Arzon march 2024
Ишқи духтари ҳамсоя
3730

                  
   Он рӯз аҳли оилаи амаки Анвар бори аввал бо ҳамроҳии аҳли оилаи амаки Ризо сари як хон ҷамъ омада, бо ҳамдигар бо чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум сухан мекарданд.

Зеро дами бегоҳ ҷигарбандонашон аз Руссия ба Ватан меомаданд. Хурду калони ин ду оила хурсандии дилро аз ҳам наметавонистанд пинҳон кунанд. Ба хушбахтии онҳо тамоми аҳли деҳ, ки солиёни дароз шоҳиди ҷангу ҷидолашон буданд, воқеан ҳам шарик шуда, онҳоро барои бастани пайванди хешутаборӣ муборакбод менамуданд. Пиру барно ҳамроҳашон омадани фарзандони  некиқболи онҳоро  интизор буданду каф ба дуо мекушоданд, то  Исмоилу Раъно хушбахту фирӯз гарданду қушапир шаванд...

    Оилаи амаки Анвар бо оилаи амаки Ризо як умр ҳафт пӯшташон дар як деҳа зиндагӣ карда омада истода бошанд ҳам, вале онҳо тайи солиёни дароз  бо якдигар нотифоқ омада буданд. Назар ба гуфтаи ҳолдонҳо Солҳо пеш духтари дӯстдоштаи бобокалони амаки Ризоро бобокалони амаки Анвар аз он, ки сарватманд будаасту дасти расо доштааст, зӯран ба занӣ мегирад. Духтар тоби ҷудоиро аз маҳбуби писандида наоварда, дар шаби аввали издивоҷ, пеш аз он, ки домод аз вай комёб шавад, худро бо баҳонае берун баромада, дар дарёи калоне, ки аз поёни хонаи домод ҷорӣ буд, меафканад. Худкушии арӯсро ҳамагон ба он маънидод мекунанд, ки гӯё домонбохта будааст. Наздикони домод домонбохтагии арӯси нокомро гуноҳи бобокалони амаки Ризо медонанду ӯро,ҳарчанд савгандҳо хӯрда бошад, ҳам, ки ба духтар дастдарозие накардааст, бовар накарда, то мадҳушӣ латукӯб мекунанду  дар дашти беобе бурда мепартоянд.Ҷавон он гаҳ зинда мемонад, вале барои як умр бемор мешавад. Зарби зарбаҳо ӯро девонаавзоъ мекунанд, ки ин кор аҳли пайвандонашро ба хашм оварда, бо аҳли оилаи тарафи мукобил дармеафтанду бародари калони домодро то мурдан мезананд. Ҳамин тавр амаки калони Ризоро ба муҳлати тӯлонӣ ба маҳкама мекашанд. Ӯ дар маҳкама аз бемории сил вафот мекунаду хусуматӣ ду оила як бар сад меафзояд. Ҳарду ҷавон оилаи худро бунёд карда соҳиби фарзандҳо мешаванд. Аммо, онҳо на дар хурсандии якдигар иштирок мекарданду не дар ғамҳо.
  Исмоилу Раъно фарзандони ин ду оила ба ҳамдигар дил бохтанду ин корашон дар дили пайвандон оташ афтонд.Он вақт Исмоил дар синфи нӯҳ, Раънои яккадухтару нозпарварди хонадонашон  бошад дар синфи ҳаштуми мактабашон таҳсил мекарданд. Хешу табор дар хонаи ҳарду ҳам ҷамъ омада, волидайнашонро нафрин мекарданд, то саддӣ роҳи фарзандеашон гарданд, ки бо фарзанди душман иттифоқ-ишқ бастааст. Хусусан Раъноро бародаронаш ба яккадухтарияш нигоҳ накарда,борҳо зери мушту лагад гирифта, таҳдид мекарданд, ки агар бори дигар бо Исмоил ҳамгап шавад, сарашро мегиранд. Вале ҷавонон дар роҳи ишқ устуворият нишон дода, боз ҳам вақту макони муносиб ёфта, бо ҳам вомехӯрданду барои ояндаи дурахшони бо ҳам будан, орзуҳои ширин мекарданд.
 Баъди итмоми синфи ҳаштум аҳли хонадон Раъноро дигар барои давом додани таҳсил иҷозат надоданд. Духтар мурғи қафасро мемонд. Аз он ки азизи дилашро намебинад, харобу лоғар гашта, хобу хӯрро фаромӯш карда буд. Ҳоли зори ҷигарбанд модараш- холаи Шарифгулро ба таҳлуққа афтонд.
  -Мардак, гул барин духтарам дар пеши чашмамом хазон шуда истодааст. Аз пӯшти бачаи Ризо шуда, дар хона зиндонияш кардаем...

  -Дамата гир! Мехоҳи озодияш диҳему давида рафта, худашро ба бағали ҳамон ҳаромзот партояд?! Не! Ман намегузорам, ки ин кор шавад. Мурд, бурда гӯр мекунем!-аррос зад амаки Анвар ба тарафи ҳамсару бо ҳамин ба ин суҳбат хотима гузошт.
   Исмоилу Раъноро нагузоштанд, ки як соли дароз якдигарро  бубинанд. Падари Раъно духтарашро ба хонаи хоҳараш, ки дар ноҳияи дурдасте зиндагӣ мекард, бурда як даҳ моҳ он ҷо мононд.
     Холаи Шарифгул бемор гашту дар беморхона бистариа намуданд.Бемории модар сабаб гашт, то Раъно ба хонаашон бар гардад. Ӯ бо ҳамроҳии бародари хурдӣ барои аёдати модар ба беморхона рафт. Бародари хурдиаш – Ҷомӣ назар ба ду бародари калон фориғболтар буду ягон кореро ҷиддӣ намегирифт. Онҳо якҷоя модарро хабар гирифтанд. Модар ҳарчанд аз Ҷомӣ хоҳиш  намуд, ки хоҳарашро худаш ба хона бурда монаду баъд аз паси корҳояш шавад, вале Ҷомӣ Раъноро то даромади деҳа гусел карда, зуд ба хона рафтанашро таъкид карду, худ ба куҷо рафтанашро нагуфта аз вай ҷудо шуд.
 Духтар дар дил Худоро зорӣ мекард, то ақалан аз дур Исмоилро бинад. Шояд зориҳояш ба дили Офаридагор асар кард, ки аввалин касе, ки аз аҳли деҳа бо вай рӯ ба рӯ шуд, Исмоил буд. Онҳо ба якдигар нигоҳ мекарданду аз шиддати ҳаяҷони ботин забонҳояшон лол гашта, ёрои сухан гуфтанро намекарданд. Духтар худ нафаҳмида монд, ки чӣ сон ашки чашмонаш якбора фаввора заданд.
   -Ғайри ту дар ду олам касе лозимам нест,-виқори мардияш ниҳоят қулфи забони Исмоилро кушод.
   -Агар дигареро дар дил ҷой диҳам, Худоҷон кӯрам кунад,-оҳиста баён дошт духтару бо ҳамин аз паҳлуи ҳам радду бадал шуданд...
     Исмоил мактаби миёнаро тамом карду чун бисёре аз ҷавонони ҳамдеҳааш хонданро идома надода, озими Руссия шуд. Ӯ ба дасти дугонаи Раъно-Бунафша, пинҳон аз хешу табори худу духтар ба  маҳбубааш мактубе ирсол дошт, ки ҳамагӣ аз чанд калима иборат буд.
    Дӯстат медорам. Интизорам бош.
     Хостгорҳои аввалини Раъноро холааш, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард, ба хонаи онҳо гирифта овард. Ва ба норозигии духтар нигоҳ накардаву киву чӣ будани домодшавандаву авлодашро пурра нафаҳмида, амаки Анвар ба тӯй дарав розигӣ дод.
 Аз рафтани Исмоил ҳамагӣ чор моҳ гузашта буд, ки хабари шуме саросари деҳа паҳн гашт. Исмоилро дар муҳоҷират барои гуноҳе ба ҳабс кашидаанд. Яке мегуфт барои дӯздӣ, дигаре мегуфт, маводи мухаддир аз вай дарёфт кардаанд, сеюми мегуфт, ки бо касе занозанӣ кардааст.
   Раъно аз дугонааш фаҳмид, ки ким кадом ҳамватан дар Руссия вақте милисаҳоро мебинад, қоғазпечеро ба дасти Исмоил медиҳад, ки дошта истад. Даруни қоғазпеч маводи мухаддир будаасту Исмоили аз ин гуна кору бор бехабар ба дасти милисаҳо афтода, гунаҳгори бегуноҳ мешавад...
 Умедҳои Раъно ҳама барбод рафтанд. Шабу рӯз кораш гиряву оҳ гашту фаҳмид, ки аз дасташ барои наҷоти ишқаш коре намеояд,ноилоҷ ба тақдир тан дод.
   Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳама хурсандӣ доштанд. Ба ҷӯз арӯс. Ӯро гӯё на ба хонаи бахт, балки ба қабристон барои дафн гусел мекарданд, ки аз чеҳраи гирифтааш дуди ғам мехест.
  Домод дар ҳусну қаду қомат камбудие надошт. Ҳамагон ба вай ба ҳавас менигаристанд.Аммо аз чӣ бошад, ки падару бародар ва хоҳараш бо навбат ба назди вай меомаданду оҳиста аз ӯ аҳвол мепурсиданд. Раъно чанд бор шунид, ки домод дар паҳлуяш ба “созӣ”-гуфта пурсидани пайвандонаш “соз”-гуфта, ҷавоб медод. Вале чизеро аз ин “саволу ҷавоб”, пай ҳам набурду нафаҳмид. Аниқтараш вақти ба ин чиз фикр карданро надошт.
 -Дугонаҷон, аз  Исмоил беҳтару хушрутарашро ёфта гирифтӣ,-ҳавасашро пинҳон дошта наметавонисту пичирос мезад, дугонааш. Вале барои Раъно аз Исмоил беҳтару хубтар вуҷуд надошту дошта ҳам наметавонист.
 Тӯй хотирмон гузашту ҳамагон дуои хушбахтии навхонадоронро карда, барояшон талаби бахти сафед намуданд.
 Шабона дар хонаи домод пеш аз он, ки ӯро назди арӯс дароранд, арӯсхонаро испандуд карданд. Сипас домодро оварданду Раъно шунид, ки модару хоҳараш ба домод паст-паст чизеро таъкид доранд. Ӯ дар гӯшаи бо сари хам рост меистод ва аз суханони нӯгизабонии онҳо ба шавҳараш чизеро фаҳмида натавонист.

(Идомаашро фардо соати 22-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД