Мехоҳед ба Британияи Кабир, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед?
Орзуи дар Арабистон кор карданро доред?
Дар ҷустуҷӯи ҷойи кори муносибе ҳастед, ки даромади хуб дошта бошад?
Мехоҳед ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед, вале барои харидани чиптаи ҳавопаймо маблағ надоред?
Озурда набошед! Ҳатман нашри навбатии барномаи “Муҳоҷир”-ро тамошо кунед! Ҳуҷаназар Акбаров, Директори Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар барномаи “Муҳоҷир” ба шумо дар бораи роҳҳои осон ва қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия, кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Британияи Кабир ва Мисри араб маълумот медиҳад. Аз ин барнома шумо метавонед дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар давлатҳои хориҷӣ, музди меҳнат ва шароитҳое, ки корфармоёни хориҷӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пешниҳод менамоянд, маълумоти муфассал бигиред.