goodwell
Косметикаи табиӣ аз зани оддӣ малика месозад
57

Косметикаи табиӣ аз зани оддӣ малика месозад
Барои нигоҳубини пӯсту мӯй ва тайёр кардани ниқобҳои гуногун харидани маводи гаронбаҳо шарт нест. Бисёре аз онҳоро метавон бо истифода аз гиёҳҳо, шоху баргҳои дарахтон ва ҳатто занбӯруғҳои дар табиат рӯянда омода кард.
Мутахассисони соҳаи ҷангалшиносии Русия ба хабаргузории AIF дар бораи хусусиятҳои судманди растаниҳо ва занбӯруғҳои ҷангал нақл кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, табиат дар ҳар фасли сол барои нигоҳубини пӯсту мӯй ва омода кардани воситаҳои гуногуни зебоӣ маводи фаровон дорад.
Равғанҳои хушбӯйи табиӣ
Равғанҳои эфир аз моддаҳои хушбӯйи дар таркиби растаниҳо мавҷудбуда ҳосил карда мешаванд. Ин моддаҳо дар реша, барг, тухмӣ ва пӯсти меваҳо ҷой доранд. Равғанҳои эфириро барои хушбӯй кардани ҳавои хона, ором кардани асаб ва ё баръакс, рафъи хастагӣ ва болида сохтани рӯҳия истифода мебаранд.
Масалан, аз дарахти арча низ равғани хушбӯй тайёр кардан мумкин аст. Онро дар тибби халқӣ барои нигоҳубини пӯсту мӯй ва барқароршавии бадан баъди бемориҳои вазнин истифода мебаранд. Ҳамчунин, чунин равғанро барои тоза кардани сӯрохиҳои пӯст, кам кардани доначаҳои пӯст, мустаҳкам намудани мӯй ва пешгирии пайдоиши сабӯсак тавсия медиҳанд.
Тарзи омода кардан: Аввал ғӯза, сӯзанбарг ва шохчаҳои арчаро ҷамъоварӣ кунед. Зарфи шишагиро то нисф аз онҳо пур карда, ба болояшон равғани растании тоза резед. Сипас зарфро се соат дар зарфи оби гарм гузоред. Баъдан онро гирифта, як шабонарӯз дар ҷои торик нигоҳ доред. Дар охир омехтаро аз дока гузаронида, боқимондаи шохчаю сӯзанбаргҳоро низ хуб фишурда, равғанашро ҷудо кунед.
Занбӯруғҳо -воситаи нигоҳубини пӯст
Маълум мешавад, ки баъзе моддаҳои таркиби занбӯруғҳо дар истеҳсоли маҳсулоти косметикӣ низ истифода мешаванд. Дар таркиби бисёре аз крему ниқобҳои гаронбаҳои ширкатҳои машҳур низ иқтибоси занбӯруғҳо мавҷуд аст. Ҳол он ки аз баъзе занбӯруғҳои маъмулӣ дар хона низ метавон воситаҳои одии нигоҳубини пӯст тайёр кард.
Масалан, аз шампинйон, занбӯруғи устухонӣ ва чага метавон ниқобҳои тароватбахш ва кремҳои нигоҳубини пӯст омода намуд. Моддаҳои дар таркиби баъзе аз ин занбӯруғҳо мавҷудбуда хусусиятҳои зиддиоксидшавӣ, зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд. Онҳо метавонанд барои ҳифзи пӯст аз таъсири омилҳои зараровар, кам кардани илтиҳоб ва суст кардани раванди пиршавии он мусоидат кунанд.
Масалан, барои пӯсти муқаррарӣ ё равғанин аз ду дона шампинйон ниқоб тайёр кардан мумкин аст. Барои ин занбӯруғҳоро майда карда, ба онҳо як қошуқ кефир ё сметана илова кунед. Омехтаи ҳосилшударо ба рӯй молида, 15 дақиқа нигоҳ доред ва баъдан бо об бишӯед. Агар пӯстатон хушк бошад, ба ҷойи кефир ё сметана каме равғани растанӣ истифода баред.
Барои сафед кардани пӯст аз занбӯруғи сафеди майдакардашуда низ ниқоб тайёр мекунанд. Ҳамчунин, тибқи баъзе маълумот, занбӯруғҳои рӯбоҳак ва руссулаи майдакардашуда метавонанд барои бартараф кардани папилломаҳо мусоидат кунанд.
Ба гуфтаи табибони халқӣ, занбӯруғҳои тару тоза ва хушккардашуда низ барои тайёр кардани воситаҳои нигоҳубини пӯст истифода мешаванд. Муҳим он аст, ки онҳоро дуруст ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД