Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз имкони ба сафару саёҳат баромадан пайдо мешавад, вале ба хотири бехатарии шахсиатон ба роҳҳои дур рафтанро тавсия намедиҳем. Рафту байни шумо ва дӯстдоштаатон ягон нофаҳмӣ сар занад, беҳтараш бо ӯ баҳсу мунозира накунед. Гӯшатонро ба карӣ зада, чунон вонамуд созед, ки чизеро намешунавед, дар акси ҳол байнатон ҷанҷолу пархош бархоста, кор то ҷудоӣ мерасад.
Савр (20 апрел-20 май)
Албатта, зиндагӣ бе пастиву баландиҳо намешавад ва ин рӯз низ истисно нест. Баъзе ҳодисаҳои майда-чӯйдаи асабхаробкунанда рӯй медиҳанд, вале дар маҷмуъ чархи гардун ба коми шумо хоҳад гашт. Шумо то ин дам шабу рӯз бо ҳалли мушкили дигарон машғул будед, вақте расидааст, ки аз пайи ба низом даровардани зиндагии шахсии худатон шавед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Ин рӯз дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Шиори шумо дар ин рӯз бояд «ҳафт бор чен карда, баъд бур» бошад. Тамоми ҳуҷҷатҳоро пеш аз имзо гузоштан нағзакак санҷед, дар бораи одамоне, ки бо онҳо сару кор мегиред, маълумот ҷамъ кунед, хулоса, эҳтиёт шавед, то ба доми фиреби ҳаннотону мардумфиребон наафтед. Ба хотири маблағи зиёд ба даст овардан ҷони худро дар хатар нагузоред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Эҳтимоли ба ҳодисаҳои ногувор рӯ ба рӯ гаштанатон вуҷуд дорад, бинобар ин, ба ашхоси ношинос сару кор гирифтанро тавсия намедиҳем. Рози дилатонро ба ҳар кас нагӯед, дӯсту душманро аз сирру асрори худ огоҳ сохта, рӯятонро бо дасти худатон сиёҳ накунед. Эҳтимоли шамол хӯрдан ва дарди миён зиёд аст.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз душманонатон кӯшиш менамоянд, ки дар сари роҳи шумо чоҳ кананд, эҳтиёт шавед. Асадҳои ошиқро лаҳзаҳои гуворои ошиқона интизоранд. Шахсе, ки дӯсташ медоред бо як сюрпризи ногаҳонӣ шуморо ба дунёи нави меҳру муҳаббат мебарад. Асадҳое, ки як бор киштии бахташон шикастааст, ин рӯз дубора бахти худро ёфта метавонанд, агар тақдирро гунаҳкор карда нашинанду ба сайди мурғи бахт бароянд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ин рӯз шумо хеле фаъол мешавед ва ҳама нақшаҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Барои оғоз намудани кори нав бисёр вақти мусоид аст. Донишу малакаи худро нишон дода, шумо метавонед бо кумаки ситораи иқбол қуллаҳои баландтаринро фатҳ намоед. Сунбулаҳои корчаллон нимаи дуюми рӯз даромади пулӣ ба даст меоранд. Ягона коре, ки дар рӯзи нав шумо бояд аз он дурӣ биҷӯед, дар масъалаҳои вобаста ба пули шахсони бегона дахолат намудан аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Корҳоятон ин рӯз табъи дил ҷараён намегиранд. Танҳо дар сурати гузашт намудан ва ҳамдигарфаҳмӣ бо шарикони кориатон шумо метавонед ба баъзе пешравиҳо муваффақ гардед. Осуда зистан хоҳед, ба корҳои дигарон бинӣ нахалонед, дидед, ки ду кас баҳсу мунозира доранд, роҳатонро дигар намуда, худро нодида вонамуд карда гузаред. Саломатиатонро эҳтиёт намоед, хатари бемор шуданатон вуҷуд дорад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Айни замон атрофиён ҳамеша шуморо васф менамоянд, вале ба хотири дилхуш сохтани дигарон ба ҷони худ ҷабр накунед. Саломатиатонро аз даст додан нахоҳед, ба вақт ва қувваю тавоноиятон нигоҳ карда кор кунед. Агар ҳамин хел бори ҳамаро бар дӯши худ гирифта гаштан гиред, оқибат аз по меафтед. Кӯшиш намоед, ки барои ҳаёти шахсиатон ҳам вақт ёбед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Нимаи аввали рӯз беҳтараш танҳо бо масъалаҳои марбут ба хона ва аҳли хонавода машғул шавед, зеро дар ин давра хавфи сар задани моҷароҳои оилавӣ дар ҳаёти зодагони бурҷи қавс хеле калон аст. Баҳсу мунозираҳо ба ҷуз дилсиёҳӣ дигар ба шумо чизе дода наметавонанд, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки бо пайвандонатон дағалӣ накунед. Нимаи дуюми рӯзро пурра ба кор бубахшед. Шумо метавонед даромади калони пулӣ ба даст биёред, агар сидқан меҳнат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Саломативу бехатарии наздиконат аз шумо вобаста аст, бинобар ин, нисбати пайвандонатон бепарво набошед. Ҳунару маҳорататонро қадрдонӣ менамоянд, агар ин рӯз ягон кори навро оғоз намоед. Ҷаддиҳои оиладор набояд дар сар фикри хиёнатро дошта бошанд, вале онҳое, ки муҷарраданд, нотарсона дар майдони муҳаббат бахташонро санҷида метавонанд. Никоҳҳое, ки ин рӯз баста мешаванд, танҳо хушбахтӣ меоранд.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар ҳаёти нафаре ҷудоӣ, дар дигаре хориҷ шудан аз ҷойи кор, дар саввумӣ ноумедию дар чорумӣ барору комёбии бузурге, ки дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд-хулоса ин рӯз барои зодагони бурҷи далв бисёр рангин ва пур аз таззодҳои гуногун хоҳад гашт. Талхакаф нашавед, на ҳама тағйиротҳо бар зарари шумоянд. Тақдир як дарро ба рӯятон бандад, даҳ дари дигарро мекушояд, агар руҳафтода шуда, кунҷи танҳоиро нагиред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Кӯшиш намоед, ки нақшаҳои калонтаринатонро дар нимаи аввали рӯз ба сомон расонед. Нимаи дуюми рӯз дар ҳаёти яке аз аъзоёни оила ё хеши наздикатон мушкилоте сар зада, шуморо маҷбур месозад, ки худро фаромӯш намуда, аз пайи дигарон давед. Забонатонро нигоҳ доред, асрори худро ба ҳар кас нагӯед, ки шармандаи дӯсту душман мешавед.