Arzon march 2024
Роҳҳои халосӣ аз бӯйи бади яхдон
158

Бо фарорасии фасли гарми тобистон нигаҳдории дурусти ғизо аз ҳарвақта дида муҳимтар мегардад, чунки ҳарорат метавонад маҳсулотро зуд вайрон кунад ва бӯйи носозгор дар яхдон пайдо шавад.

Барои он ки яхдони шумо ҳамеша тоза, бе бӯй ва омодаи хизмат бошад, ин чанд маслиҳатро дар хотир доред:

Яхдонро мунтазам тоза кунед!

Ҳар ҳафта яхдонро холӣ ва бо маҳлули сода ё сирко пок кунед. Гузоштани як коса сода дар дохили яхдон метавонад тамоми бӯйи номатлубро фурӯ барад.

Лимӯ ё афлесун гузоред

Қисмҳои лимӯ ё афлесунро бо каме намаки майда омехта карда, дар яхдон монед.Он натанхо бӯйи бадро нест мекунад, балки яхдонро тару тоза нигоҳ медорад.

Ғизои куҳнашударо партоед

Маҳсулоти мӯҳлаташ гузашта сабаби асосии пайдо шудани бӯйи бад дар яхдон мебошад. Хоҳед, ки яхдонатон мудом тозаю озода бошад, ғизои вайроншударо сари вақт гирифта партоед.

Резинҳои дарро фаромӯш накунед!

Резинҳои дарро фаромӯш накунед, зеро онҷо низ бактерияҳо ҷамъ мешаванд. Бо сирко ё собуни мулоим резинҳоро дарро пок кунед.

Дар фасли тобистон яхдон дӯсти наздиктарини шумост. Нигоҳубини дурусти яхдон натанҳо сифати ғизоро нигоҳ медорад, балки ҳамзамон саломатии аҳли хонадонро низ муҳофизат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД