Ҳамал (21 март-19 апрел)
Дар ин рӯз ҳамалҳо тамоми қуввату маҳорати худро барои рафъи мушкилоти молиявӣ равона месозанд. Қабл аз он ки аз пайи коре шавед, реҷаи кори худро дуруст ба роҳ монед, барои саломатии худ вақти бештар ҷудо кунед. Азбаски қувваи зиёди ҷисмонӣ сарф мекунед, бояд нағзакак истироҳат кунеду қоидаҳои гигиениро риоя намуда, ҷисман обутоб ёбед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар ин рӯз саврҳо бояд қабл аз ҳама ба қувваву маҳорати худ бовар карда тавонанд. То ин дам шумо тамоми қобилиятҳои худро рӯшан накардаед. Агар барои сар кардани коре ҷуръат надоштед, айни замон бароятон имконияти мусоид фароҳам меояд. Нимаи аввали рӯз бояд бо тамоми қувват кор кунед. Барои дилдодагон рӯзи пур аз шодиву нишот аст. Ба хотири шод сохтани хотири дӯстдоштаатон кӯшиш намуда, шумо сифатҳои беҳтарини худро кашф месозед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи хубест барои хубтар сохтани муносибат бо хешовандони наздик. Нисбати наздиконатон ғамхорӣ зоҳир намуда, уҳдадориҳои оилавиро оиди рӯбучини хона ё таъмин намудани оилаатон бар дӯши худ гиред. Корҳои нотамомро ба охир расонед. Агар мушкилоти рӯзгорро ба зудӣ рафъ карда тавонед, вақти холиро дар танҳоӣ гузаронед ё меҳмон қабул кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Муносибати саратонҳо дар ин рӯз бо атрофиён, дӯстону наздикон ва ҳамсояҳо беҳтар мегардад. Агар қаблан бо нафаре қаҳрӣ будед, вақте расидааст, ки оштӣ шавед. Дар ин рӯзҳо аз воқеаҳои муҳимтарин бохабар мегардед. Тамоми хабарҳои даркорӣ тавассути дигарон ё роҳи дигар ба шумо омада мерасад. Нафаре дар ҳалли мушкилаш аз шумо маслиҳат мепурсад. Рӯзи хубест барои таҳсил ва сафарҳои кӯтоҳмуддат.
Асад (23 июл-22 август)
Агар шумо дар ҷустуҷӯйи кор бошед, дар ин рӯзҳо кори табъи дилатонро пайдо мекунед. Ба мақсади худ хеле наздик мерасед. Муҳимаш мақсад дошта бошеду барои ба даст оварданаш кӯшиш ба харҷ диҳед. Бо сабаби гуногун будани нуқтаи назаратон нимаи дуюми рӯз муносибатҳоятон бо дӯстдоштаатон андаке вайрон мешаванд. Он чизе, ки барои шумо муқаррариву дастрас аст, барои ёратон мамнуъ буда метавонад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст занед, муваффақ мегардед. Сунбулаҳои калонсол бо нафари одиле шинос мешаванд, ки омӯзгору роҳнамояшон гашта тавонад. Нимаи дуюми рӯз дар зиндагии сунбулаҳои оиладор нофаҳмиҳо дар назар аст. Роҳи ҳалли мушкилиҳоеро, ки қаблан дар рафъ намуданаш оҷизӣ мекашидед, бояд пайдо намоед. Агар вазъи молиявиатонро беҳтар кардан хоҳед, зиндадилу одамдӯст бошед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ин рӯз мизонҳо баъзе масъалаҳои нозукро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳар хабареро, ки аз он огаҳӣ пайдо мекунед, махфӣ нигоҳ доред. Диққати атрофиёнро ба худ ҷалб накарда, дар бораи марому мақсадҳоятон ба касе чизе нагӯед. Дар ин рӯзҳо вазъи молиявии худро ба эътидол оварда, нисбати дигарон нуктасанҷона амал менамоед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Ақрабҳо дар ин рӯз муносибатро бо ҳамсафари ҳаётӣ ё ҳамкори тиҷоратӣ мустаҳкам месозанд. Агар қаблан бо ҳам ногап будед, бо осонӣ оштӣ мешавед. Самимитар бошед, агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед. Агар аз дигарон амали некро интизор бошед, некхоҳ бошед. Бо атрофиён муносибатро зичтар намоед, он гоҳ нафарони зиёде бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Нафарони дар бурҷи қавс тавлидёфта бояд боисрору мақсаднок бошанд, он гоҳ ба мақсад мерасанд. Нимаи аввали рӯз бобарор меояд, корҳоятон бо осонӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Нимаи дуюми рӯз бад шудани вазъи саломатиятон ва пеш омадани баъзе мушкилиҳои ночиз табъатонро тира месозанд. Дар ҳалли масъалаҳои муҳим шитобкорӣ накунед, ҳама кор вақту соати худро дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯз барои ба сафар баромадану бо илмомӯзӣ машғул шудан созгор аст. Давраи хеле неки умратон фаро мерасад, дар ҷодаи муҳаббату корҳои ҳаррӯза барор ҳамсафари шумо мегардад. Агар истифодабарандаи фаъоли шабакаи интернет бошед, бо нафаре шинос шуда, аз эҳтимол дур нест, ки шиносоии шумо ба муҳаббати виртуалӣ мубаддал мегардад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз далвҳо имкони маблағгузорӣ карданро пайдо мекунанд. Агар кайҳо нақшаи беҳтар сохтани шароити зиндагиро дар сар доштед, барои ин кор шароити мусоид фароҳам меояд. Муносибатҳои оилавиатон хуб ҷараён мегиранд. Нисбати хешовандони калонсолатон, волидон, бобову бибӣ меҳрубонӣ зоҳир намоед. Кумак хостанашонро интизор нашуда, ташаббус зоҳир намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳутҳо бояд муносибати худро бо атрофиён беҳтар созанд. Атрофиён бо пешниҳоду хоҳишҳояшон муроҷиат мекунанд. Шумо бояд бодиққат хоҳишҳояшонро гӯш карда, хулосабарорӣ намоед, он гоҳ муносибатҳоятон на танҳо бо атрофиён, балки бо ҳамкорон беҳтар мегардад. Инчунин ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёр бошед.