arzon replenishment
Россия 120 ҳазор тоҷикро ба рӯйхати вайронкунандагони қонун ворид кард
11456

Вазорати корҳои дохилии Россия низоми махсуси депортатсияро роҳандозӣ намуда, зиёда аз 120 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба “Рӯйхати шахсони назоратшаванда” дохил кардааст.

Шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат қарор доранд, бояд то 5-уми феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан онҳо ба таври автоматӣ ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда(депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.

Дар робита бо ин масъала Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон агар шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати мазкур қарор дошта, бо хоҳиши худашон қаламрави Россияро тарк намудаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор доранд, хоҳиш намудааст, ки нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Шумо дорои душаҳрвандӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.

Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.

Рӯйхати шаҳрвандон аз ВМКБ: https://shrtlinks.online/1091d5

Рӯйхати шаҳрвандон аз ш.Душанбе: https://shrtlinks.online/b4ced8

Рӯйхати шаҳрвандон аз в.Хатлон: https://shrtlinks.online/31cd45

Рӯйхати шаҳрвандон аз в.Суғд: https://shrtlinks.online/cda956

Рӯйхати шаҳрвандон аз ШНТҶ: https://shrtlinks.online/68de60

Телефонҳо барои маълумот:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.

Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия:

Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)

1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]

2. Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 [email protected]

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 [email protected]

5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 [email protected]

6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]

Минтақаи Урал

Минтақаи Сибир

Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected]

Минтақаи Приволжск

Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 [email protected]

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

Джонмахмадов Фурузон Фархудинович

+7 (977) 963-25-69 [email protected]

Минтақаи Ҷануб (Краснодар)

Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]

https://mehnat.tj/.../88f15f61-186e-43f0-a051-83f341ca10d5

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД