Сарояндаи шинохтаи тоҷик Наимҷони Сайдалиро дар рӯзи равшан ғорат кардаанд. Рустам Азимӣ, хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ бо шунидани ин хабари нохуш ба Наимҷон занг зад, то ки ҳақиқати ҳолро аз забони худи сароянда бифаҳмад.
Наимҷон хабари ба яғмо рафтани пулҳояшро тасдиқ намуда, гуфт: “Ман як одати бад дорам, ки дари мошинамро маҳкам намекунам. Ана ҳамин одатам ба сарам бало оварда, боиси дар байни чанд лаҳза аз даст рафтани маблағи калон гашт...”
Дар идомаи сӯҳбат овозхони ҷавон ҳодисаро ба тафсил нақл карда, гуфт, ки чанд рӯз қабл бо мақсади харидани меваю сабзавоти тару тоза ба бозори марказии шаҳри Бохтар рафта буд. Мошинашро каме дуртар аз бозор дар сари роҳ монда, барои харид кардан медарояд. Сароянда дар бозор чандон вақти зиёдеро ҳам сарф накардааст, вале мегӯяд, вақте ки бо халтаҳои пур аз маҳсулот аз бозор баромадам, аллакай кор аз кор гузашта буд...
“Дари мошинро нимроғ дида, дилам таҳ кашид, зеро дар бордонча (бардачок)-и мошинам шаш ҳазор доллари амрикоӣ пул доштам. Маблағи мазкурро барои сабти клипи нав ҷамъ карда будам ва бояд ҳаққи хизмати коргардон, наворбардор, навозандаю танзимгаронро пардохт менамудам. Дарро кушода дида, осемасар халтаҳоро ба замин гузоштам ва бардачокро кушодам, аммо аз пул ному нишон набуд...” қисса мекунад бо афсӯс Наимҷони Сайдалӣ.
Ногуфта намонад, ки ба ғайр аз шаш ҳазор доллари амрикоӣ дуздон аз мошини ин сарояндаи муваффақ ҳамчунин як адад ангуштарини нуқрагини арзишаш 35о сомонӣ ва айнаки 100-доллараи Наимҷонро ба яғмо бурдаанд.
Бо умеди он ки шояд дуздон ба навори камера афтода бошанд, Наимҷон ба маркази савдои “Суман” медарояд, аммо ба бахти бади сароянда дар ин мағозаи калон низ камераи назоратӣ набудааст.
Ба саволи мо дар мавриди он ки ба яғмо рафтани пулҳояш ӯро то куҷо ғамзада кард, Наимҷон чунин ҷавоб дод:
-Ғам хӯрдан дигар фоида надорад, чунки аздусар дузд ҳаргиз чунин пули калонро дубора бар намегардонад. Кӯшиш мекунам, ки аз ин пас эҳтиёткор шавам. “Пулатро ба ҷо мону ҳамсояатро дузд нагир”гуфтани халқ беҳуда набудааст, агар ман дари мошинамро маҳкам мекардам, шояд чунин ҳодиса рӯй намедод...