Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз рӯҳияи ошиқона доред ва хотираҳои муносибатҳои гузашта зуд-зуд ба ёд меоянд. Бо вуҷуди ин, мушкилоти корӣ қариб тамоми вақти шуморо мегиранд ва барои оила нерӯ кам мемонад. Дар ҷойи кор эҳтиёткор ва бодиққат бошед, зеро эҳтимоли фитна вуҷуд дорад. Имкони даромади иловагӣ ё пули ғайричашмдошт низ ҳаст. Дар бораи сармоягузории дарозмуддат андеша кунед. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед, бо тақсими дурусти нерӯ ба натиҷаҳои хуб мерасед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар хоҳед муносибати ҷиддӣ барпо кунед, камбудиҳоро ҷустуҷӯ накунед, балки ба хислатҳои хуби шарик диққат диҳед. Муҳаббат ва меҳрубониро ошкоро нишон диҳед, ҷавоби хуб мегиред. Аз қадамҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Дар кор тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад. Пулро сарфакорона истифода баред, ҳатто агар зиёд бошад. Захираи хурд барои рӯзҳои сахт муҳим аст. Асабҳоро эҳтиёт кунед, бештар истироҳат намоед ва бо назари мусбат зиндагӣ кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дӯстдоштаатон метавонад ба соҳаи адабиёт ё илм вобаста бошад. Кӯшишҳои шумо барои беҳтар кардани муҳити оилавӣ имрӯз самара медиҳанд. Ба шиносоӣ ва муоширати нав кушода бошед. Бо ҳамкорон аз ҳад зиёд самимӣ нашавед, зеро касе ҳаст, ки ба боварӣ намеарзад. Ситораҳо барои амалӣ шудани нақшаҳо мусоидат мекунанд. Фаъолият ва хушбинӣ ба муваффақият мебаранд. Машқҳои ҷисмонӣ ва оромиши рӯҳӣ ба шумо фоидаи зиёд мерасонанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ин давра барои муносибатҳои ошиқона хеле мусоид аст, имкониятҳои зиёди шиносоӣ ва ишқбозӣ пайдо мешаванд. Дар ҳаёти шахсӣ оромии муваққатӣ ҳукмфармост ва шумо бештар ба корҳои хона машғул мешавед. Рӯзи хуб барои оғози лоиҳаи нав аст. Нерӯ ва шавқи шумо дигаронро илҳом мебахшад. Дар масъалаҳои молӣ тағйироти калон нест, вале нишонаҳои беҳбудӣ дида мешаванд. Барои истироҳат вақти муносиб нест, фаъолият муҳимтар аст.
Асад (23 июл-23 август)
Вақти он расидааст, ки ба зиндагии худ тағйирот ворид кунед. Шоми ошиқона ё истироҳати дунафариро ба нақша гиред. Ба фикри шарик гӯш диҳед, вагарна нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Дар фаъолияти соҳибкорӣ муваффақият имконпазир аст, шумо пулро дуруст идора мекунед. Қарорҳои ҷасурона натиҷаи хуб медиҳанд. Ба масъалаҳои молӣ ва пешрафти касбӣ вақти зиёд сарф мекунед. Эҳтимоли хастагӣ аст, саломатиро фаромӯш накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ситораҳо дар ҷодаи муҳаббат муваффақиятро ваъда медиҳанд, вале беҳтараш каме дертар фаъол шавед. Бо хешовандон баҳс накунед, зеро ин ба ҳолати рӯҳии шумо таъсири манфӣ мерасонад. Рӯз бо кори зиёд мегузарад, ба ҳуҷҷатҳо ва масъалаҳои молӣ диққат медиҳед. Хасисӣ метавонад бо шарикон ихтилоф оварад, бинобар ин саховатманд бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед: эҳтимоли хастагӣ ва сустӣ вуҷуд дорад. Витамин истеъмол кунед ва реҷаи рӯзро риоя намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ба суханони шахси дӯстдошта хеле ҳассос мешавед. Эҳсосоти худро идора кунед, то баъд пушаймон нашавед. Рӯз метавонад каме душвор бошад, дар муносибатҳо ва муошират мушкилот пеш меоянд. Кӯшиш кунед мавқеи худро мустаҳкам намоед ва фаъол бошед. Ба фикру суханатон аҳамият диҳед, зеро онҳо ба натиҷа таъсир мерасонанд. Масъалаҳои молиро беҳтараш ба таъхир гузоред. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз имкони як саргузашти ошиқона доред, шиносоии тасодуфӣ метавонад ба ишқбозӣ табдил ёбад. Нақшаҳои худро ба дигарон нақл накунед, зеро ҳасадкорон ҳастанд. Корҳои муҳимро ба шахсони номаълум насупоред. Эҳтимоли гирифтани пули ғайричашмдошт вуҷуд дорад - мукофот ё бурд. Ба саломатӣ диққат диҳед, буғумҳоятон ҳассосанд. Беҳтараш бори ҷисмониро кам кунед ва худро эҳтиёт намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз субҳ фикрҳои ошиқона шуморо ҳамроҳӣ мекунанд ва хотираҳои гузашта ором намегузоранд. Барои рафъи ин ҳолат мусиқӣ гӯш кунед ё худро ба корҳои ҷолиб машғул созед. Ба наздикон диққат диҳед, ҳатто агар серкор бошед. Оила бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ бошад. Ба дониш ва таҷрибаи худ такя кунед, имкони пешрафт вуҷуд дорад. Барои натиҷаи хуб фаъол бошед. Аз бори зиёди ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бештар ба масъалаҳои молӣ диққат диҳед, на ба эҳсосот. Дар зиндагии шумо марҳилаи нав оғоз мешавад ва барои он бояд аз фикрҳои кӯҳна даст кашед. Ба чизҳое, ки дигар фоида надоранд, вобастагӣ надошта бошед. Барои эҷодкорон давраи илҳомбахш аст. Вазъи молӣ беҳтар мешавад ва имкони даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Асабҳоятон каме хаста шудаанд, бинобар ин, бештар истироҳат ва хоби хуб зарур аст.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ин давра барои сeҳбатҳои ошкоро ва пайдо кардани роҳи ҳал мусоид аст. Агар худатон мушкил эҷод накунед, рӯз ором ва хуб мегузарад. Шомро ба тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва корҳои кӯҳна бахшед. Андешаи худро озодона баён кунед, дигарон шуморо мефаҳманд. Тағйироти молӣ на ҳамеша манфӣ аст, баъзан имкониятҳои нав меорад. Саломатии шумо хуб аст ва худро пурэнергия ҳис мекунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар муносибатҳои ошиқона каме романтика илова кардан фоидаовар аст. Ба наздикӣ ҳаёти шахсӣ беҳтар мешавад, барои оиладорон хабарҳои хуш дар пеш аст. Агар нақшаҳо тағйир ёбанд, воҳима накунед, шумо роҳи дурустро пайдо мекунед. Вазъи молӣ беҳтар мегардад ва корҳои оғозшуда самара медиҳанд. Пулро оқилона идора кунед. Агар худро хаста ҳис кунед, витамин истеъмол намуда, реҷаи хобро ба тартиб дароред.