formula feb 2025
5 маслиҳати муфид дар боби интихоби кондитсионер
320

Ҳаво рӯз то рӯз гармтар шуда истодааст ва дил мехоҳад ҷойи салқинаке бошад, ки каме ҷони кас осояд. Махсусан дар хонаҳои баландошёна дар ҳавои гарм бидуни кондитсионер зиндагӣ кардан душвор аст. Албатта имрӯзҳо дар бозору мағозаҳо намудҳои гуногуни кондитсионер хеле зиёданд, вале чанд қоидаи муҳиме вуҷуд дорад, ки ҳангоми интихоби кондитсионер бояд ҳатман ба назар гирифта шаванд.

Кондитсионерро дар куҷо бояд насб кард?

Барои он ки хона хуб салқин шавад, кондитсионерро дар ҷое бояд насб намуд, ки ҷараёни ҳаво тамоми утоқро хуб фаро гирад. Барои насб ҷойи сояафкан ва баландро интихоб кунед, то кори дастгоҳ осон ва самараноктар шавад.

Пеш аз харид фаҳмед, ки филтрҳо ва қисмҳои дарунии кондитсионер чӣ гуна тоза мешаванд. Моделҳое, ки филтрашон осон баровардаву шуста мешавад, бартарӣ доранд.

Инвертор беҳтар ё кондитсионери анъанавӣ?

Кондитсионерҳои инверторӣ (Inverter) барқи камтар сарф мекунанд, оромтар кор мекунанд ва умри дарозтар доранд. Ҳарчанд қиматтаранд, аммо мо ба шумо маҳз чунин кандитсионер хариданро тавсия медиҳем, зеро муддати тӯлонӣ хизмат мекунанд ва аз нигоҳи салқин кардани хона низ пурқудраттар мебошанд.

Иқлим ва ҳарорати минтақаро ба назар гиред

Агар дар минтақаи шумо тобистон бисёр гарм бошад, кондитсионере интихоб кунед, ки барои ҳарорати баланд мувофиқ буда, устувор кор мекунад.

Иқтидори намгирӣ (осушение воздуха)

Барои минтақаҳои намнок ё утоқҳое, ки намӣ зиёд аст, кондитсионере интихоб кунед, ки функсияи тоза кардани намии ҳаво дорад. Ин ба саломатӣ ва бароҳатӣ кумак мекунад.

Нарх ва хизматрасонии пас аз фурӯшро муқоиса кунед

Ҳамеша танҳо ба қиматӣ ё арзонии кондитсионер нигоҳ накунед. Бифаҳмед, ки оё хизматрасонии кафолатӣ ва қисмҳои эҳтиётии он дар минтақаи шумо дастрасанд ё не.

Ин буд чанд маслиҳати муфид дар боби интихоби кондитсионер. Умедворем, ки шумо дар интихоби худ хато накарда, фасли гарморо дар хонаҳои салқин бароҳат мегузаронед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД