ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1498

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз метавонед бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ шавед. Сабаб он аст, ки бо одамон зуд мувофиқа намекунед. Баъзеҳо шояд шуморо танқид кунанд ё ваъдаҳои иҷронакардаатонро ёдрас шаванд. Хатоҳои гузашта низ ба хотир омада, каме нороҳататон мекунад. Аммо бо сабру оромӣ ҳама чизро ҳал мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат сюрпризҳо ва лаҳзаҳои ширин интизоранд.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯзи хушу пурбаракат аст. Имкониятҳои зиёде доред, то нақшаҳои деринаи худро иҷро кунед. Эҳтимол дар кор ё зиндагӣ ғалаба ба даст оред. Гуфтушунидҳо бо одамон хуб мегузаранд ва ҳатто бо касоне, ки қаблан ихтилоф доштед, дӯст мешавед. Имкони пешрафт дар кор зиёд аст. Роҳбарият қобилияти шуморо мебинад ва шояд пешниҳоди фоидаовар кунад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз рӯйдодҳои ғайричашмдошт зиёд мешаванд, вале аксарашон хушхабар хоҳанд буд. Нофаҳмиҳои гузашта бо одамон ҳал мешаванд ва муносибатҳо гарм мегарданд. Танқиди дигарон ба тавсифи шумо табдил меёбад. Дар кор шояд каме таъхир ё душворӣ бошад, вале мушкили ҷиддӣ нест. Имрӯз рӯҳияатон баланд ва умедатон зиёд аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор ва пур аз имкониятҳо аст. Барои шиносоии нав ё барқарор кардани робитаҳои кӯҳна фурсати хуб доред. Шахси дӯстдошта шуморо мефаҳмад ва дастгирӣ мекунад. Эҳтимол идеяи хуби корӣ ё тиҷоратӣ пайдо кунед, ки баъдтар пули хуб меорад. Бегоҳ бо дӯстон вохӯрда, истироҳат кунед. Шояд як хабар каме нохуш бошад, вале зуд мегузарад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар касбу кор диққат ва эҳтиёт муҳим аст. Агар ба ҳамкорон кумак кунед, дар ҷавоб миннатдорӣ мебинед. Бо наздикон низ бо эҳтиёт рафтор кунед, то нофаҳмӣ рух надиҳад. Ҳамеша ростқавл бошед, чизеро пинҳон накунед. Барои харидани асбобҳои техникӣ ё телефон имрӯз вақти мувофиқ нест.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз бояд ҷиддӣ ва фаъол бошед. Корҳо талаб мекунанд, ки қатъият нишон диҳед ва аз душвориҳо наҳаросед. Агар касе шуморо асабонӣ кунад, оромиро нигоҳ доред. Эҳтимол бо баъзе ҳамкорони пешина роҳатон ҷудо шавад. Наздикон низ бо рафторашон шуморо каме ба ташвиш меоранд. Шояд корҳои дигаронро анҷом диҳед ва то шом хаста шавед. Бегоҳ ҳатман истироҳат кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз робита бо одамон каме душвор мешавад. Шояд суханҳои шуморо нодуруст фаҳманд ё беасос танқид кунанд. Ҳатто дӯстони наздик метавонанд шуморо ноумед созанд. Беҳтараш имрӯз танҳо кор кунед ва ба касе умед набандед. Рӯзи пур аз таҷриба ва омӯзиш аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз эҳтимол хабари нохуш шунавед, махсусан дар масъалаи пулӣ. Хароҷоти ғайричашмдошт пеш меояд. Кӯшиш кунед имконоти худро дуруст арзёбӣ намуда, кори вазнинро ба дӯш нагиред. Гуфтушуниди ҷиддиро ба рӯзи дигар гузоред. Барои болидарӯҳӣ сафари кӯтоҳ ё сайр дар табиат хуб аст. Шом шиносоии ҷолиби ошиқона имкон дорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯзро бо наздикон гузаронед, онҳо ба шумо қувва мебахшанд. Якҷоя ба сайр ё сафар рафтан рӯҳиятонро беҳтар мекунад. Дар ҷодаи муҳаббат рӯзи мусоид аст, вохӯрии ошиқона хуб мегузарад. Корҳо шояд дилгиркунанда бошанд, вале онҳоро бе шитоб анҷом диҳед. Дар масъалаи пулӣ эҳтиёт бошед ва ҳар як қадамро санҷида гузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз шояд як кори деринаатонро ба анҷом расонед, вале аз натиҷа чандон хушҳол намешавед. Баъзан заҳмататонро дигарон қадр намекунанд. Аммо рӯҳафтода нашавед, муҳим он аст, ки таҷриба мегиред ва минбаъд ба ҳар кас бовар намекунед. Шом наздикон метавонанд ба ёрӣ ниёз дошта бошанд. Ба онҳо бо меҳрубонӣ кумак кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз аз баҳсу ҷанҷол бо наздикон дурӣ ҷӯед. Ҳатто баҳси хурд метавонад ба муноқишаи калон табдил ёбад. Масъалаҳои ҷиддиро имрӯз муҳокима накунед. Аз мавзуҳои кӯҳна, ки қаблан нофаҳмӣ оварда буданд, канорагирӣ кунед. Каме асабонӣ мешавед, вале ҳамааш бо сабр ва оромӣ мегузарад. Барои ором шудан танҳо монед ё бо кори дӯстдошта машғул шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД