toyota motors
Амур муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба корҳои сохтмонӣ даъват мекунад
53

Шумо устои хуб ҳастед ё маҳорати кор дар сохтмонро доред, вале намедонед чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, маблағи хуб кор кунед? Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Свободний, вилояти Амур (г. Свободный, Амурская область) даъват намудааст.

Ба корҳои сохтмонӣ дар Амур мардони синну солашон аз 18 то 50-солае, ки забони русиро медонанд, даъват карда мешаванд. Музди меҳнат барои як соати корӣ 305 рубл буда, давомнокии сменаи корӣ 10 соат мебошад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Амур ба насби георешётка, сангфарш кардани нишебиҳо ва майдончаҳо, насби плитаҳои ПДН, гузоштани сангҳои канори роҳ (бордюр) ва плиткаҳои тротуарӣ машғул хоҳанд шуд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон бо хобгоҳ ва 3 вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Хароҷоти роҳкиро ва патентро ширкат бар дӯши худ мегирад, ба шарте, ки муҳоҷир ҳадди ақал шаш моҳ кор кунад.

Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои зерин бигиред:

221-39-67, 221-39-83

Мобилӣ: +992 930 934 994: | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 55 555 1080

Сокинони дигар минтақаҳои кишвар метавонанд ба намояндагиҳои агентӣ дар суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:

Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633

Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288

ВМКБ: +992 935 101 439

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД