Formula novemver 2024
Ситораи синамои турк зани тоҷик мегирад?  
2575

 

Маҳмад Акиф Алокурт 23-июли соли 1979 дар шаҳри Истамбули Туркия таваллуд шудааст.

Падараш хизматчии ҳарбӣ ва модараш дӯзандаи машҳури ин сарзамин аст. Одатан писарҳо аз паси касби падар мераванд, вале Маҳмадро аз овони кӯдакӣ пайроҳаи зебои ҳунари нафиси модараш ба сӯйи худ мекашид. Ҳамин буд, ки ин ҷавони хушқаду қомат рӯ ба мӯд оварда, дар муддати начандон кӯтоҳ тамоми нозукиҳои ин пешаро аз худ намуд. Аллакай дар синни 19 солагӣ Маҳмад Акиф Алокурт ҳамчун моделер дар саросари Туркия шуҳрат дошт. Соли 2001 ин ҷавони ситорагарми саропо ҳунар дар озмуни моделерҳои машҳуртарини Туркия ҷойи аввалро ишғол намуда, баъдан ғолиби озмуни «Беҳтарин моделери ҷаҳон» гашт.

 

Аз мӯд ба синамо

Қаду басти зебо ва овози ширини Маҳмад натанҳо диққати мӯдсозон, балки афроди дилбохтаи ҳунарро низ ба худ ҷалб кард. Киноматографистон дар симои Маҳмад ситораи дурахшонро эҳсос намуда, соли 2002 ин ҷавони аз олами синамо дурро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Аввалин филме, ки Маҳмад Акиф дар он нақш бозид, «Оинаи шикаста» ном дошт ва ба ин ҷавони зебо шуҳрат овард. Мухлисони зиёд пайдо намудани “Оинаи шикаста”-ро дида, иштиҳои коргардонҳо боз ҳам қозгиртар гашт ва Алокуртро якбора ба ду филми нав даъват намуданд. Серриали “Метро полис» аз филми «Шохи дарахти зайтун» тамоман фарқ дошта бошад ҳам, ин ҷавони ҳунарманд тавонист аз уҳдаи офаридани ду нақши бо ҳам мухталиф ба дараҷаи аъло баромада, миллионҳо тамошобинонро мафтун созад.

 

“Сыла”-билети шуҳрат

Муваффақият пайдо намудани қаҳрамонҳои “Метро-полис” ва “Шохи дарахти зайтун” боис гашт, ки аз байни ҳазорон довталабон офаридани нақши Борон, шавҳари Сыларо маҳз ба Маҳмад Акиф Алокурт бовар намоянд. Ҳодисаҳои филм бисёр тезутунд ва пурпечутоб буда, на ҳар ҳунарманд метавонад аз уҳдаи офаридани ин нақши мураккаб барояд. Борон, ҷавони таҳсилдида, бо ақлу хирад, меҳрубону дилсӯз ва замонавист, вале дар муҳите зиндагӣ мекунад, ки саропо дар хурофот ғарқ гаштааст ва ҷазои касе, ки қадам аз амри “Пирон” берун мегузорад, марг аст. Падари Борон сарвари музофот аст, вале духтараш бар рағми анъанаҳои аҷдодӣ баромада ба Озод ном ҷавони камбағале дил мебандад ва ҳамроҳи ошиқаш фирор мекунад. Бо амри падараш ва “Пирон” Борон гурезаҳоро дастгир мекунад, вале меҳри бародарӣ намегузорад, ки даст ба қатли ин ошиқони зор занад. Масъала танҳо бо ду роҳ ҳал мешавад: Ба қатл расонидани ошиқони гуреза ё бар ивази хоҳараш духтареро аз хонаводаи ҷавони ошиқ ба занӣ гирифтани Борон. Ҷавон дар байни дуроҳаи тақдир ҳайрон монда, билохира розӣ мешавад, ки хоҳари Озодро ба занӣ бигирад. Хоҳари Озод Сыларо дар синни хурдсолӣ бар ивази пули калон ба як марди сарватманд ба фарзандхондӣ дода буданд. Падару модари ҷавон барои наҷот додани ҷони писарашон бо роҳи фиреб духтари фурӯхтаашонро дубора ба хонаи худ оварда, зӯран ба Борон ба шавҳар медиҳанд. Сыла дар муҳити дигар, дар шаҳр тарбият ёфта, духтари замонавист ва расму таомули қавму қабилаи шавҳараш дар назараш куҳнашудаю бераҳмонаю даҳшатангез менамояд. Арӯсу домоди зӯран издивоҷ намуда аввал душмани ҷони ҳамдигар мегарданд. Сыла ба шавҳараш нафрат дорад ва ӯро қотилу одамкуш мешуморад ва ҳатто ба вай муяссар мегардад, ки аз хонаи хусураш фирор намояд, вале баъди аз зиндони хушдоман озод шудан арӯсаки мағрури шаҳрӣ эҳсос мекунад, ки дар муддати кӯтоҳи ҳамзистӣ Боронро дӯст доштааст. “Пирон” Сыларо барои фирор намуданаш ба марг маҳкум менамоянд. Борон бояд аз рӯйи таомули аҷдодӣ бо дасти худаш ҳамсари фирориашро ба қатл расонад, вале...

Маҳмад Акиф ва Ҷонсӯ Дарё образҳои Борон ва Сыларо чунон пуртаъсир офаридаанд, ки кас наметавонад ин филмро бе оби дида тамошо кунад. Дили сангинтарин одам ҳам аз дидани азобу ранҷҳои Сылаи нозанин ва шавҳари шуҷоаш Борон ба дард меояд. Силсилафилм натанҳо дар Туркия мухлисони бешумор пайдо намуд, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум чашм аз экран наканда, “Сыла”-ро тамошо мекарданд. Бо шарофати ин филм номи Маҳмад Акиф Алокурт дар ҷаҳон машҳур гашт.

 

Шоҳроҳи ҳунар

“Сыла” нархи Маҳмад Акиф Алокуртро ҳамчун актёр ба осмони ҳафтум бардошт. Аз сараш борони сенария борад ҳам, акнун актёр танҳо он филмҳоеро қабул мекард, ки ба худаш писанд ва албатта гонорари калон дошта бошанд. Аз байни садҳо коргардон танҳо ба офарандагони филмҳои “Аданалин” ва “Рейс”муяссар гашт, ки бо ин актёри машҳур шартнома бубанданд. Маҳмад Акиф дар “Аданалин” нақши авбошро мебозаду дар “Рейс” летчик Мурод аст, ки ба хотири ишқи як духтараки камбағал шуда аз баҳри ҳама чиз мегузарад. Арӯси Мурод-Оиша дар рӯзи тӯйи арӯсаш домоди ғулмонандро дида аз хонаи падараш фирор намудааст. Оиша қасди худкушӣ дорад, вале Мурод ӯро аз марг наҷот медиҳад.

Тавре, ки мебинем ягон нақшҳои офаридаи Маҳмад Акиф Алокурт ба дигараш монанд нест, дар як филм вай ошиқи шайдо аст, дар дуюмин ҷавони мубориз аст, дар саввумӣ авбошу дар чорумӣ образи кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи қаҳрамони таърихиеро зинда мекунад. Аксарият бар он андешаанд, ки Фотеҳи офаридаи Маҳмад Акиф аз қаҳрамони сериали машҳури “Великолепний век” Султон Сулаймон беҳтар баромадааст, ҳарчанд ҳарду филм ҳам ҳодисаҳои дар як аср рӯйдодаро инъикос менамоянд.

Шавҳари “Сыла” арӯс мекобад?

Маҳмад Акиф ягона ҳунармандест, ки ба сомонаҳои иҷтимоӣ ворид гаштанро хуш надорад. Ӯ табиатан марди ҷиддӣ аст ва дар бораи худ ба атрофиён маълумот доданро дӯст намедорад. Журналистон мисли соя аз пасаш даванд ҳам, ҳеҷ сирру асрори зиндагии пасипардагии ин ҳунарманди машҳурро кушода натавонистанд. Бисёри газетаю журналҳо дар бораи муносибатҳои ошиқонаи Маҳмад Акиф Алокурт бо ҳамсари кинофилмиаш «СЫЛА» актриса Ҷонсу Дарё тахмину гумонҳои худро навишта бошанд ҳам, исбот намудани ҳақиқати ин гуфтаҳо ба ягонтоашон муяссар нагашт. Маҳмад ин овозаҳоро на тасдиқ мекунаду на инкор, Ҷонсӯ бошад, мисли ҳама духтарон аз ошкор намудани ҳақиқат худдорӣ намуда, мегӯяд: “Ману Маҳмад танҳо дар кино ошиқи шайдои ҳамдигар ва зану шавҳар ҳастему халос, дар зиндагии воқеӣ моро чизе бо ҳамдигар намепайвандад!”

«СЫЛА» ё Силен?

Ҳаёти шахсии Маҳмад Акиф Алокурт то имрӯз аз назарҳо пӯшида аст. Аксарият ӯро ҷавони мағруру ҳавобаланд меҳисобанд, вале дар асл чунин нест. Маҳмад аз машҳур буданаш дар ҷаҳон фахр намекунад, сабаби бо кунҷковони ба ҳаёти шахсиаш бинӣ мехалонда дағалона муносибат намудани ин ҷавони ҳунарманд дар он аст, ки намехоҳад афсонаи кӯчаю бозор шавад.

Соли 2014 ҳангоматалабон дар атрофи номи Маҳмад Акиф боз як овозаи тоза паҳн намуда, ҳамбозиаш Селен Демекаторро, ки дар силсилафилми “Аданали” нақши асосиро офарида буд, маъшуқаи вай бароварданд. Сару садоҳо дар бораи дар кӯчаҳо даст ба даст гаштан ва шабҳо ба дискоклубу дигар ҷойҳои дилхушӣ барои фароғату дамгирӣ рафтани ин ду ҳунарманд ончунон зиёду гӯшхарош буданд, ки косаи сабри Маҳмад Акиф билохира лабрез гашт ва расман эълон кард: “Якҷоя сайругашт кардани ману Силен маънои ошиқу маъшуқ будани моро надорад. Наход одам ҳуқуқ надошта бошад, ки бо дӯсташ озодона суҳбат кунад ё дар ягон гӯшаи зебо як пиёла чой нӯшад?!

Домоди орзуҳо

Айни замон Маҳмад Акиф Алокурт муҷаррад аст. Духтарони зиёде мисли магаси ба асал часпида ӯро думболагирӣ менамоянд, вале то имрӯз ба даст овардани калиди дили ин ҷавони зебою ҳунарманд ба ягон зебосанам муяссар нагаштааст. Маҳмад Акиф нақшаҳои зиёд дорад, мехоҳад номзадияшро ба депутатӣ гузошта дар олами сиёсат низ ҷою мақом пайдо намояд, вале меҳри кино ва пешниҳодҳои нав ба нав барои офаридани нақшҳои ҷаззоб дар филмҳои тоза ба тоза садди роҳаш гашта истодаанд. Аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон коргардонҳои машҳур ба Маҳмад Акиф шартномаю сенарияҳои худро пешкаш менамоянд, вале ҷавони ҳунарманд ба ҳар кор даст намезанад. Сенария ба худаш писанд набошад, миллион доллар диҳанд ҳам, он нақшро намебозад. Вай муътақид аст, ки обрӯро бо пул харида намешавад ва обрӯю эътибори ба даст овардаашро бо ягон ганҷи дунё иваз намекунад.

Борон зани тоҷик мегирад?

Ба диққати бонувони ошиқ мерасонем, ки Маҳмад Акиф варзиш ва мутолиаи китобҳои бадеиро меписандад. Бештар асарҳои психологӣ мехонад ва мисли ҳамаи мардон хӯрокҳои болаззатро дӯст медорад. Латифагӯӣ ва ҳазлу хандаро хуш надорад, баҳудаю беҳуда ба сайру саёҳат баромадан ҳам ба вай писанд нест. Ӯ ганҷи бебаҳост ва ин ҷавони зебою дилкашу машҳур намехоҳад ягон лаҳзаи вақти қиматашро беҳуда гузаронад. Орзуи бо бонуи зебои қоматбаланд издивоҷ намуданро дорад. Миллат ва забон барояш муҳим нест, арӯси дилхоҳашро аз байни духтарони тоҷик пайдо кунад ҳам, ба камоли майл арӯсӣ хоҳад кард.  

Омодасоз: Рустам Азимӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Али 2019-06-15, 12:30
Айба намеденен
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Али 2019-06-15, 12:30
Айба намеденен
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД