toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1240

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз давраи тағйирот оғоз мешавад, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ. Беҳтараш каме маблағ захира кунед, то дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ба мушкил наафтед. Қувваи худро аз ҳад зиёд ҳисоб накунед, зеро хастагӣ ба шумо монеа мешавад. Аз қарз гирифтан ва муомилаҳои пулӣ бо дӯстон худдорӣ кунед. Муоширати зиёдатиро кам намоед. Ба саломатӣ диққат диҳед: машқҳои саҳариро оғоз кунед, зеро ҷисми шумо ба ҳаракат ниёз дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз эҳсосоти худро ошкоро баён карда, бо шарики худ бештар суҳбат намоед. Ин муносибати шуморо мустаҳкам мекунад. Агар мушкиле бошад, онро пинҳон накунед. Пеш аз анҷоми корҳои кӯҳна ба корҳои нав шитоб накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, хароҷотро боақлона ба роҳ монед. Қобилияти пешбинӣ кардани ҳодисаҳо дар шумо зиёд мешавад. Қарорҳои дуруст қабул карда, вазъиятро ба фоидаи худ ҳал мекунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дӯстиро бо ишқ омехта накунед, то баъд аз ноумедӣ ранҷ накашед. Барои наздикон вақт ҷудо кунед, ба кор диққати зиёд надиҳед. Агар аз якрангӣ хаста шуда бошед, каме истироҳат кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, агар нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд, беҳтараш ба духтур муроҷиат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба суханони дигарон зуд бовар накунед ва муносибати худро бо шахси дӯстдошта ҳифз намоед. Рӯзро беҳтараш бо ӯ гузаронед ва масъалаҳои муҳимро оромона баррасӣ кунед. Ба корҳои хона диққат диҳед. Уҳдадориҳо ва қарзҳоро фаромӯш накунед. Кӯшиш кунед, ки рӯзро бо оромии рӯҳӣ ва меҳрубонӣ гузаронед. Дар корҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимол мушкилот пеш ояд. Фикрҳои манфиро дур нигоҳ доред.

Асад (23 июл-23 август)

Ба фикри дигарон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед, имрӯз беҳтараш ба садои дили худ гӯш кунед. Қарорҳои оилавиро мустақилона қабул намоед. Барои ҳалли масъалаҳо усулҳои навро истифода баред. Вазъи молиявӣ метавонад каме беҳтар шавад. Имрӯз барои корҳои зеҳнӣ рӯзи хуб аст, аммо қувваи ҷисмонӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, истироҳат ва нигоҳубини саломатиро фаромӯш накунед. Тағйироти хурд дар хона рӯҳияи шуморо беҳтар мекунад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо як сюрпризи хуш интизор аст. Муносибатҳои ошиқона ба самти хуб рушд мекунанд. Ба наздикон кӯмак кардан лозим меояд, ки ин санҷиши сабру тавоноии шумост. Дар кор мушкилот пайдо мешаванд, вале шахсе пайдо мешавад, ки ба шумо ёрӣ мерасонад. Рӯз барои корҳои тиҷоратӣ ва бастани шартномаҳо мувофиқ аст. Нерӯятон зиёд мешавад ва метавонед нақшаҳои худро бо муваффақият амалӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҷозибаи шумо бештар шуда, таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб мекунед. Муошират бо шахси дӯстдошта ба шумо хушҳолӣ мебахшад. Шиносоиҳои нав метавонанд дар оянда муфид бошанд. Бо наздикон ихтилофҳои хурд имкон доранд, пас сабр кунед ва ба созиш биёед. Аз корҳои душвори зеҳнӣ худдорӣ намоед, беҳтараш ба корҳои оддӣ машғул шавед. Имкони гирифтани даромад ё туҳфа вуҷуд дорад. Аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар атрофатон нафаре аст, ки ба шумо таваҷҷуҳ дорад, вале ҳоло эҳсосоти худро ошкор намекунад. Дар оила мушкилоти молиявӣ метавонад сабаби баҳс шаванд, аз хариди калон худдорӣ кунед. Каме рӯзи серкорӣ аст, бинобар ин беҳтараш ба корҳои оддӣ машғул шавед. Имрӯз барои харид мувофиқ нест. Нерӯи шумо баланд аст ва метавонед корҳои зиёдеро анҷом диҳед, агар дуруст истифода баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муносибат бо шахси дӯстдошта метавонад каме душвор шавад, аммо бо тағйири рафтор онро беҳтар кардан мумкин аст. Имрӯз барои пайдо кардани идеяҳои нав ва оғози корҳои муштарак вақти хуб аст. Ба обрӯи худ зарар нарасонед, аз муносибатҳои махфии корӣ худдорӣ намоед. Баъзеҳо аз оянда нигарон мешаванд, вале вазъи молиявии шумо устувор аст. Қобилиятҳои эҷодӣ ва ҳисси ботинӣ зиёд мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз кӯшиш кунед назари худро зуд тағйир надиҳед ва ба одамон шитобкорона баҳо надиҳед. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта нофаҳмиҳо пайдо шуда метавонанд. Сабаби баҳсҳо бештар масъалаҳои рӯзмарра мешаванд. Сирри худро ба одамони ношинос нагӯед. Аз даромади шубҳанок дурӣ ҷӯед. Корҳоятон осон нахоҳанд буд, вале бо сабр ҳал мешаванд. Ба табиат баромада, каме истироҳат кунед, то қувват гиред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар хоҳед муносибатҳои кӯҳнаро барқарор кунед, омода бошед барои он кӯшиш намоед. Шарики шумо мехоҳад вақти бештарро якҷо гузаронед. Имрӯз барои омӯзиш, муошират ва гирифтани маълумоти нав вақти хуб аст. Қарзро баргардонданро каме ба таъхир гузоред, зеро пул метавонад ногаҳон лозим шавад. Ҳангоми истифодаи техника эҳтиёткор бошед. Машқҳои сабук, шиноварӣ ё йога ба саломатии шумо фоида меоранд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар муносибатҳо бештар созишкор бошед ва танҳо ба фикри худ пофишорӣ накунед. Оиладорон метавонанд масъалаҳои сафар ё хариди калонро баррасӣ кунанд. Аз муоширати зиёдатӣ худдорӣ намоед, то баҳс пеш наояд. Аз одамони танқидгар дурӣ ҷӯед. Имрӯз гирифтани қарз тавсия намешавад, онро ба рӯзи дигар гузоред. Ба саломатӣ диққат диҳед, зеро сарбории ҷисмонӣ метавонад ба сутунмӯҳра таъсир расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД