Arzon march 2024
Оила
4928


Шаҳриёр Давлатов, овозхони шинохтаи кишвар, ки баъди моҷарои шадид ва кашмакашиҳои доманадори судӣ бо модарарӯсаш дар соли 2016 аз зангирӣ қимоб шуда буд, ниҳоят пас аз се соли танҳоӣ дар саҳифаи Инстаграмм ба мухлисони ҳунараш паём додааст, ки ба наздикӣ издивоҷ карданист.

“Вақташ расид, акнун зан мегирам!” навиштааст ин ҳунарманди ҷавон. Ба хабарнигори сомонаи “Оила”муясар гашт, ки сари ин мавзӯи ҳасос бо худи сароянда сӯҳбат намояд.

Шаҳриёр Давлатов хабари дар ИНСТАГРАММ-паҳнгаштаро рад карда, гуфт:
-Муддати зиёд аст,ки ман аз сомонаҳои иҷтимоӣ умуман истифода намебарам, эҳтимол ягон Шаҳриёри сохта аз номи банда ин хабарро паҳн намуда, дар байни мардум овозаи бе асос паҳн карда бошад...
Зимни сӯҳбат Шаҳриёри Давлат ҳамчунин қайд кард, ки солҳои охир нафарони зиёде аз номи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушода, ҳар хел сафсаттаҳо менависанд ва постҳои бардурӯғ мегузоранд.



Ишқварзиҳои бетартибона ва аз ҳад зиёд шароб нӯшиданаш боиси он гашт, ки саломатии Селена боз бад шавад.



Ба суоли мо дар мавриди он ки нияти издивоҷ кардан дорад ё не, ин ҳунарманди ҷавон чунин посух дод:
-Ман намегӯям, ки як умр муҷаррад мемонам ё аз зан қимобам. Ҳамин сол ният дорам, ки бо интихоби волидонам қасри бахтамро бунёд сохта, зиндагии хушро соҳиб мешавам.
Саволи мо дар мавриди овозаи дигар, ки гӯё бо русдухтаре ишқварзӣ мекунад ва нияти зани рус гирифта, ба Русия кӯч бастан дорад, Шаҳриёрро ба андеша водор намуд. Пас аз каме фикр кардан овозхон чунин гуфт:
-Росташро гӯям, ман бо духтаре бо исми Юлия шинос шуда будам, аммо ишқу муҳаббати мо дер напоид. Дигар дар фикри зани рус гирифтан нестам, чунки модарам аллакай барои ман арӯси муносиб пайдо кардааст. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик мо фотиҳа мешавем. Интизор бошед, шуморо ба оши тӯй ҳатман хабар мекунам!
Шаҳриёр Давлатов, овозхони 28-солаи тоҷик дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Ӯ соли 2014 ба саҳнаи калон роҳ ёфта, бо суруди “Маро бубахш, падар” миёни мухлисони таронаҳои эстардӣ машҳур гашт. Дар баробари овозхонӣ ин овозхони ҷавон ҳамчунин дар ду филми тоҷикӣ нақши марказиро бозидааст.
Шаҳриёр Давлатов се маротиба хонадор шуда бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандида бо сабабҳои гуногун аз ҳар се ҳамсараш ҷудо шудааст. Издивоҷи навбатӣ барои Шаҳриёр чаҳорумин аст ва ӯ ният дорад, ки ресмони зиндагиро аз ин пас махкам дошта, мурғи бахташро дигар аз чанг раҳо накунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
хамиртуруш 2019-08-17, 00:02
Ин шахриери давлат як занчаллоб. духтарони мардумро ба хаёташон бози мекунад. фикр намекунадки оянда у хам духтар дорад. ё хаминхел доим чавон намемонад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
хамиртуруш 2019-08-17, 00:02
Ин шахриери давлат як занчаллоб. духтарони мардумро ба хаёташон бози мекунад. фикр намекунадки оянда у хам духтар дорад. ё хаминхел доим чавон намемонад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД