ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1641

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Дар ин рӯз муносибатҳои ошиқонаатон каме ноором мегардад. Ноумеду ғамгин мешавед, аммо дастгирии дӯстону хешон рӯҳбаланд месозад. Нисбати шахси дӯстдошта бодиққат бошед, ӯ аз шумо дастгириро интизор аст. Дар касбу кор беҳтараш аз роҳҳои санҷидашуда истифода кунед, аз хатарҳои нолозим худдорӣ намоед. Вазъи молиявӣ беҳтар мегардад, вале беҳуда пул сарф накунед. Аз хастагии зиёд пешгирӣ намоед.

Савр (20 апрел-20 май)

Аз суханони ҳасудон парво накунед ва ба баҳсҳои бегона дохил нашавед. Рӯзи ором аст, беҳтараш корҳои ҳаррӯзаи худро анҷом диҳед. Аз хароҷоти калон парҳез намоед, хусусан агар чизи гаронбаҳо хариданӣ бошед. Агар муддати тӯлонӣ зери фишори рӯҳӣ қарор доштед, вақти истироҳату оромист, саломатии худро аз даст надиҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Барои муносибатҳои ошиқона вақтатон кам мемонад, вале ин ба нафъи шумост, ишқи нав шояд мисли гузашта ноком гардад. Имрӯз рӯйдодҳои гуворо ва хабарҳои хуб рӯҳбаландатон месозанд. Эҳтимол ҳадяи ногаҳонӣ гиред ё аз наздикон шодиву меҳрубонӣ бинед. Дар кор идеяҳои тоза пешниҳод кунед, роҳбарият хуш мепазирад. Шом барои истироҳат ё табобати сабук муфид аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Сабру таҳаммулатон озмуда мешавад, вале ишқу муҳаббат дар ин рӯз нерӯ мебахшанд. Бо наздикон самимӣ бошед, меҳрубонии гарми шумо онҳоро шод мекунад. Корҳоятон зиёданд, вале агар ба ёрии ҳамкорон такя кунед, ҳамааш ба осонӣ анҷом меёбад. Маблағатон кофист, вале аз сарфу харҷи зиёдатӣ дурӣ ҷӯед. Дарди сабуки бадан, ки чанде пеш шуморо озор медод, мегузарад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз хабарҳои хуш мешунавед. Рӯҳатон болида ва табъатон хуш мешавад. Вақтатонро бештар ба аҳли оила бахшед, ба онҳо муҳаббати шумо намерасад. Аз қабули қарорҳои ҷиддии корӣ худдорӣ намоед. Агар дар фикри сафар ё рухсатӣ ҳастед, аввал бо дӯстдоштаи худ маслиҳат кунед. Қарз нагиред ва аз гирифтани кредит дурӣ кунед. Ба саломатии сутунмуҳра таваҷҷуҳ намоед, машқҳои сабук фоида доранд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз муносибатҳои ошиқонаатонро аз дигарон пинҳон нигоҳ доред, то аз ҳасад эмин бошед. Барои шахсони оиладор хабарҳои хуш - беҳбудии молӣ ё ҳалли масъалаи манзилӣ имконпазир аст. Кӯшиш кунед эҳсосотро зери назорат гиред, бо ҳамкорон баҳс накунед. Дар нимаи рӯз маблағи ғайриинтизор ё пешниҳоди судманд мегиред. Ба саломатии буғумҳо аҳамият диҳед, аз хастагии ҷисмонӣ канораҷӯӣ кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз нисбати суханҳои шахси дӯстдошта ҳассос мешавед. Эҳсосотро идора кунед, то баъд пушаймон нашавед. Ба фикру назари дигарон эҳтиром гузоред, то ихтилоф ба вуҷуд наояд. Барои комёбӣ бояд тамоми таваҷҷуҳатонро ба кор равона созед. Масраф барои намуди зоҳир хуб аст, дар оянда суд меорад. Ғизои равғанин ва хамириро кам кунед, варзишро ба нақша гиред.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз бе шитоб амал намоед. Вохӯрӣ бо дӯст ё муҳаббати собиқ оташи ишқро дар қалбатон дубора зинда мекунад. Рӯз душвор аст, вале агар ба худ бовар дошта бошед, аз уҳдаи ҳама чиз мебароед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ кунед, эҳтиёткор бошед, эҳтимоли гум кардани чизе вуҷуд дорад. Барои ташхису табобат вақти муносиб аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Фурсатест барои таваққуф дар муҳаббат ва диққат додан ба масъалаҳои молӣ. Имрӯз рӯйдод ё хабари хуш ба корҳоятон таъсири нек мегузорад. Бо ҳисси баланди одамшиносӣ бисёр масъалаҳоро осон ҳал карда метавонед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, фоида ба даст меоранд. Саломатиятон хуб аст, вале аз хастагӣ эҳтиёт шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз аз базму суҳбатҳои серодам дурӣ ҷӯед, беҳтараш истироҳат кунед. Қувваи шумо кам шудааст ва ниёз ба оромӣ доред. Дар касбу кор обрӯву эътиборатон меафзояд, роҳбарият шуморо қадр мекунад. Вазъи молӣ беҳтар мешавад, агар сарфу харҷро дуруст танзим намоед. Каме нотобӣ эҳсос мекунед, вале бемориятон ҷиддӣ нест.

Далв (20 январ-18 феврал)

Бо шахси дӯстдошта суҳбати ошкоро анҷом диҳед, ин муносибатҳоро беҳтар мекунад. Дар ҳама ҳолат оромиву хирадро нигоҳ доред, то аз ихтилофҳо эмин бошед. Ҳоло вақти оғоз кардани корҳои нав нест, аввал маслиҳат кунед. Бо вуҷуди мушкилиҳои сарзада вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Табъи хушу болида саломатиатонро беҳтар месозанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ҷаззобиятатон кофӣ нест, то дилеро ба даст оред, вале бо самимият ва зиракии худ муваффақ мешавед. Шодиву нишоти хонаводагӣ интизоратон аст. Нафаронеро, ки бо кори муҳосибӣ машғуланд, эҳтимоли санҷиш вуҷуд дорад. Аз шиносҳои кӯҳнаатон истифода кунед, онҳо бароятон роҳҳои нав мекушоянд. Аз сафарҳои дур худдорӣ намоед ва ҷисмро аз хастагии зиёд эмин доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД