Sebiston new 2024 october
Ишқи духтари алкаш
8414

 

Майзада
Аз рӯзе, ки худамро мешиносам, падарам ҳамеша шароб нӯшида, масту аласт ба хона меомад ва модари бечораамро зери мушту лагад гирифта, бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва доду войи беҳуда ҳавлиро ба сараш мебардошт.

Рӯзе набуд, ки вай ба ҳамсояҳо кинои бе пул намоиш надиҳад. Модарам зани босавод, муаллимаи мактаб бошад ҳам, наметавонист худро аз шаттаи шавҳари майзадааш ҳимоят кунад. Намедонам модарам аз гапи мардум метарсид, аз рехтани обрӯяш ё тақдири ояндаи мо, фарзандонашро андеша мекард, ки падарам ҳар рӯз ӯро зада сиёҳу кабуд созад ҳам, ягон бор аз рӯйи шавҳари муштзӯраш ба мақомот арзу шикоят намекард. Бо касофатии падари майзадаамон лақаби “алкаш” ба номи ман ва се бародарам низ часпида буд. Ҳамсояҳо моро дар кӯча “духтари Сайдалӣ-алкаш” ё “бачаи Сайдалӣ-алкаш” гуфта садо мекарданд. Баъзан аламам омада ба модарам мегуфтам:

-Оча, дигар мардак ёфт намешуд, ки ҳамин алкаша гирифтед?!

Модарам як умр бо сару рӯйи сиёҳу кабуд гардад ҳам, боз тарафи шавҳарашро мегирифт ва маро маломат карда мегуфт:

-Наход фарзанд падари худашро алкаш гӯяд-а?! Як бори дигар ин гапро шунавам, забонатро аз ҳалқат канда мегирам, духтар!

Он вақтҳо ман бисёр хурд будам ва ҳайрон мешудам, ки чаро ҳар рӯз аз падарам шатта хӯрда, модарам боз тарафи ӯро мегирад, вале...

Зани баномус

Хешу табор ба хулосае омаданд, ки падарамро як муддат аз рафиқони майзадааш дур кардан лозим аст, то камоли ҳамнишин дигар ба ӯ таъсир накунад ва одати бадашро партофта, аз паси зиндагӣ шавад. Тағои модарам, ки ҳоҷӣ ва марди намозхону тақводор буд, бо ҳамин мақсад падарамро бо худ ба Русия ба мардикорӣ бурд. Намедонам дар он ҷо падарам шароб менӯшид ё не, вале ҳар моҳ ба мо кам-кам пул мефиристодагӣ шуд. Модарам аз пулҳои падарам як тинашро сарф накарда, ин маблағро барои рӯзи мабодо гӯён пасандоз менамуд. Модарам бар замми дар мактаб кор карданаш боз чевари гулдаст низ буд ва куртаҳои олиҷаноб медӯхт. Қариб тамоми духтараконе, ки арӯс мешуданд, сару либосашонро ба назди вай меоварданд. Очаам рӯзи дароз дар мактаб дарс дода, бегоҳ хаставу шалпар ба хона бармегашт ва кору бори хонаро анҷом дода, осемасар хӯрокашро мехӯрду дар сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста, то як поси шаб шақар-шуқуркунон дарз медӯхт, то моро хӯронаду пӯшонад...

Зиндагӣ-чархи гардон

Ҳамин тавр бо заҳматҳои модарам ману бародаронам паси ҳам қад кашида ба камол расидем. Бародари калониам бо роҳнамоии модару пулҳои падарам, ки зарра-зарра ҷамъ шуда буданд, хонаҳои куҳнаю фарсудаамонро чаппа карда ба ҷойи он хонаи нави замонавӣ сохт. Ҷӯраи ҷониаш Файз ҳамеша дар бари бародарам Мақсуд буд ва дар ҳама кор ба ӯ ёрӣ мерасонд. Онҳо якҷоя семент шӯрида пойдевори хонаро рехтанд ва девор бардоштанд, баъд усто оварда биноро бомпӯш карданду сипас боз ҳардуяшон мисли ду бародар аз паси андова ва рангу бор шуданд. Модарам Файзро аз бародарам кам намедонист ва ҳамеша ӯро бачаҷон мегуфт, вале...

 Ишқи ниҳон

Ман аллакай духтари қадрас шуда будам ва бисёриҳо ба ҳусну ҷамолам ҳасад бурда, мехостанд маро келин кунанд, вале модарам “духтари ман ҳоло хурд аст, аввал хонда маълумоти олӣ гирад, баъд ӯро ба шавҳар медиҳам, то ки дар зиндагӣ азоб накашад” гӯён, хоҳиши талабгоронро рад мекард. Хостгорон аз дари хонаамон навмед мерафтанду ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки модарам онҳоро ба умед накарда, якбора шафтолуи гапро гуфта монд. Хурсандиам сабаб дошт, дар дили ман аллакай оташи сӯзони ишқ аланга мезад. Ман бо тамоми ҳастӣ ошиқ будам, ошиқи зори ҷӯраи бародарам Файз, вале инро ҳатто ба куртаи танам ошкор намекардам. Барои мани волаю шайдо ҳар рӯз дар хонаамон дидани Файз ва шунидани овози ширинаш кифоя буд, ки худро хушбахт эҳсос кунам. Эҳсос мекардам, ки Файз низ маро дӯст медорад, вале инро ошкор кардан намехоҳад. Муҳаббати ӯро ман аз чашмонаш, аз нигоҳҳои пурмеҳраш ҳис мекардам, вале шояд аз тарси вайрон шудани муносибатҳояшон бо бародарам Файз ҳеҷ гоҳ ба ман дар боби ишқ сухан намегуфт ва ҳатто ишорат ҳам намекард. Дарёи муҳаббат баъзан дар дилам ғалаён намуда, мехостам рози диламро кушоям ва худам ба ӯ изҳори муҳаббат намоям, вале боз шарму ҳаёи духтарона маро аз ин амал боз медошт....

Рози дил

Рӯз то рӯз дар ишқи Файз сӯхта, обу адо мешудам. Рӯзе косаи сабрам лабрез гашт ва рӯзе номаи пур аз ишқу муҳаббат навишта ба кисаи костюми Файз, ки дар ҷевон овезон буд, андохтам. Рӯзи дигар Файз ба хона омада, пинҳонӣ аз бародарам пораи коғазеро ба дастам дод. Хурсанд шудам, ки ӯ низ маро дӯст медоштааст, вале вақте ки ба хонаи дарун даромада номаашро хондам, тарбузи умед аз бағалам афтид. “Нилуфар, ин фикрҳои хомро аз сарат дур кун. Ману Мақсуд мисли акаю додар ҳастем, ғайр аз ин ман нону намаки модари туро бисёр хӯрдаам ва ба рӯйи дӯстам по монда, ба ин дастурхон туф намекунам!” навишта буд Файз.
Номаро хондаму ашки навмедӣ аз ду бари рухсорам ҷорӣ шуд...

 Меҳмонҳои нохонда

Ишқи маро рад кардани Файз пару боламро шикаст. Дигар дар дилам умеде шуъла намезад. Аз фикру андешаи бисёр хаёлӣ шуда мондам. Дар ана ҳамин шабу рӯзҳои вазнини ҳаётам воқеае рӯй дода, ба рӯйи захмҳои сӯзони дили ман намак пошид.

Як бегоҳ нав хӯроки шомро хӯрда будем, ки падарам занг зад. Модарам қариб ним соат телефонӣ бо падарам суҳбат кард ва баъди хайрухуш намудан ба бародарам Мақсуд рӯй оварда гуфт:

-Бачаҷон, пагоҳ падарат пул мефиристад. Ту рафта аз бонк пулро гирифта биё, баъд ҳардуямон ба бозор меравем. Тайёрӣ дидан лозим, рӯзи шанбе ба хоҳарат хостгор меомадааст...

Ин гапро шунида гӯшҳои ман қуфл заданд ва барои он ки модару бародарам ашки чашмонамро набинанд, оҳиста аз ҷоям бархоста ба хонаи хоби худам даромадам...

Исёни модар

Саҳар бародарам ба бонк рафт ва ман аз фурсат истифода бурда, рози диламро ба модарам кушода гуфтам:

-Хостгорҳои меомада касе, ки набошанд, хоҳишашонро рад кунед, оча!

-Онҳо одамони бегона не, хешу табори падарат ҳастанд...

Дар умрам бори аввал гапи модарамро бурида бо ситеза гуфтам:

-Шоҳзода бошад ҳам, ман ба ӯ намерасам!

-Барои чӣ?

-Барои он ки ман ҷӯраи бародарам Файзро дӯст медорам!

-Ту чӣ гуфтӣ?! Файзро дӯст медорӣ?

-Бале, дӯст медорам ва ба ғайр аз ӯ дигар ҳеҷ касро намегирам!

Асаби модарам якбора вайрон шуд ва ба бародарам, ки нав аз дарвоза даромада буд, дод зад:

-Ба ҷӯраи аҳмақат гӯй, ки дигар пою қадамашро ба ин хона намонад! Ман ӯро мисли фарзанди худам дӯст медоштам, вай кӯрнамак бошад ба духтари ман чашм ало кардааст. Дигар ӯро дар ин хона набинам!

Бародарам бо рангу рӯи парида аз дар баромад. Хаёл кардам, ки Мақсуд Файзро ёфта, пора-пора мекунад, аммо дере нагузашта, бародарам ба хона баргашт ва ба чашмони модарам нигариста гуфт:

-Файз ягон гуноҳ надорад, Нилуфар шарм надошта худаш ба ӯ изҳори муҳаббат кардааст. Беҳтараш пеши роҳи духтаратонро бигиред, оча!

-Ҳоло ист, ман бо ту беадаб баъд гап мезанам,-ба ман рӯй гардонда, бо ситеза гуфт модарам ва аз шиддати қаҳру ғазаб дандонҳояшро ба ҳамдигар соиш дода истода ба ошхона даромад...

Тӯйи маҷбурӣ

Модарам барқасди ман ба хостгорон розигӣ дод. Тарафи домод тайёр будаанд, онҳо дар байни як ҳафта тамоми чизу чораи заруриро оварданд ва мани хунҷигари аз бахт нолонро арӯс карда бурданд. Шавҳарамро ягон зарра дӯст намедоштам, ӯ низ парвои ман надошт. Мо мисли ду гове, ки зӯран ба як оғилхона дароварда бастаанд, маҷбурӣ зиндагӣ мекардем. Домод мисли падарам ошиқи шароб буд ва ҳар рӯз масту аласт ба хона омада, маро бе ягон сабаб зери мушту лагад мегирифт. Акнун ман ҳамтақдири модарам гашта будам ва ҳамеша бо чашму рӯйи сиёҳу кабуд мегаштам, вале касе аз дарам даромада, дарди диламро намепурсид. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки гузаштаро фаромӯш карда ба шавҳарам дил бандам, ин ба ман муяссар намегашт. Дили саркашам мисли мурғи нимбисмил бо ёди ишқи аввал худро ба қафаси сина зада, орому қарори маро мерабуд. Симои зебои Файзро пеши назар оварда, шабҳои дарозро бо оби дида саҳар мекардам...

Домоди маймунсурат

Пешонаи мисли пешонаи маймун ба пеш зада баромадагию чашмони олус ва дандонҳои заб-зарди шавҳарам ғаши маро меоварданд ва кӯшиш мекардам, ки аз оғӯшаш гурезам. Ҳар шаб корамон ҷангу ҷанҷол буд, ман ӯро ба худ наздик шудан намемондам, шавҳарам ба ғазаб омада, маро мурданивор мезад. Шабе набуд, ки мо мисли одам занозанӣ накарда хоб равем. Мехостам гузаштаро фаромӯш карда, хотири модари азияткашидаам зиндагӣ кунам, аммо наметавонистам. Симои Файз мисли навори кино дар пеши назарам ҷилвагар шуда, як алами маро сад алам мекард. Худ ба худ мегуфтам, ки наход чунин бачаи босаводу хушрӯйро монда, ба як маймун ба шавҳар бароӣ-а?!” Дилхунукӣ аз шавҳар ва зиндагии сагона маро бармаҳал пир кард, дар дилам заррае оташи шӯру шавқу ҳавас намонда, худро мисли мурдаи берун аз гӯр монда эҳсос мекардам...

Ҷудоӣ ва таънаи модар

Ниҳоят маро талбон бурданд. Пеш аз рафтан ба шавҳарам гуфтам, ки дигар маро суроғ накунад, чунки кушанд ҳам, ман дубора ба ин хона барнамегардам. Беҳтараш мемурам, вале бо ӯ зиндагӣ намекунам. Шавҳарам ҳам аз афташ аз занозанию ҷангу ҷанҷол безор шуда буд, ки дар ҷавоб чизе нагуфта, маро ба хонаи модарам овард ва “духтаратон майли бо ман зиндагӣ кардан надорад, хола, метавонед ӯро ба каси дилхоҳаш ба шавҳар диҳед” гуфту баромада рафт.

Умед доштам, ки аз шавҳарам ҷудо шуда, хушбахт мешавам, вале аҳволам ба ҷойи беҳ шудан дар хонаи волидонам бадтар шуд. Модарам танҳо маро дар вайроншавии оилаам гунаҳкор дониста, мудом дуою дашномҳои бад мекард. Модаре, ки пештар ягона ғамгусори ман буд, акнун душмани ҷонам гашта, аз хушдоман ҳам бадтар рӯзамро сиёҳ мекард. Таънаю маломат ва суханҳои нешдори аҳли оилаамон аз ҷавшани ҷонам мегузаштанд, вале маҷбур будам, ки ҳама талху пичинги онҳоро хомӯшона бишнавам, чунки дигар ҷойи рафтан надоштам...

Ҳаёти нав

Баъди хонадор кардани бародарам ман дигар дар хонаи модарам нағунҷидам ва маҷбур шудам, ки ба шаҳр омада хонаеро иҷора бигирам. Дар як корхонаи дӯзандагӣ ба кор карда, нонамро бо меҳнати ҳалоли худ меёфтам. Зиндагиам дар шаҳр шоҳона набошад ҳам, худоро шукр мегуфтам, ки аз ғурбати модар ва таънаю маломати аҳли оила халос шудам ва як бурида нонро бе миннат ёфта мехӯрам.

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад

Рӯзе саргарми кор будам, ки садои шиносе ба гӯшам расид. Сарамро бардошта дар ҷоям шах шуда мондам. Дар болои сари ман шиму костюми напа-наве дар даст Файз рост истода буд. Забонам дар комам часпида, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонистам, зеро мо чанд сол боз ҳамдигарро надида будем. Файз аз тарси модарам, баъди ҳамон ҳодиса дигар пою қадамашро ба хонаи мо намемонд. Аввалин шуда, Файз ба худ омад ва лаб газида гуфт:

-Ҳеҷ умед надоштам, ки туро дар ин ҷо мебинам, Нилуфар...

-Ман-ку дар ҳамин ҷо кор мекунам, вале туро кадом шамол ба ин тарафҳо паронд?-Базӯр худро ба даст гирифта табассум кардам.

-Аз бозор шиму костюм харидам, вале андозааш андак калонтар будааст, омадам, ки онро ба танам мувофиқ кунонам,-забон хоида гуфт Файз ва шарм доштагӣ барин, сар ба зер афканд.

-Канӣ биёр бинем, чӣ кор карда мешавад,-инро гуфта шиму костюмро аз дасти Файз гирифтам.

Суҳбати мо қӯр гирифту Файз иқрор шуд, ки ба наздикӣ тӯй дорад. Хабари зангирии ӯро шунида табъам хира гашт, вале базӯр худро аз гиря кардан боздошта, барояш бахти сафед орзу кардам...

Рози дили Файз

Файз боз чанд маротибаи дигар бо баҳонаи андоза гирифтан ва дӯхтани шиму костюмаш ба назди ман омад ва ниҳоят иқрор шуд, ки вай низ маро дӯст медоштааст.

-Ман ҳам туро дӯст медоштам, вале дӯстии деринаамон бо бародарат садди роҳам гашт. Намехостам Мақсуд фикр кунад, ки ман барои ту шуда, бо ӯ дӯстӣ мекардаам, аз ҳамин сабаб ишқи туро рад кардам. Бисёр кӯшиш кардам, ки туро фаромӯш кунам, вале нашуд Нилуфар. Худованд, агар маро пештар бо ту рӯ ба рӯ мекард, зани шавҳардида бошӣ ҳам, туро ба занӣ мегирифтам, вале акнун дер шуд,-рӯзе рози дилашро кушод Файз.

Дар ҷавоби ин суханони ӯ талх табассум карда гуфтам:

--Ҳамааш айби модарам, агар ҳамон вақт маро маҷбуран ба он маймун намедод, шояд имрӯз дар ба дару таънашунав намешудам...

Ишқи мамнӯъ

Файз баъди тӯяш низ тез-тез ба назди ман меомад ва ҳамеша аз ҳамсараш шикоят карда мегуфт, ки занашро дӯст намедорад.

-Нилуфар, ман ин духтарро ба занӣ гирифта сахт хато кардам. Медонӣ, мо мисли замину осмон аз ҳамдигар фарқ дорем, ман тут гӯям, занам бед мефаҳмад. Зану шавҳар забони ҳамдигарро ёфта натавонанд, зери як бом зистан бисёр душвор будааст. Зиндагии бе ишқу муҳаббат ба дилам задааст, вале дигар чора надорам. Ба хотири модарам ман наметавонам талоқи занамро диҳам. Нилуфар, аз ту як хоҳиш дорам, биё розӣ шав, ки ман туро зани дуюм карда бигирам. Ману ту солҳои дароз аст, ки ҳамдигарро дӯст медорем, вале дигарон бахти моро қурбони ҷаҳли худ сохтанд. Магар мо ҳақ надорем, ки хушбахт бошем?-рӯзе дастамро навозишкунон пешниҳод намуд Файз.

Вақте дасташ ба дастам расид, гармии ҷонбахше ба баданам паҳн гашта, обу адо шуда мондам ва чӣ тавр ба зани дуюми ӯ шудан розигӣ доданамро худам ҳам нафаҳмидам...

Шӯри қиёмат

Ҳамин тавр мо аз ҳама пинҳонӣ никоҳ карда, зану шавҳар шудем. Файз дигар на парвои занаш дошт ва на парвои аҳли оилаашон, танҳо дар гирди ман парвонавор чарх мезаду халос. Дилам ҳар чи хоҳад, дар як дам муҳайё карда меовард, ба куҷое, ки хоҳам мебурд, намемонд, ки поямро ба замин сахттар гузорам. Ман дар канори Файз худро хушбахттарин зани дуюм эҳсос карда, Худоро шукр мегуфтам, ки баъди чанд соли хорию зорӣ маро ба азизи дилам расонда, чунин бахти баландро насибам гардонидааст, вале...

Исёни палонҷ

Хабари зани дуюм гирифтани шавҳарашро шунида, модари Файз ва занаш, ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор дошт, ба сари ман, ки аллакай ҳомиладор будам, омаданд ва доду фиғон бардошта қиёматро қоим карданд. Зани Файз маро беваи шавҳардузд гӯён, ҳақоратҳои қабеҳ медоду хушдоманаш “дигар одам наёфтӣ, ки зан доштанашро дидаю дониста писари маро аз роҳ бароварӣ?” гӯён, ситеза мекард. Ҳамсояҳо ба тамошо баромада, байни худ пичир-пичиркунон моро муҳокима мекарданд. Модараш Файзро маҷбур мекард, ки ҷавоби маро дода, аз паси зиндагии худаш шавад, вале ғайричашмдошт ӯ ба ҳамсараш рӯ оварда гуфт:

-Ман аз аввал ба ту гуфта будам, ки дӯстат намедорам ва танҳо ба хотири модарам туро ба занӣ гирифта истодаам. Ту бояд кӯшиш мекардӣ, ки дили маро ба даст биёрӣ, вале ба ҷойи ин корро кардан ба ин ҷо омада, ҷангу ҷанҷол бардоштӣ ва бо ин кинои бе пули ташкилкардаат охирин шуълаи меҳрро дар дили ман хомӯш кардӣ. Дигар барои ту на дар дил ва на дар хонаи ман ҷой нест. Метавонӣ чизу чораатро гирифта баромада равӣ. Талоқатро додам!

Бо шунидани ин сухани тақдирсӯз зани Файз рӯю мӯяшро канда ба гиря даромад, модараш дуокуниро сар кард, ман бошам, лолу ҳайрон монда, чӣ кор кардану чӣ гуфтанамро намедонистам...

Дил, ки ранҷид аз касе...

Ман худро дар вайрон шудани як оилаи обод гунаҳкор ҳисобида азоби руҳӣ мекашидам, вале худи Файз аз хонавайрон шуданаш заррае ғам намехӯрд. Падару модараш аз вай рӯй гардонида бошанд ҳам, парво надошт, мегуфт, ки танҳо бо ман худро хушбахт эҳсос мекунаду халос. Чанд бор ба ӯ маслиҳат додам, ки ақаллан ба хотири тифли батнаш баъзан ба занаш занг зада, кӯмак расонад, вале даст афшонда мегуфт:

-Ба ман на худаш лозим асту на фарзандаш, чӣ коре, ки мехоҳад, кардан гирад. Хоҳад кӯдакашро зоида ба ягон кас диҳад, хоҳад бурда ба ятимхона супорад, умуман, ман на ба ӯ кор дораму на ба кӯдакаш... 

Шодии ғамолуд

Ҳамин тавр аз байн ду моҳ гузашт ва ниҳоят маро дарди зодан гирифт. Азбаски на модари ману на модари шавҳарам заррае парвои моро надоштанд, Файз худаш танҳо маро ба таваллудхона бурд ва ба дасти табиб пули калон дода, хоҳиш намуд, ки маро хуб нигоҳубин кунанд. Ман қариб се рӯз дард кашида, писараки зебоеро ба дунё овардам. Файз аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. “Бачаҷон, ман номи туро Бенёмин мегузорам” гӯён, вай гаштаю баргашта тифли навзодро мебӯсиду мебӯид...

Се рӯз пас маро аз таваллудхона ҷавоб доданд. Интизори омадани шавҳарам будам, ки якбора аз берун садои гиряву нола баланд шуд. Ҳайрон шуда аз тиреза ба берун нигаристам. Хушдомани Файз тифлаки парпече дар даст дар рӯйи ҳавлии таваллудхона рӯю мӯяшро канда нолаи талх мекард. Худоё, чӣ ҳодиса рӯй дода бошад гӯён, ду чашмамро аз ҳавлии таваллудхона намекандам. Баъди чанд лаҳза шавҳарам аз дари беморхона даромад. Бо дидани Файз хушдоманаш девонавор ба ӯ дарафтод ва бо тамоми овоз дод зад:

-Бо гуноҳи ту духтарам аз дунё гузашт. Сағераи ту ба ман лозим нест. Ғами духтари зебои ҷавонмаргам барои мани кампир басанда аст. Вақти ғами сағераи туро хӯрдан надорам, маҳ, ин ҳаромиатро гирифта худат калон кун...

Вай тифли парпечро ба дасти Файз дода, нолакунон ба сӯйи мошини “Ёрии таъҷилӣ” равон шуд, то ҷисми беҷони духтарашро, ки сари фарзанд рафтааст, ба хонааш барад...

Духтари худодод

Файз бо сари хам ба назди ман омад ва гунаҳкорона пичиррос зад:

-Ин кӯдак ягон гуноҳ надорад, агар....

-Метавонӣ давомашро нагӯӣ, ман аллакай ҳамаашро фаҳмидам Файз. Кӯдакро ба ман деҳ, фарзанди ту фарзанди ман ҳам ҳаст мардакҷон,-гӯён, тифлро аз дасти шавҳарам гирифтам.

Ҳамин тавр худованд ба ман дар қатори писарчаам боз як духтарчаи заркокул дод ва мо якбора ду тифли навзодро ба хона овардем. Духтарчаи Файз чунон зебо аст, ки ҳаваси кас меояд, аз ҳамин сабаб мо ӯро Малика ном кардем. Албатта нигоҳубини ду кӯдак чандон кори осон нест, вале меҳру муҳаббати шавҳарам ба ман нерӯ мебахшад. Файз барои ману тифлаконаш тамоми нӯшу неъмати дунёро муҳайё карда меорад. Падару модари Файз аз гуноҳи писарашон гузаштанд ва акнун гоҳ-гоҳ ба хонаи мо меҳмонӣ меоянд. Бародари ман низ бо мо оштӣ шуданд. Имрӯз ба маънии томаш хушбахт ҳастам, вале як кунҷи дилам ҳамоно сиёҳ аст. Ман то ҳол худро дар хонавайрон ва ҷавонмарг шудани зани якуми шавҳарам гунаҳкор эҳсос мекунам ва аз он метарсам, ки рӯзе Малика калон шуда: “очаи маро ту куштӣ” нагӯяд...
Нилуфар

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД