиндагиаш шавад. Кор ёфт, вале маошаш басанда набуд. Ба хотири он ки фарзандонаш аз чизе танқисӣ накашанд, шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, дар панҷ ҷой кор мекард. Аз як тараф кори хонаву тарбияи фарзандон ва аз тарафи дигар ғаму ғурбати шавҳари гумшуда. Баъди чор соли интизорӣ ва ҷустуҷӯ фаҳмид, ки шавҳараш дар Русия будааст. Дар аввал барои фарзандонаш кам-кам маблағ мефиристод, вале баъдан гуфтааст, ки корҳояш бад аст ва дигар кӯмак карда наметавонад. Аз ӯ дигар на хат буду на хабар. Фарзандони Савригул бузург мешуданд ва зиндагӣ низ то рафт мушкилтар мешуд. Дар майнаи ӯ як гап тоб мехӯрд: “Фарзандонам бояд маълумоти олӣ гиранд!”

Дар орзуи хонаи шахсӣ

Савригул маҷбур шуд, ки хонаи панҷҳуҷрагии худро фурӯшад. Як қисми маблағро ба таълими кӯдакон ва қисми дигарро барои рӯзгузаронӣ масраф кард. Шавҳараш дар ғарибӣ бемор ва дастнигари писаронаш аст. Худи Савригул кор мекунад, вале моҳонаи ӯ ба таъмини пурраи рӯзгор нокифоя аст. Яке аз писарони ӯ маҷбур шуда, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад. Санаи 12-уми апрели имсол Савригул Қурбонова 60-сола шуд. Новобаста аз марги волидон дар айёми хурдӣ, ғайб задани шавҳар, тани танҳо калон кардани фарзандон ва ин қадар ғаму ғурбати зиндагӣ Савригул ҳоло ҳам ҷавон аст. Чеҳрааш намегӯяд, ки ӯ 60-сола аст. Ягона орзуи ӯ соҳиби хонаи шахсӣ шудан аст. Мехоҳад, ки дар хонаи худ дар ҳалқаи фарзандону наберагон дами пирӣ биронад. Хуб мешуд, шахсони хайрхоҳ ва давлату Ҳукумат ба ин бону, ки чанд соли умри худро барои рушди синамои тоҷик сарф кардааст, кӯмаке кунанд. Дари кулбаи хоксоронаи Савригул ҳамеша барои дӯстон боз аст.

Мавод бо такя ба сомонаи “Dialog.tj” ва “Википедиа-донишномаи озод”-и ҳунарпеша омода шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД