Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтараш муҳаббатро аз касе, ки нисбататон бетафовут аст, интизор нашавед. Диққататонро ба одамоне равона созед, ки қадратонро медонанд. Масъалаҳои хонаводагӣ сабру оромӣ мехоҳанд, бинобар ин, корҳоро бо тартиб анҷом диҳед. Агар нияти тиҷорат доред, дер накунед, фикратонро дигарон амалӣ мекунанд. Аз шартномаҳои молиявӣ худдорӣ кунед, зеро хатари зиён зиёд аст. Барои ором шудан, ба варзиш машғул шавед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳсосотатон баланд мешавад ва эҳтимол сухани номувофиқ гӯед. Кӯшиш кунед худро идора намоед, то наздиконат ранҷ набинанд. Сафар ё вохӯриятон шояд ба таъхир афтад, аммо ин ба фоидаи шумост. Дар атрофатон одамоне ҳастанд, ки ниятҳои нек надоранд, эҳтиёт бошед. Имрӯз пул меёбед ё хабари хуш мешунавед. Табиат ва ҳавои тоза рӯҳатонро ором мекунад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз шахсе, ки кайҳо нисбататон эҳсос дошт, эҳтимол муҳаббаташро баён мекунад, ин шуморо ба ҳайрат меорад. Дар хонаатон нофаҳмӣ имкон дорад, хафагиву кинаро дар дил нигоҳ надоред. Корҳои майдаро ба дигарон вогузоред, то вақти худро беҳуда сарф накунед. Имрӯз қадамҳоятон баракат меёбанд. Аз саломатӣ ғофил намонед: аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед, бештар дар ҳавои тоза сайр намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз табъатон болидаву хотиратон шод мегардад. Агар танҳо бошед, эҳтимоли пайдо кардани муҳаббат зиёд аст. Оиладорон лаҳзаҳои хуши хонаводагӣ дар пеш доранд. Имрӯз барои корҳои хона ва таъмир вақти хуб аст. Дар кор рақибон фаъол мешаванд, аммо бо сабру таҷриба муваффақ мешавед. Аз қарз додану гирифтани пул худдорӣ намоед. Барои нигоҳ доштани нерӯ ба варзиш машғул шавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳсосоти зиёд метавонад сабаби ҷанҷол гардад. Кӯшиш кунед ором бошед ва муҳити хонаатонро ором нигаҳ доред. Бо ҳамсаратон ростқавл бошед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар кор заҳмататон натиҷа меорад, вале маслиҳати одамони таҷрибадорро нодида нагиред. Дар масъалаи саломатӣ, махсусан гурдаҳо, эҳтиёт кунед. Агар худро хаста ҳис кунед, вақти хуб барои истироҳат аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи хуб барои муҳаббат ва эҷод аст. Шиносоии нав метавонад ба муносибати зебои ошиқона табдил ёбад. Оиладорон бошанд, сюрпризи гуворое дар пеш доранд. Имрӯз барои корҳои шахсӣ ва касбӣ вақти мусоид аст, ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Аммо бо пул эҳтиёт бошед, зеро хароҷоти нолозим зиён меорад. Ба саломатии дилу фишори баланд диққат диҳед ва аз ғизои шӯр худдорӣ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз танҳо мондан ба фоидаатон нест, бо дӯстону наздикон вақти бештар гузаронед. Муоширати нек ба шумо нерӯ мебахшад. Дар ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳсил бодиққат бошед, иштибоҳ имкон дорад. Аз қарз гирифтан ё хароҷоти калон худдорӣ кунед. Имрӯз барои варзиш, парҳез ё тағйири намуди зоҳирӣ рӯзи хуб аст. Дониш ё машғулияти нав метавонад зиндагиро ба самти хуб равона кунад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳсосотатон баланд мешавад, муҳаббатро ошкоро нишон диҳед. Дар хона бо вуҷуди моҷароҳо кӯшиш кунед сабур бошед. Дар касбу кор шуморо муваффақият интизор аст, заҳмататон қадрдонӣ карда мешавад. Агар соҳибкор бошед, пешниҳоди хуб мегиред. Имрӯз ба парҳези сахт омода нестед, пас худатонро азоб надиҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳсосоту шитобкорӣ метавонад сабаби иштибоҳ гардад. Оромона пеш аз ҳар амал андеша кунед. Дар сарф кардани пул эҳтиёт намоед, кам кардани хароҷоти нолозим ба фоидаатон аст. Агар ниятҳои нав дошта бошед, имрӯз қадами аввалро гузоред. Шояд ҳамин иқдом шуморо ба муваффақият расонад. Аз ғизои вазнин ва шириниҳо худдорӣ кунед, то худро сабук ҳис намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз фурсати хуб барои муносибатҳои ошиқона фаро расидааст. Ҳатто агар шахси хоксор бошед ҳам, меҳнати шуморо мебинанду қадр мекунанд. Дар харидҳо оқилона рафтор кунед ва пешакӣ нақша кашед. Дар кор фаъол бошед, роҳбарият ба шумо эътимод мекунад. Барои беҳтар шудани вазъи молӣ бо аҳли оила маслиҳат намоед. Ба ҳама чиз бо рӯҳияи нек нигаред, ин калиди муваффақият аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз ростқавлӣ калиди муваффақият аст. Аз наздикон чизе пинҳон макунед, ростӣ дӯстиро нигоҳ медорад. Эҳтимол масъулияти дигаронро ба дӯш гиред, вале ин имтиҳони сабру тоқат аст. Агар бо касе нофаҳмӣ дошта бошӣ, имрӯз вақти оштӣ аст. Маблағи худро беҳуда сарф накунед. Дар корҳои хона эҳтиёт бошед, ашёҳои тези хонагӣ хатарноканд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз нофаҳмии хурд миёни зану шавҳарон имкон дорад, аммо оромӣ нигоҳ доред, сабр ҳама чизро ҳал мекунад. Дар кор фикрҳои нав меоянд, ки метавонанд шуморо ба муваффақият расонанд. Масъулиятҳои худро ба дигарон насупоред, зеро обрӯят осеб мебинад. Рӯз барои гуфтушунид ва ҳуҷҷатгузорӣ хуб аст. Агар худро хаста ҳис кунед, ба ҳавои тоза бароед ва хуб истироҳат кунед.