arzon replenishment
Маслиҳатҳои муфид дар боби интихоби пардаҳои замонавӣ
3501


Парда яке аз қисмҳои асосии ороишии хона ба шумор меравад. Албатта, ҳар соҳибхона мувофиқи табъу завқи худ ва мувофиқи ороиши зардеворӣ, қандил, қолин пардаро интихоб мекунад, ки ин мутобиқат ҳангоми даромадан ба хона табъи касро болида месозад.

Аммо баъзе нозукиҳое ҳастанд, ки дар интихоби парда бояд ба инобат гирифта шаванд. Гап дар сари он аст, ки агар пардаро нодуруст интихоб кунед, он ба манзили шумо ҳусни тоза ато карда наметавонад.

Нозукиҳои интихоби парда

Парда хоҳ- нохоҳ ба табъи инсон таъсир мерасонанд, аз ҳамин сабаб баъзан ба ягон ҷо меҳмонӣ рафта, табъамон худ аз худ хира мешавад ё баръакс диламон равшан мегардад. Бояд гуфт, ки парда ҷузъи асосии ороиши хона буда, пардаҳои ҳуҷраҳои гуногун аз ҷиҳати ороиш ва рангу матоъашон аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд, бинобар ин, пардаҳоро вобаста ба маҳалли ҷойгиршавиашон бояд интихоб намуд. Асосан, пардаҳо гулдор ва якранга мешаванд, вале шакли духташон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳангоми интихоби парда пеш аз ҳама ба ранги он диққат додан лозим аст. Рангҳои дилкаш ва бо зардевори мувофиқ ба ҳамоҳанг сохтани муҳити атроф мусоидат намуда, таъби касро болида мегардонанд. Пардаҳои аз аз бахмал, атлас ва катон омода шуда ба кошонаи шумо шукуҳи шоҳона мебахшанд.

Пардаи дароз барои ҳуҷраҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакона пешбинӣ шудаанд, вале барои меҳмонхона пардаи дароз беҳтар аст, зеро хонаи шумо бо чунин парда шукуҳи тоза пайдо мекунад.

Пардаи замонавӣ барои меҳмонхона

Ҳуҷраи асосии ҳар хона меҳмонхона буда, ба тарзи замонавӣ ороиш додани он орзуи ҳар соҳибхоназан аст. Аммо на ҳар зан мустақилона аз ӯҳдаи ороиши меҳмонхона мебарояд. Муҳимтар аз ҳама ҷиҳози меҳмонхонаро мувофиқ ба андоза, шумораи сокинон ва эҳтиёҷот мебояд интихоб намуд. Чун анъана, дар меҳмонхона диван, чанд адад роҳаткурсӣ, миз ва сафҷевон (стенка) гузошта мешаванд.
Мутобиқати парда бо зардеворӣ шарт нест, агар...
Ранги пардаи тиреза набояд ба ранги деворҳои ҳуҷра монанд бошад. Ҳангоми интихоби парда кӯшиш намудан зарур аст, ки ранги он аз ранги девор равшантар ва ё ториктар бошад. Пардаи меҳмонхона дар мадди аввал бояд бо ранги ҷиҳози хона мутобиқат намуда, ҳамзамон равшании ҳуҷраро таъмин созад.
Шимолу ҷанубро ба назар гиред
Барои ҳуҷраҳое, ки тирезаҳояш дар тарафи шимол қарор доранд, пардаҳои рангҳои гармибахш ва дурахшон - қаҳваранг, зарин, зумуррадӣ ва норинҷӣ интихоб кардан мувофиқтар аст. Чунин парда ба ҳуҷра гармӣ бахшида, ҳузуру ҳаловатро фароҳам меорад.
Барои тирезаҳои дар самти ҷануб ҷойгиршуда пардаҳои дорои рангҳои сард ва ором мутобиқанд, амсоли рангҳои кабуд, хокистарӣ, осмонӣ ва сафед.
Ҳангоми часпондани парда андозаи ҳуҷра ва баландии деворро низ бояд ба инобат гирифт.
Меҳмононро фаромӯш накунед!
Хулоса, ҳангоми интихоби пардаҳо дар ёд дошта бошед, ки хонаи шумо натанҳо макони зисту зиндагии шумо ва аҳли оилаатон аст, балки меҳмононро низ бо дунёи ботиниатон ошно месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД