toyota motors
Туҳмат (ҚИСМИ 1)
110

Рӯзҳои аввали баҳор буд, ки Зафар аз мусофират баргашт. Баҳори он сол барои Гулсанам на бӯйи гул, балки бӯйи ҷудоиву ҳасрат овард.

Зафар, ки панҷ сол дар мусофират барои сохтани кошонаи бахт арақи ҷабин рехта буд, ин дафъа на бо хандаву шӯхиҳои пешина, балки бо нигоҳи сарду лабони баста баргашт. Гулсанам, ки ҳар шом роҳи ӯро мепоид, дар чашмони шавҳараш дигар он шуълаи муҳаббатро намедид. Гӯё дар он дуриҳо касе дар дили Зафар тухми бадгумониро кошта бошад. Зафар гӯё сояи худаш гашта бошад, бо касе лаб ба ханда намекушод ва нигоҳаш ҳамеша дар нуқтаи номаълуме ях мебаст.

Ҳамагӣ бист рӯз аз омадани ӯ гузашта буд, ки ҳамсараш Гулсанам нопадид шуд. Гӯё ин зани зебо ва боиффатро замин фурӯ бурда бошад, ки на дар хонааш буду на дар хонаи падар.

​Хешу табори Гулсанам тамоми деҳа ва атрофро кофтанд. Фарзандони хурдсоли онҳоро бобову бибиашон ба хонаи худ бурданд, зеро ҳолати Зафар ба касе умед намебахшид. Мардум мегуфтанд, ки муҳаббати сӯзони ин ду ҷавон, ки рӯзе вирди забони ҳама буд, оқибат ба ҷунун кашид.

​Зафар аз овони мактабхонӣ шефтаи Гулсанам буд. Ҳарчанд Гулсанам дар аввал ба ҷавони дигаре бо номи Акрам дил баста буду ҳатто миёнашон фотиҳа сурат гирифта буд, вале исрору якравии Зафар ҳамаро тағйир дод. Зафар он вақтҳо ба назди Акрам рафта, бо лаҳни тунду қотеъ гуфта буд, ки агар аз баҳри ин духтар нагузарӣ, оқибати корамон ба хубӣ намеанҷомад. Акрам, ки ҷавони мулоимтабиат буд, аз тарс ақиб нишаст ва фотиҳаро гардонид. Гулсанам аз ин заифии домодшавандааш ба қаҳр омада, пешниҳоди Зафарро қабул кард.

Солҳои аввали зиндагии онҳо мисли афсона гузашт. Зафар дар корхонаи коркарди абрешим мутахассиси хуб буд, вале баъди баста шудани корхона маҷбур шуд роҳи мусофиратро пеш гирад. Панҷ сол пайиҳам мерафту меомад ва ҳар шом бо ҳамсараш аз нақшаҳои оянда мегуфт. Аммо ин дафъа баргаштанаш шубҳаовар буд.

​Кормандони милиса, ки аз гум шудани зан бохабар шуданд, зери лаб мегуфтанд, ки калиди ин муаммо дар дасти худи Зафар аст.

Писарчааш ба бобояш нақл кард, ки падараш баъди аз Русия омадан ҳамеша бо модараш ҷанг мекард ва мӯйҳои ӯро кашида, суханҳои носазо мегуфт.

Зафар бошад, дар бозпурсиҳо танҳо як гапро такрор мекард, ки ман ҳамсарамро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ ба ӯ осеб намерасонам.

​Падари Гулсанам ба ин суханҳо бовар дошт, вале рафтори домодаш дигаргуна буд. Зафар ҳар бегоҳ ба зиёрати қабри падараш мерафт ва бо худ тугунчаи хӯрок мебурд. Ин рафтораш боиси шубҳаи бештар шуд. Як шаби маҳтобӣ кормандони милиса диданд, ки Зафар ба ҷойи қабристон ба сӯйи ҳавлии нимасохти бародари марҳумаш равон шуд. Ӯ оҳиста ба таҳхонаи торику намнок фаромад. ​Вақте кормандони милиса ба таҳхона ворид шуданд, дар кунҷе Гулсанамро диданд, ки болои ҷойнамоз нишаста, дуо мекард. Гулсанам он ҷо дар торикии мутлақ, болои хоки хунук нишаста, танҳо бо Худо роз мегуфт. Ӯ на аз задани шавҳар, балки аз туҳмати ноҳақ мегирист. Ҳар шом, вақте Зафар барояш пинҳонӣ хӯрок меовард, Гулсанам бо садои гиряолуд мегуфт, ки охир маро ба ҷойи куштан, бикушу ин қадар азоб надеҳ, зеро туҳмат аз марг бадтар аст.

Зафар аз дидани кормандони милиса даступохӯрда гашт. Ӯро дастбанд заданд, вале Гулсанам бо фарёди баланду ҷонкоҳ мегуфт, ки ӯро набаред, ӯ гуноҳ надорад, ӯ танҳо аз ишқи зиёд девона шудааст.

Гулсанамро ба хонаи падараш бурданд ва Зафарро ба шуъба. Зан бо ашки резон нақл кард, ки шавҳараш аз рӯзи аввали омаданаш ӯро ба хиёнат муттаҳам карда, зери мушту лагад гирифтааст. Зафар гумон мекардааст, ки Гулсанам дар набудани ӯ бо Акрам вохӯриҳо доштааст.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД