1xbet
5 дастёри беминнат барои занҳо
307

Бонувони муосир хеле серташвиш буда, аксар вақт барои сари вақт ба анҷом расонидани кору бори хона вақт намеёбанд, вале 5 техникаи замонивии маишие вуҷуд доранд, ки метавонанд кори занонро дар хона осонтар созанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи ана ҳамин дастёрҳои беминнати бонувон маълумот медиҳем.

1. Мошини ҷомашӯӣ бо функсияи хушккунӣ

Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки либосҳо якбора шуста ва хушк шаванд. Мавҷудияти чунин мошинаи ҷомашӯӣ дар хона шароит фароҳам меорад, ки хонумро вақти худро сарфа намуда, камтар заҳмат кашанд. Агар шумо дар фикри харидани чунин мошинаи ҷомашӯӣ бошед, брендҳои зеринро интихоб намоед: LG (моделҳои "Wash+Dry"), Samsung (моделҳои "EcoBubble with Dry") ва Bosch-боч.

2. Мошинаи зарфшӯии автоматӣ

Ба ҷои шустани зарфҳо бо даст, аз ин техника истифода баред. Он дар муддати кӯтоҳ зарфҳоро хеле тоза шуста тамиз мекунад. Брендҳои беҳтарини мошинаи зарфшӯӣ Bosch –боч (синфи A++), Electrolux-электролкс ва Beko-бико мебошанд.

3. Микроволновка (пешдевори ҳароратӣ)

Барои гарм кардани ғизо ё тайёр кардани таомҳои сабук, ин дастгоҳ хеле муфид аст. Ба хонумҳое, ки мехоҳанд микроволновка бихаранд, брендҳои Panasonic-панасоне, Samsung ва LG-ро тавсия медиҳем.

4. Чангкашак (пылесос) бо филтри обӣ ё робот-чангкашак

Бо кӯмаки чунин чангкашаки чаққонак хонаи шумо ҳамеша т озаву озо да хоҳад буд. Аз ҳама муҳимаш тозагӣ бе кӯшиши зиёд ба даст меояд. Робот-чангкашакҳо худашон хонаи шуморо тоза мекунанд.

Брендҳои беҳтарини робот-чангкашак iRobot Roomba-айрибо римба

Xiaomi Mi Robot-шамими робот, Ecovacs Deebot-эковакс дибот

Брендҳо (филтри обӣ)-Thomas -томес(моделҳои Aqua+) ва

Karcher-кача мебошанд.

5. Мултиварка (пухтупази автоматӣ)

Ин техника имкон медиҳад, ки бо як ангуштзании тугма таомҳои гуногун тайёр шаванд: шӯрбо, палов, пухтани гӯшт ва ғайра.

Брендҳои Redmond -редмнд(моделҳои RMC), Philips Viva Collection-филипс вива келекшн ва Tefal-тефл-ро интихоб намуда, пушаймон нахоҳед шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД