Дӯстмурод Шариповро аксари мухлисони ҳаҷву ханда ҳамчун Дон-Жуани тоҷик хеле хуб мешиносанд ва аз ҳазлҳои намакинаш лаззат мебаранд.
Филмҳои мусиқӣ-мазҳакавии “Овораи ишқ”, “Меҳмони нохонда” ва “Домод дар иҷора”Дӯстмуродро ҳамчун ҳаҷвнигори зираку хушзавқ муаррифӣ намуда, азизи дили ҳазорон-ҳазор одамон гардонидаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳунарманди ҷавон ҳаводорони зиёде дорад, ки мехоҳанд аз ҳаёти хонаводагии Дӯстмурод воқиф бошанд. Ба хоҳишу дархости ана ҳамин муштариёни ҳунараш мо дар зодгоҳи Дон-Жуан меҳмони нохонда гашта, барномаи ҷолибе омода намудем, ки тамошояш ба кас як ҷаҳон лаззат мебахшад.