arzon replenishment
5 амале, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаи ҷомашӯиро мегиранд
13.01.2025
ОИЛА.ТҶ
321

Мошинаи ҷомашӯӣ дастёри беминнати ҳар як зан мебошад. Аз кор баромадани он кори занҳоро душвор месозад. Барои он ки мошинаи ҷомашӯии шумо дурудароз хизмат намояд, имрӯз мо дар бораи 5 амале маълумот медиҳем, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаро мегиранд.

Аз либос шустан дар ҳарорати паст худдорӣ намоед, зеро хокаи либосшӯӣ дар оби сард ба пуррагӣ ҳал нашуда, дар натиҷа дар мошинаи ҷомашӯӣ бӯйи нохуш пойдо мешавад ва ҳатто боиси шикастани баъзе қисмҳои мошинаи ҷомашӯӣ мегардад.

Ҳарорати аз ҳад баланд низ боиси зуд вайрон шудани мошинаи ҷомашӯӣ гашта метавонад. Хоҳед, ки мошинаи шумо муддати дурудароз хизмат намояд, либосҳоятонро дар ҳарорати 20-40 дараҷа шӯед.

Хокаи хушки шустушӯиро аввал бо оби гарм то пурра об шуданаш омехта карда, баъд ба мошинаи ҷомашӯӣ андозед. Ин амал пеши роҳи пайдошавии бӯйи бадро мегирад.

Сирко ва кислотаи лимӯ мошинаи либосшӯиро вайрон мекунанд, зеро он аз хӯлаи алюминий ва кремний сохта шудааст. Барои тозакунии барабани мошинаи ҷомашӯӣ аз маҳсулоти касбӣ ё импровизатсияшуда истифода баред, ки барои мошинаи шумо комилан бехатаранд.

Агар мошинаи шумо бо хокаи хушк либосҳоро тоза нашӯяд, як қошуқи хӯрокхӯрӣ спирти навшодир илова кунед. Бо ин амал ҳатто бо хокаи арзонтарин либосҳо тоза шуста шуда, мошинаи ҷомашӯии шумо муддати дурудароз хизмат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД