[28.10.2026 14:25] Firuza Sattori: Сурхакон ва гулафшон
Кӯдаконро чӣ аз хатари маъюбӣ эмин нигоҳ медорад?
Аз 26 октябр то 6 ноябр дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи кӯдакони аз 6 моҳа то 5 сола бар зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшон гузаронида мешавад. Ин бемориҳо чӣ хатар доранд ва чаро кӯдаконро бар зидди ин бемориҳо иммунизатсия мекунанд? Барои ба ин ва дигар саволҳои муҳим посух гирифтан мо бо табиби сироятшиноси кӯдакона Гадойбоев Мурод Рустамович суҳбат оростем.
- Доктор, сароғоз бигӯед, ки чаро солҳои охир масъалаи пешгирии сурхакон ва дигар бемориҳои сироятӣ боз ҳам муҳим шудааст?
- Солҳои охир дар тамоми ҷаҳон бо сабаби пандемияи COVID-19 ва фаъол гаштани тарғиботи зиддиваксинавӣ фарогирии кӯдакон ба ваксинатсия паст шуд. Ин бисёр хатарнок аст, зеро сурхакон яке аз бемориҳои серсироятноктарин (контагиозтарин) ба шумор меравад. Фоизи контагиозиаш ба 90–95% мерасад ва як бемор метавонад аз 12 то 18 нафари эмнагаштаро сироят намуда, ба сурхакон гирифтор созад.
- Имсол дар ҷумҳурӣ чанд нафар ба бемории сурхакон ва чанд нафар ба гулафшон гирифтор гаштаанд?
- Омори дақиқи расмиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ҳисоботи эпидемиологии худ пешниҳод мекунад. Ман ҳамчун табиб фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки бидуни гузаронидани иммунизатсияи оммавӣ, ин бемориҳо натанҳо метавонанд, балки ҳатман боиси авҷгирии эпидемия мегарданд. Гап дар сари он аст, ки вируси сурхакон ба ғайр аз инсон дигар манбаи табиӣ надорад, аммо аз сабаби қобилияти фавқулода баланди тавассути ҳаво паҳн шудан, ҳатто тавассути системаи вентилятсия ба ошёнаҳо ва хонаҳои дигар гузашта, метавонад ба одамони эмнашуда гузарад ва боиси сар задани эпидемия гардад.
- Дар доираи иммунизатсия 818 ҳазору 399 нафар кӯдакон бояд эм карда шаванд, аммо баъзе волидоне ҳастанд, ки ба эмкунии фарзандонашон зид мебароянд. Ҳамчун табиби сироятшинос ба чунин падару модарон чи гуфтанӣ ҳестед?
- Гуфтанӣ ҳастам, ки ҳатман фарзандони худро эм кунанд, зеро ҳадафи асосии ин маърака - сохтани «сипари муҳофизатӣ» (иммунитети коллективӣ) мебошад. Иммунизатсияи оммавӣ имкон медиҳад, ки дар муҳлати кӯтоҳ занҷири интиқоли вирус дар ҷомеа канда шавад. Ин натанҳо кӯдакони эмшавандаро, балки садҳо нафар кӯдакони дигари ширхораро, ки ҳанӯз ба синни ваксинатсия нарасидаанд ва кӯдаконеро, ки монеаи воқеии тиббӣ (ба монанди бемориҳои вазнини онкологӣ) доранд, аз сироятшавӣ муҳофизат мекунад.
- Сурхакон ва гулафшон чӣ гуна бемориҳоянд ва аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? Оё волидон метавонанд онҳоро аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ фарқ кунанд?
- Сурхакон (Корь) чунин нишонаҳо дорад: Таби баланд (39-40 °C), дард дар қафаси сина/сулфаи хушк, шоридани оби бинӣ, сурх шудани чашмҳо (тарс аз рӯшноӣ) ва пайдо шудани доғҳои сафед дар луобпардаи даҳон (доғҳои Филатов-Коплик) Доғҳои пӯст марҳила ба марҳила пайдо мешаванд.
Гулафшон (Краснуха): Одатан сабуктар мегузарад. Ҳарорати бемор каме баланд мешавад (37-38 °C). Аломати асосии он: калон шудан ва дард кардани гиреҳҳои лимфавии пушти гардан ва каш, инчунин пайдо шудани доғҳои майда-майдаи сурча, ки онро бо забони одии мардумӣ ”гул” меноманд. Ин доғҳо якбора дар тамоми бадан пайдо шуда, баъди 3 рӯз бе ҳеҷ аломати иловагӣ ё пигментатсия нест мешаванд. Дар масъалаи фарқияти ин ду беморӣ бошад, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар зоҳир доғҳо метавонанд ба ҳам монанд бошанд. Танҳо табиб метавонад бо назардошти ҳолати гиреҳҳои лимфавӣ, луобпардаҳо ва динамикаи пайдоиши доғҳо ташхиси дақиқ гузорад.
- Сурхаконро бархе як бемории маъмулии кӯдакӣ мешуморанд. То чӣ андоза ин ақида хатарнок аст ва бепарвоӣ нисбати ин беморӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
- Ин андеша хато ва хеле хатарнок аст! Сурхакон танҳо «доғҳои оддии пӯст» нест. Ин вирус системаи иммунии кӯдакро муваққатан паст ва вайрон мекунад, ки дар натиҷа хотираи иммунии бадан нисбат ба бемориҳои қаблии гузаронидашуда моҳҳо ва солҳо суст мешавад.
Оқибатҳои вазнини сурхакон метавонад бемориҳои пневмония, отит (илтиҳоби гӯш бо хатари ношунаво шудан) ва энсефалит (илтиҳоби мағзи сар, ки метавонад ба маъюбӣ ё марг орад) шавад.
[28.10.2026 14:25] Firuza Sattori: - Кадом кӯдакон бештар зери хатари гирифторшавӣ ба сурхакон қарор доранд? Оё ин беморӣ метавонад ҳатто дар кӯдаки солим оқибатҳои вазнинро ба бор орад?
- Албатта ҳар як кӯдак метавонад ба ин бемориҳо гирифтор гардад, вале кӯдакони зери хатари баланд қарордошта инҳоянд - кӯдакони то яксола, ки ҳанӯз аз рӯи тақвим ваксина нагирифтаанд; кӯдакони вазнашон кам ва дорои тақсири (дефицити) витамини А;
Ҳамаи кӯдакони эмнагашта.
- Кӯдаке, ки ғизои хуб мехӯрад ва иммунитети қавӣ дорад, метавонад бе ваксина аз ин бемориҳо эмин монад?
- Не, наметавонад. Ғизои хуб, варзиш ва витаминҳо иммунитети умумиро мустаҳкам месозанд, аммо онҳо зидди вируси сурхакон ё гулафшон мубориза бурда наметавонанд.
- Баъзе волидон мегӯянд: «Беҳтар аст кӯдак худаш бемор шуда, иммунитет пайдо кунад». Шумо ҳамчун мутахассис ба ин андеша чӣ посух медиҳед?
- Ин бозии хатарнок бо саломатӣ ва ҳаёти кӯдак аст. "Нарх"-и иммунитети табиӣ - хатари пневмонияи вазнин, илтиҳоби мағзи сар, маъюбӣ ва ҳатто марг гашта метавонад. Ваксинатсия иммунитети устуворро ба миён меорад, аммо бидуни хатари оқибатҳои вазнин ва марг. Чаро кӯдакро ба хатари марговар гирифтор кунем, вақте ки ҳамон муҳофизатро тавассути як сӯзандоруи бехатар гирифтан мумкин аст?
- Ваксинаи зидди сурхакон ва гулафшон метавонад ба кӯдак зарар расонад? Кадом ҳолатҳо баъди гирифтани ваксина муқаррарист ва дар кадом ҳолат ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?
- Ваксинаҳои муосир даҳсолаҳо санҷида шудаанд ва сатҳи баланди бехатарӣ доранд. Вокунишҳои муқаррарӣ (аксуламалҳои табиии бадан) инҳоянд:
· Сурх шудан, варами хурд ё дард дар ҷои сӯзандору.
· Баланд шудани ҳарорат то 37.5–38.5 °C (одатан дар рӯзҳои 5–12-уми баъди ваксина).
· Доғҳои хурди зудгузар ё оби бинӣ (дар рӯзҳои 7–10-ум), ки дар давоми 1–2 рӯз худ аз худ нест мешаванд.
- Дар кадом ҳолатҳо ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?
- Вақте ки ҳарорати кӯдак аз 39 °C баланд шуда, бо доруҳои табфароранда паст намешавад, беш аз 3 соат беист гиря кардани кӯдак, пайдо шудани нишонаҳои аллергияи вазнин ба монанди варами рӯй/лаб, душвории нафаскашӣ, ки одатан дар 15–30 дақиқаи аввал пайдо мешаванд , ҳатман ба духтур бояд муроҷиат намуд. Бояд бигӯям, ки маҳз ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо баъди ваксина 30 дақиқа дар дармонгоҳ истодан лозим аст.
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан иддао мешавад, ки гирифтани ваксина метавонад боиси аутизм ё сустшавии инкишофи кӯдак гардад. Илми тиб дар ин бора чӣ мегӯяд?
- Ин хабари сохтаест (фейк), ки илм онро комилан рад кардааст.
- Агар кӯдак баъди ваксина таб кунад, волидон бояд чӣ кор кунанд?
- Ба кӯдак доруи табфароранда дар асоси парацетамол ё ибупрофен мувофиқи вояи синну солаш диҳед. Ба кӯдакон додани аспирин қатъиян манъ аст! Ба кӯдаки ваксинатсияшуда моеъи гарм (об, чойи камранг) бештар диҳед. Либоси сабуку бароҳат пӯшонед, кӯдакро ниҳоят гарм напечонад. Ҳавои хонаро тоза карда истоед. Ҳарорати мусоид 18–20 °C аст.
- Кадом ҳолатҳо барои гузаронидани ваксина монеаи воқеии тиббӣ мебошанд? Агар кӯдак ба зӯком гирифтор гашта аз биниаш об равад, иммунизатсия ба таъхир гузошта мешавад?
- Зиддинишондодҳои (противопоказания) асосӣ барои гузоштани иммунизатсия инҳоянд:
1. Аксуламали вазнини анафилактикӣ ба вояи қаблии ваксина ё компонентҳои он (мисли неомицин).
2. Нуқсони вазнини модарзодии иммунитет (иммунодефицит).
3.Табобати шадиди иммуносупрессивӣ (кимиётерапия ва вояҳои баланди гормонҳо).
Монеаҳои муваққатӣ: Бемории шадид бо ҳарорати баланд (аз 38.5 °C балотар) ё авҷ гирифтани бемории музмин.
Оби бинии сабук бидуни ҳарорати баланд ва бе халалдор шудани ҳолати умумии кӯдак монеа барои ваксинатсия нестанд.
- Агар кӯдак ягон бемории музмин дошта бошад ё доруҳое истеъмол кунад, ки ба иммунитет таъсир мерасонанд, метавонад ваксина гирад?
[28.10.2026 14:25] Firuza Sattori: - Кӯдаконе, ки нуқси дил, бемориҳои гурда, диабети қанд, фалаҷи мағзи сари кӯдакона – ДЦП ва дигар бемориҳои музмин доранд, дар навбати аввал ба ваксинатсия ниёз доранд, зеро сурхакон дар чунин кӯдакон чанд баробар вазнинтар мегузарад! Агар кӯдак доруҳои дигаргункунандаи иммунитет истеъмол кунад, масалан, ҳангоми химиотерапия ё пас аз пайвандсозии аъзо, масъалаи ваксинатсия дар машварат бо табиби муолиҷавӣ алоҳида ҳал карда мешавад.
- Кӯдакони аз 5 сола болое ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун ин воксинаро нагирифтаанд. Оё чунин кӯдакон иммунизатсия карда мешаванд?
- Бале, ҳатман. Агар кӯдак бо ягон сабаб дар синни хурдӣ ваксина нагирифта бошад, бояд мувофиқи нақшаи «ваксинатсияи тозакунанда/расонанда» (Catch-up immunization) эм карда шавад. Сурхакон дар синни калонтар нисбат ба кӯдакони хурдсол вазнинтар мегузарад.
- Агар дар кӯдакистон, мактаб ё маҳалли зист ҳолатҳои гирифторшавӣ ба сурхакон ё гулафшон ошкор шавад, барои кӯдакони ваксина нагирифта чи хатар дорад?
- Барои кӯдакони эмнагашта хатари сироят ёфтан ҳангоми муошират аз 90% баландтар аст. Кӯдакони эмнагашта фавран аз рафтан ба кӯдакистон ё мактаб барои тамоми давраи карантин (одатан 21 рӯз) канор кашида мешаванд. Ба нафарони ваксина нагирифта, ки бо бемор муошират доштанд, дар 72 соати аввал ваксинатсияи таъҷилӣ гузаронида мешавад.
- Кӯдаке, ки як бор ба сурхакон ё гулафшон гирифтор шудааст, метавонад бори дигар бемор шавад? Дар чунин ҳолат ба кӯдак такроран вокси на гузаронида мешавад?
- Пас аз бемории сурхакон ё гулафшон иммунитети устувори умрбодӣ пайдо мешавад. Беморшавии такрорӣ ниҳоят кам аст (камтар аз 1% ).
- Ҳамчун табиб ба волидоне, ки ҳанӯз дар масъалаи иммунизатсия кардан ё накардани фарзандашон ҳанӯз дудилаанд, чи маслиҳат медиҳед?
- Ба ҳайси табиби сироятшинос, ман хавотиршавӣ ва дудилагии шуморо комилан мефаҳмам. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва андешаҳои ҳархела баъзан инсонро ба шубҳа меоранд ва албатта волидайн танҳо беҳтарин ва бехатартарин чизро барои фарзанди худ мехоҳад. Аммо маслиҳати ман ҳамчун табиб ҳамин аст, ки ба мифҳо ва миш-мишҳои беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накарда, ба мутахассисони соҳаи тиб, ки бар асоси далелҳо сухан мегӯянд, такя кунед. Агар кӯдак дар вақти азназаргузаронии табиб ҳеҷ гуна монеаи воқеии тиббӣ (медотвод) надошта бошад, ҳатман ӯро эм кунед. Фарзанди худро аз ин бемории хатарнок ва оқибатҳои вазнини он бе сипар ва бе муҳофизат нагузоред.
- Барои суҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!
Ф. Сатторӣ