ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1433

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз қалбатон пур аз шодиву муҳаббат мешавад. Эҳтимол бо шахсе вохӯред, ки кайҳо мехостед дидор бубинед. Бо зиракиву табассум дӯстону ҳамкоронро ҷалб мекунед. Дар муносибатҳои оилавӣ самимият меафзояд. Дар ҷои кор аз шитоб ва баҳс худдорӣ намоед, беҳтараш ба дигарон ёрӣ диҳед. Ба саломатии дандон ва ҳолати асаб аҳамият диҳед. Рӯз хуб мегузарад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз табъи шумо хуш аст, рӯҳбаланд мешавед. Ҳама корҳоятон бо оромӣ ва сабр анҷом меёбанд. Бо наздиконатон муносибат беҳтар мегардад, ҳатто мумкин аст ҳамроҳ ба сафар бароед ё вохӯрии хуш сурат гирад. Дар баҳсҳо эҳтиёт бошед, як сухани нодуруст метавонад дилшикастагӣ оварад. Дар касбу кор нақшаи возеҳ тартиб диҳед ва масъулиятро дуруст тақсим намоед. Барои саломатӣ истироҳат ва оббозӣ муфиданд. Аз ғазаб ва шитоб парҳез кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз беҳтар аст ростқавл бошед ва фикрҳои худро оромона баён кунед. Агар бо наздикон нофаҳмӣ дошта бошед, сӯҳбати самимӣ ҳама чизро ислоҳ мекунад. Дар ҷои кор ба натиҷаҳои хуб ноил мегардед, вале аз баҳс кардан бо роҳбарон худдорӣ кунед. Рӯз барои гуфтушунид ва имзои шартнома хуб аст. Ба саломатии худ диққат диҳед, асабатонро ором нигоҳ доред, фикри зиёд зарар дорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз шодиву эҳсосоти мусбат шуморо фаро мегиранд. Эҳтимол вохӯрии ошиқона ё шиносоии нав дар сафар рух диҳад. Барои оиладорон рӯзи хуш аст, барои ба меҳмонӣ ё ҷашн рафтан тайёрӣ мебинед. Ба суханҳои дигарон аҳамият надиҳед, баъзеҳо ба шумо ҳасад мебаранд. Агар чизе гум шавад, зуд пайдо мешавад. Варзиш ва ҳаракати сабук рӯҳатонро боло мебарад. Рӯз пур аз нерӯ ва умед хоҳад буд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо ҷолиб, пурэнергия ва диққатҷалбкунанда мешавед. Бисёр одамон мехоҳанд бо шумо муошират кунанд. Энергияи мусбати рӯзро барои нақшаҳои оянда истифода баред. Дар кор нерӯи эҷодӣ зиёд аст, вале эҳтиёт кунед, то бо ҳамкорон баҳс накунед. Ҳасад ва нофаҳмӣ эҳтимол доранд, аммо сукут беҳтарин посух аст. Барои худ вақт ҷудо намуда, истироҳат кунед ва саломатиро фаромӯш накунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи пур аз ҳиссиёт ва тағйирёбанда аст. Баъзан худро ноором ҳис мекунед, вале ин муваққатист. Дар кор эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, беҳтараш бетараф бошед. Агар ба молу сарват диққат диҳед, муваффақ мешавед. Саломатӣ хуб аст, вале гурда ва меъдаро эҳтиёт кунед. Аз таомҳои равғанин ва ширин худдорӣ намоед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз беҳтараш ба хости дили худ амал кунед, он роҳи дурустро нишон медиҳад. Эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ бо дӯст ё ҳамсар ҳаст, вале бо сабр ва муҳаббат ҳал мешавад. Шомро дар муҳити хонаводагӣ сипарӣ кунед. Бо ҳамкорон дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро зиёд кунед. Масъалаҳои молиявиро бо мулоҳиза ҳал намоед. Аз хабарҳои нохуш ва асабоният дур бошед. Барои саломатӣ истироҳати пурра муҳим аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз муҳаббат ва эҳсоси гарм шуморо фаро мегиранд. Агар дилатон чизе мехоҳад, бе тарс қадам гузоред. Дар оила оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ меафзояд. Дар касбу кор вақти хуб барои амалҳои ҷиддист, шумо ҳама душвориҳоро паси сар мекунед. Бо роҳбар ё ҳамкорон созиш кунед, натиҷа мусбат мешавад. Аз хариди гарон худдорӣ намоед, то буҷаи хона зарар набинад. Шомро дар танҳоӣ сипарӣ кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз баногаҳ ошиқ шудан ва рух додани шиносоии нав эҳтимол дорад. Шахсони оиладор беҳтараш вақти бештарро бо наздикон гузаронанд. Дар кор сабр ва диққат лозим аст, қарорҳои шитобкорона нагиред. Ашёҳои арзишмандро эҳтиёт кунед, то гум нашаванд. Аз баҳс дурӣ ҷӯед, зеро он танҳо асабатонро хаста мекунад. Бегоҳ бо мусиқӣ ё сӯҳбати оромона истироҳат кунед. Рӯзатон бо эҳсоси хуб мегузарад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Онҳое ки дер боз танҳо буданд, метавонанд шиносоии нав дошта бошанд. Дар муносибатҳо самимият ва меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар кор имкони пешрафт зиёд аст, вале масъулиятшинос бошед. Бо дӯстӣ ва адолат ба ҳадаф мерасед. Саломатӣ хуб аст, аммо ба хасташавӣ роҳ надиҳед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз эҳсосоти ошиқонаатон зиёд аст, вале кӯшиш кунед қарорҳоро бо ақл гиред, на бо дил. Ба ваъдаҳои шитобкорона дода нашавед. Бо дигарон меҳрубон бошед, аммо иҷозат надиҳед, ки аз шумо истифода кунанд. Рӯз барои омӯзиш ва хариди чизҳои лозим хуб аст. Агар дандон ё гарданатон дард кунад, ба назди духтур равед. Ором бошед, ҳама чиз ба нафъи шумо анҷом меёбад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дили шумо пур аз эҳсоси хуб аст. Ба овози ботинӣ гӯш диҳед, он роҳи дурустро нишон медиҳад. Наздикон шуморо хушҳол мекунанд ва муҳаббат меафзояд. Дар касбу кор диққататон парешон мешавад, вале ин зуд мегузарад. Аз масъалаҳои молиявӣ нагурезед, онҳоро бо оромӣ ҳал намоед. Хӯроки сабук хӯред, аз истеъмоли ширинии зиёд худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД